ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МУШОВИРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
30.01.2025
30 январи соли 2025 вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мушовири байналмилалӣ, докторанти Коллеҷи Кинги Лондон Райгул Какабаева ва намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ натиҷаҳои таҳқиқот оид ба «Таҳлили нақши ниҳодҳои марбутаи соҳаи маориф оид ба арзёбии зинаи таҳсилоти умумӣ» баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ Какабаева Райгул оид ба ҷанбаҳои асосии таҳқиқот, ки дар мусоҳибаҳо бо намояндагони ниҳодҳои калидӣ, аз қабили шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои маориф, инчунин мактабҳо гузаронида шуда буд, маълумоти мухтасар дод.
Ҳамзамон зикр гардид, ки таҳқиқоти дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон ба роҳ мондашуда имкон дод, ки ҷанбаҳои гуногуни низоми назорати сифати таҳсилот фаро гирифта шаванд.
Дар хотимаи сухан Какабаева Райгул иброз намуд, ки натиҷаҳои таҳқиқот дар рушди низоми маорифи миллӣ саҳми арзанда дорад. Дар он на танҳо вазифаҳои асосӣ, балки самтҳои бартарияти такмил додани он низ муайян карда шуд. Ҷанбаи муҳимми тадқиқот омӯзиши нақшҳо, усулҳо ва таҷрибаҳои институтсионалии назорати сифат буд, ки ба таъсиси низоми муассир, шаффоф ва мутобиқати байналмилалии идоракунии маориф мусоидат мекунад.
Вазири маориф ва илм аз корҳои анҷомдода изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навсозӣ ва ислоҳот, ки дар соҳаи маориф нигаронида шудааст, омодааст чораҳои заруриро амалӣ намояд. Ҳамзамон, омодагии кишварро барои иштирок дар таҳқиқоти муқоисавии байналмилалӣ, аз қабили PISA ва PIRLS ёдоварӣ намуданд. Боиси сарфарозист, ки кишвари мо барои ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ саъй мекунад ва аз маълумотҳои таҳқиқотӣ барои муайян кардани масъалаҳои мушкилот дар низоми маориф истифода хоҳад кард. Дар моҳи апрели соли 2025 дар кишвар озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS гузаронида мешавад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Какабоева Райгул иброз дошт, ки Тоҷикистон на танҳо барои бартараф кардани мушкилоти имрӯза, балки барои муваффақ гардидан миёни дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи арзёбии сифати таҳсилот иқтидори назаррас дорад.
Хабарҳои дигар
-
67
31.01.2025 -
111
31.01.2025 -
101
30.01.2025