30.01.2025

 img

Дастовардҳои соҳаи маориф аз Паём то Паём: аз рушди маблағгузории соҳа то қарзҳои имтиёзнок ба омӯзгорон, аз фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо то таъсиси шаклҳои алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ, аз тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ то баланд бардоштани сифати таҳсилот, аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ то татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз бунёди муассисаҳои таълимӣ то бартараф намудани норасоии кадрӣ дар соҳа, аз таҷдиди мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ то таъмини хонандагон бо адабиёти таълимӣ, аз низоми баҳогузории 10-хола то баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳо, аз баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳалли мушкилоти мавҷуда дар суҳбати сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро

 

– Аз суҳбатамон вобаста ба дастоварду мушкилоти соҳа як сол сипарӣ шуд. Дар ин миён, соҳаи маориф ҳамаҷониба рушду такомул ёфт ва ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Аз ҷумла, соли 2024 маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 40 фоиз афзуд. Охири соли сипаришуда Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки боз маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 30 фоиз ва маоши дигар кормандони соҳаи маориф 20 фоиз зиёд карда шавад. Аз ин рӯ, мехостем суҳбатамон аз маблағгузории соҳа ва мунтазам зиёд шудани маоши аҳли маорифи кишвар оғоз ёбад.

 

– Воқеан ҳам, рушду пешрафти ҳеҷ як соҳаро бидуни маблағгузорӣ ба он тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, боиси ифтихору сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамасола маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳимро зиёд намуда истодаанд. Хусусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ 22 маротиба зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф маҳз аз ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти олии мамлакат дарак медиҳад. Дар баробари ин, дар соли2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф10 миллиарду 909 миллиону 495 ҳазору 414 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли2024 2 миллиарду 677 миллион сомонӣ, ё ин ки32,5% зиёд мебошад.

 

Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ 3 майи соли2006, №197 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул шудааст. Дар асоси қарори мазкур ҳамасола барои 333 нафар омӯзгор 2 млн сомонӣ (барои як омӯзгор 6000 сомонӣ) маблағ ҷудо карда мешавад. Дар соли2024 дар асоси дархости раёсату шуъбаҳои маориф барои218 нафар омӯзгор 1 миллиону 308 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шуд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти омӯзгорӣ, таъмини таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бо кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии омӯзгорон аз соли2015 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» қабул карда шудааст, ки тибқи он ба омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ба як воҳиди корӣ(1 ставка) дар се соли аввали фаъолият иловапулӣ ба андозаи 10 фоиз пардохт карда мешавад.

 

– Яке аз самтҳои асосии соҳаи маориф вусъат бахшидани фаъолияти таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот маҳсуб меёбад. Фарогирии кӯдакон, фаъолият ва сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 

– Дуруст аст, ки таҳсилоти томактабӣ аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти соҳаи маориф ба шумор меравад. Зеро он дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши муассир дорад. Ба таври дигар гӯем, маҳз дар ин давра хишти аввали бинои тарбияи шахс гузошта шуда, сохтмони минбаъда аз чӣ гуна гузоштани он вобастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки зинаи томактабӣ зери таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро имрӯз дар ин самти маориф масъалаҳои ҳалталаби зиёде мавҷуданд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷанбаи методӣ бояд таҳким бахшида шавад. Инчунин, биноҳои нав бунёд карда шуда, шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъмин гардад, дар баробари муассисаҳои томактабӣ ташкили шаклҳои алтернативии фарогирӣ вусъат дода шавад, муассисаҳои ғайримақсад истифодашаванда баргардонида шаванд.

 

Бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” илова ворид ва мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар карда шуд. Низомномаи намунавии марказ(гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва дастраси раёсату шуъбаҳои маориф карда шуд.

 

Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли2023 зикр гардидаанд, бо мақсади таҷдиди мундариҷаи таълиму тарбияи томактабӣ ва тадриси забонҳои русиву англисӣ Нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 таҳия гардида, минбаъд фанҳои хештаншиносӣ, забонҳои русиву англисӣ ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад.

 

Ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳои томактабӣ, ки аз замони Шуравӣ амал менамуд, таҷдиди назар, мураббии марказ(гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва омӯзгорони фанҳои забони русиву англисӣ ҳамчун воҳиди алоҳидаи корӣ ворид карда шуданд. Шуруъ аз якуми январи соли2025 омӯзгорони гурӯҳҳои маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо маоши вазифавӣ таъмин ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор мегарданд.

 

Имрӯз теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба744 адад расида, дар онҳо 113 970 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки дар муқоиса ба соли2023 37 муассиса ва9049 нафар кӯдак зиёд мебошад. Ҷиҳати дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дарназди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131317 кӯдак дар 5569 гурӯҳ таъсис дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 503 марказ, 1042 гурӯҳ ва34771 кӯдак зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ245287 нафар ё23,2%-ро ташкил медиҳад.

 

Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон вазорат тасмим гирифтааст, ки шаклҳои алтернативии таълиму тарбияи томактабиро ба роҳ монад. Бинобар ин, барои фаъолияти се шакли алтернативӣ - маркази инкишофи барвақтӣ, гурӯҳи бозӣ ва марказҳои ҳамоҳангсози таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Тартиби ташкил ва фаъолияти шаклҳои алтернативии гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд.

 

Тадбирҳои мазкур барои амалишавии талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то соли2025 ба30% ва то соли2030 ба50% расонидани фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

– Дар суханрониҳои Пешвои миллат масоили омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ пайваста таъкид мегардад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм кадом корҳоро ба сомон расондааст?

 

– Вазорати маориф ва илми кишвар ба масоили мазкур диққати махсус зоҳир менамояд ва баҳри бартараф намудани мушкилоти зикршуда тадбирҳои судманд меандешад. Бояд қайд кард, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 130 732 нафар (86 250 зан) омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас сафарбар гардидаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 3112 нафар омӯзгор зиёд шудааст. Аз шумораи умумии омӯзгорон 100 445 нафар (63 141 зан) –76,8% дорои таҳсилоти олӣ, 6 728 нафар (5 198 зан) –5,1% дорои таҳсилоти олии нопурра ва21 564 нафар(16 269 зан) –17% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

 

Ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ворид шудан ба фазои ягонаи байналмилалии таҳсилоти ҷаҳонӣ Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2024, №240 тасдиқ гардид, ки он барои идоракунии тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои баҳогузорӣ ва арзёбӣ дар соҳаи маориф пешбинӣ шудааст. Бо мақсади амалишавии консепсияи мазкур, лоиҳаи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва нақшаи миёнамуҳлати он барои солҳои 2025-2027 барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

 

Аввалин маротиба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоиши хурди арзёбии байналмилалииPISA-ро гузаронид ва ба даври асосии арзёбии байналмилалӣ, ки соли2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

 

Инчунин, дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим- асоси таҳсилоти босифат» иштироки хонандагони синфи4-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалии PIRLS – (Барномаи байналмилалии сифати хониш ва дарки матн) ба нақша гирифта шудааст, ки он соли2026 роҳандозӣ хоҳад шуд. Аз санҷишҳои нақшавӣ ва ҷамъбасти мониторинги шуъба, бахш ва гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот муайян гардид, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тадриҷан баланд мегардад.

 

Вобаста ба бознигарии стандартҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот аз забонҳои русӣ ва англисӣ бо дарназардошти таълим тавассути матнҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ - шунидан, нутқи шифоҳӣ, хондан ва навиштан як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

 

Ҳамзамон, оид ба ҷавобгӯ набудани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва дар самти таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи стандарт, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва ба талаботи стандартҳои муосир, ниёзу дархости хонандаю ҷомеа мутобиқ ва мувофиқ намудани онҳо китобҳои дарсии забони англисӣ аз синфи3 то11 пурра таҳлилу арзёбӣ карда шуд.

 

Дар самти тарғибу ташвиқи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ дар доираи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои давраи то соли2030 корҳои назаррас низ анҷом дода шудаанд.

 

Ҷиҳати таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бахусус, беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва аз худ намудани фанҳои дақиқ, васеъ намудани тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот вобаста ба иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар ҷумҳурӣ соли 2024 аз 2056 кабинети фаннии банақшагирифташуда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2108 адад кабинет харидорӣ карда шудааст, ки 102,5%-и нақшаро ташкил медиҳад.

 

– Яке аз мушкилоти соҳа нарасидани омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Барои бартараф намудани мушкилоти мазкур чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

 

– Тибқи дархости пешниҳоднамудаи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои кишвар барои соли таҳсили 2024-2025 ба 4301 нафар кадрҳои омӯзгорӣ эҳтиёҷ доштанд, ки аз ин теъдод ВМКБ422 нафар, вилояти Хатлон1085 нафар, вилояти Суғд 995 нафар, шаҳри Душанбе 264 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1535 нафарро ташкил медод.

 

Баҳри бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрҳои ихтисосманд дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм3168 нафар мутахассиси ҷавони равияи омӯзгорӣ ба ҷойи кор фиристода шуданд, ки аз ин теъдод ВМКБ240 нафар, вилояти Хатлон1176 нафар, вилояти Суғд 915 нафар, шаҳри Душанбе 209 нафар ва ШНТҶ628 нафар мебошад. Ба ҳолати 30.12.2024 2031 (64,1%) нафар мутахассиси ҷавон ба ҷойи кор ҳозир гардиданд.

 

Инчунин, тибқи талаботи Тартиби ба таври истисно ба фаъолияти педагогӣ машғул шудани донишҷӯёни курси4-уми ихтисосҳои алоҳида ва ё курси5-уми ихтисосҳои ҳамгирои шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ)-и аз рӯйи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ба таври буҷавӣ (шартномавӣ бо розигии донишҷӯ) таҳсилкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равияи омӯзгорӣ ҷиҳати бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрӣ донишҷӯёни курсҳои 4-5 равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таҷрибаомӯзии дарозмуддат сафарбар карда шуданд.

 

Набояд фаромӯш кард, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 70%-ро занон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, айни замон зиёда аз7000 омӯзгор дар нигоҳубини кӯдак қарор доранд. Аз ин рӯ, новобаста аз он ки дар оғози соли таҳсил ҳамасола эҳтиёҷоти кадрӣ таъмин карда мешавад, аммо бо сабабҳои таваллуд ва нигоҳубини кӯдак, ивази ҷойи зисту касб, беморӣ ва фавт дар давоми соли таҳсил боз эҳтиёҷот ба мушоҳида мерасад.

 

– Мусаллам аст, ки сол то сол бунёди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар зиёд мегардад. Соли 2024 дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чӣ қадар муассисаи нави таълимӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифт ва дар соли 2025 чӣ теъдод муассисаи нави таълимӣ дар асоси нақша ба истифода дода мешавад?

 

– Соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои4 шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва269 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 57 610 ҷойи нишаст дар як баст сохта мавриди истифода қарор дода шуд(соли2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муаcсисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 45564 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуда буд).

 

Айни замон, омори иншооти сохташавандаи соҳаи маориф ҷамъоварӣ гардида истодааст. Дар назар аст, ки соли равон дар қаламравӣ ҷумҳурӣ зиёда аз200 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

– Маълум аст, ки ислоҳот дар соҳаи маориф бомаром идома дорад ва дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Ба андешаи шумо, вазифаҳое, ки дар назди Вазорати маориф ва илм қарор доранд, кадомҳоянд?

 

– Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардиданд, Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдор бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои супориши мазкур тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

 

Ҳамчунин, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва мутобиқ гардонидан ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.

 

Муҳимтар аз ҳама, ҳамаи мо – кормандону алоқамандони соҳаро зарур аст, ки дарзаминаи маорифи миллӣ ва бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои дар самти маориф муваффақ фаъолияти самарабахшро ба роҳ монда, кадрҳои донишманду баландихтисосро тарбия намоем ва Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоем.

 

– Воқеан ҳам, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат ба масъалаи тарбияву ба камол расонидани мутахассисони варзида диққати махсус дода шуд. Дар ин ҷода Вазорати маориф ва илм чӣ тадбирҳои судманд андешидааст?

 

– Пешвои миллат мунтазам ба зинаи таҳсилоти олии касбӣ, махсусан, омода намудани мутахассисони соҳибкасб вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ диққати асосӣ медиҳанд. Вазорати маориф ва илм бо дарки масъулият ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кидар Паёми худ (28.12.2024) дар самти соҳаи маориф ва илм таъкид доштанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуд ва масъулин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани масъалаҳои гузошташуда чораандешӣ доранд. Дар ин замина, 30 декабри соли2024 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон маҷлиси машваратии назди вазири маориф ва илм бо иштироки сохторҳои Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир карда шуд. Дар ҷаласа масъалагузориҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фаъолияти мактабҳои олӣ таъкид гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ва ҷиҳати ҳаллу фасл ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, фароҳам овардани заминаҳои устувор барои ҳарчи зудтар таъмин намудани рушди иқтисоди рақамӣ ва омода кардани мутахассисон қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Новобаста аз он ки дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола корҳои зиёде, аз қабили сохта ба истифода додани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, такмил бахшидани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ, рушди неруи зеҳнӣ, таъмини маводи таълимӣ ва зиёд намудани музди маоши кормандон роҳандозӣ мегарданд, ҳанӯз ҳам фаъолият ва омода намудани мутахассисон талаботи бозори таҳсилотро қонеъ карда наметавонад. Зеро рушди илм, техника ва технологияи пешрафтаи муосир тақозо менамояд, ки суръати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба бозори истеҳсолӣ, саноатикунонӣ, энергетика ва иқтисоди рақамӣ баробар сурат гирад.

 

Албатта, омӯзгор як неруи бузурги бедоркунандаи руҳу зеҳни миллат ба шумор меравад ва ояндаи ҳар як миллат аз партави таълимоти ӯ маншаъ мегирад. Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илм ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосири таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси гурӯҳҳои русиву англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасмим гирифтааст, ки Барномаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмию педагогӣ, Барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва Стратегияи рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таҳия намояд. Дар зимн, низоми рақамикунонии ҷараёни таълимро дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ҷорӣ намуда, кадрҳои ба талаботи рушди иқтисодиёти миллӣ зарурро омода ва ба истеҳсолот сафарбар намояд.

 

– Дар ин замина, мехостем, ки суҳбатамон атрофи масъалагузориҳое, ки дар Паёми Сарвари давлат зикр шуданд, идома ёбад. Таъкид гардид, ки Вазорати маориф маориф ва илм ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад. Дар зимн, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Ба андешаи шумо, барои боз ҳам такмил бахшидани стандарту барномаҳои таълимӣ, маҳорати касбии омӯзгорон ва истифодаи босамари технологияи рақамӣ дар соҳаи маориф кадом корҳоро бояд ба сомон расонд?

 

– Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати такмили стандарту барномаҳои таълимӣ, боло бурдани маҳорати касбии омӯзгорон ва истифодаи самараноки технологияҳо як қатор корҳои муҳим ба сомон расонида шудаанд.

 

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат стандартҳои таълимӣ таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодаанд. Ин стандартҳо ба омӯзиши малакаҳои муосир, аз ҷумла, тафаккури техникӣ, кор бо технологияҳо ва такмили малакаҳои забондонӣ иртиботманд мебошанд. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ стандартҳои таълимии ин фанҳо тибқи низоми байналмилалии STEM таҳия гардида, мутобиқи он китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии насли нав таълиф мешаванд.

 

Нақшаву барномаҳои таълимӣ таҷдид гардида, даронҳо истифодаи усулҳои интерактивӣ ва технологияи рақамӣ ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷорӣ шуда, омӯзгорон бо маводи таълимии замонавӣ таъмин гардиданд.

 

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои омӯзишӣ роҳандозӣ шуданд. Ҳоло омӯзгорон мунтазам аз курсҳои махсус оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва усулҳои нави таълим мегузаранд. Ҷалби коршиносони дохилию хориҷӣ дар ин самт самараи хуб дода истодааст.

 

Маводи муосири таълимӣ, аз ҷумла, китобҳои электронӣ ва барномаҳои таълимии интерактивӣ таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шудаанд. Ҳоло хонандагону омӯзгорон ба ин захираҳо тавассути платформаҳои рақамӣ дастрасӣ доранд.

 

Бо мақсади густариши равандҳои инноватсионӣ, Вазорати маориф ва илм ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ ва бахши хусусӣ вусъат бахшида истодааст. Лоиҳаҳои муштараке, ки бо ин шарикон татбиқ мешаванд, ба рушди маориф мусоидат мекунанд.

 

Ҷиҳати таъмини сифат ва самаранокии ин тадбирҳо, низоми мониторинги пайваста роҳандозӣ гардида, дар асоси натиҷаҳои он камбудиҳо ислоҳ шуда истодаанд.

 

Бо итминон метавон гуфт, ки ин ташаббусҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди маориф ва омодасозии мутахассисони рақобат­пазир мусоидат мекунанд.

 

– Ҳарчанд суҳбати мо дар атрофи дастовардҳои соҳаи маориф аз Паём то Паём аст, аммо дар охир мехоҳем, таваҷҷуҳи шуморо доир ба чанд мушкил, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар баҳс атрофи онҳо сурат мегирад, аз ҷумла, доир ба гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола, паст задани шаъну шарафи омӯзгор, камбудиву норасоии барномаи таълимиву китобҳои дарсӣ ва ҷамъоварии маблағ аз хонандагон бо баҳонаҳои гуногун ҷалб намоем. Аз ин рӯ, ба масъалаҳои мазкур равшанӣ мебахшидед, то аҳли ҷомеа аз воқеят воқиф мегардиданд.

 

– Шоистаи таъкид аст, ки соҳаи маориф тадриҷан рушду такомул меёбад ва ин омил имкону шароит фароҳам меорад, ки маорифи кишвар ба низоми баҳогузории ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм пайваста талош менамояд, ки ҳам заминаҳои моддию техникӣ ва ҳам сатҳу сифати таълим баланд бардошта шавад. Низоми10-холаи баҳогузорӣ баъди омӯзишу таҳлил ва баррасии коршиносон барои маорифи миллӣ муайян карда шуд, ки метавонад ба ҳама амалҳои муҳассилин баҳогузорӣ карда шавад. Бинобар ин, зарур шуморидем, ки баъди озмоиш ин низоми баҳогузориро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намоем. Дар ин замина, ба мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи дониш, малака ва маҳорати амалии хонандагон, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, баҳогузории воқеӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дастурамал ва меъёрҳои баҳогузории 10-хола ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ таҳия гардид. Барои ба таври самаранок амалӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим аз рӯйи низоми баҳогузории 10-хола ва меъёр­ҳои арзёбӣ дар140 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ озмоиш ҷараён дорад.

 

Обрӯю эътибор ва шарафи омӯзгор бояд дахлнопазир бошад, зеро омӯзгорон равшанибахш ва роҳнамои аҳли ҷомеа мебошанд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Бо дастури Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул мегардад, ки дар он вазифаву рисолат ва нақши омӯзгорон дар пешрафти ҷомеа нишон дода мешавад ва дар зимн, аз нигоҳи қонунӣ обрӯю мақом ва шарафи онҳо инъикос меёбад. Инчунин, Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст, дар он дар бораи мақоми омӯзгор ба таври махсус таъкид шудааст. Дар ин самт, аҳли ҷомеа низ бояд дар масъалаи эҳтиром гузоштан ба мақому обрӯю эътибори омӯзгорон талош ва хидмати арзандаи онҳоро дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони варзида қадршиносӣ намоянд.

 

Масъалаи такмили мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ дар меҳвари фаъолияти Вазорати маориф ва илм қарор дорад. Ҳар нигоштаву пешниҳоде, ки аз ҷониби муҳаққиқону мунаққидон ва мактабшиносон доир ба мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ дар воситаҳои ахбори омма, махсусан, матбуот нашр мегарданд, мо мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем ва дар нашрҳои минбаъдаи китобҳо онҳоро ба эътибор мегирем. Дар баробари ин, дар вазорат Шурои миллии таҳсилот фаъолият мекунад ва ҳар китоби дарсӣ пеш аз чоп аз ҷониби олимону муқарризон ва муаллифони китоби дарсӣ мавриди таҳлил қарор дода мешаванд. Аз ин рӯ, тадриҷан китобҳои насли нав такмил ёфтаву ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд.

 

Воқеан ҳам, яке аз мушкилот он буд, ки барои бархе аз фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ китобҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ навишта мешуд. Имрӯзҳо китобҳои дарсӣ аз ҷониби гурӯҳи муаллифон, ки омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ шомиланд, таҳия шуда истодаанд.

 

Вобаста ба масъалаи охир, бояд қайд кард, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, хусусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ҷамъоварии ҳамагуна маблағ дар муассисаҳои таълимӣ манъ аст. Агар нафаре мехоҳад, дар ободонии муассисаи таълимӣ ва ё кори дигари вобаста ба таълиму тарбия саҳм гузорад, танҳо тавассути суратҳисоби муассиса ва ба таври ғайринақдӣ имкон дорад, ки ин амалро анҷом диҳад. Ҳамзамон, дар соҳаи маорифи кишвар низоми сарикасӣ амал мекунад ва дар он маблағ ҳам барои таъмир ва ҳам барои хариди маводи идорӣ(конселярӣ) пешбинӣ шудааст. Дар аксари муассисаҳои таълимӣ ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон фаъолият менамоянд ва иддае аз онҳо худ ташаббус нишон дода, синфхона ё бинои муассисаро рангу бор ё таъмир мекунанд, ки ин амал дар доираи салоҳдиди тарафайн анҷом дода мешавад. Ба истиснои ончи ки гуфтем, агар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағҳо дар муассисаҳо вуҷуд дошта бошад, шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба вазорат муроҷиат намоянд.

 

– Ташакур барои суҳбат.

 

– Саломат бошед.

 

Мусоҳиб Эҳсон САФАРЗОДА,

“Омӯзгор”

  • ТАВАҶҶУҲИ РӮЗАФЗУНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – КАФИЛИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ МАОРИФ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 22 майи соли ҷорӣ раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии ректори муассиса дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоёни абармардони таърих ба мавзеи Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе қадам ранҷа намуданд.   Зимни аёдат иштирокдорон ба оромгоҳ ва манзили абадии Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангиву таърихии миллат Нисор Муҳаммад ташриф оварда, ба хотири гиромидошти хизматҳои арзишманди онҳо дар назди давлату миллат гулчанбар гузоштанд ва бо қироати дуои хайр хотираи неки ин фарзандони содиқи Ватанро пос доштанд.   Ин иқдом ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву миллатсозонаи шахсиятҳои барҷастаи тоҷик амалӣ гардида, ҳамчун нишонаи эҳтиром ба корномаи фарзандони содиқи миллат арзёбӣ мешавад. Ин абармардон дар роҳи ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва таъмини озодиву соҳибистиқлолии кишвар ҷоннисориҳо намуда, бо фаъолияти ватандӯстонаи худ дар саҳифаҳои таърих номи ҷовидона гузоштаанд. Гиромидошти хотираи онҳо на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки омили муҳими тарбияи маънавию ватандӯстии насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.   Қобили зикр аст, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мушт хоки ин фарзандони фарзонаи миллат аз хориҷи кишвар ба Ватан интиқол дода шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ гардид. Ин амал аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дошта, бозгӯи пайванди устувори миллат бо таъриху арзишҳои миллӣ мебошад.   Ҳамзамон, дар ҷараёни маросим хотираи неки чеҳраҳои маъруфи илму адаб, фарҳанг ва маърифати миллӣ низ гиромӣ дошта шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиш ва муаррифии осори гаронбаҳои ин шахсиятҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аҳаммияти хосса дорад.

    61

    22.05.2026
  •  img
    САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИНРО ОҒОЗ БАХШИД Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 11 то 14 майи соли 2026 баргузор гардид, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии сол ба ҳисоб меравад. Ин сафар дар шароите анҷом пазируфт, ки ҷаҳон марҳалаи нави таҳаввулоти сиёсиву иқтисодиро аз сар мегузаронад ва таҳкими шарикӣ бо давлатҳои боэътимод аҳаммияти бештар касб кардааст. Ин сафар идомаи муколамаи сатҳи олӣ байни ду давлати дӯст буда, ҳамзамон ба марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чин оғоз бахшид.   Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамкории судманд, эҳтироми мутақобил ва мувозинат ташаккул ёфта, сиёсати «дарҳои боз» ном гирифтааст.   Ин сиёсат давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамчун механизми муассири таҳкими мавқеи байналмилалии мамлакат хизмат намуда, барои густариши робитаҳо бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки аз баракати соҳибистиқлолӣ ва таҳти роҳбарии оянданигаронаву хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ҷонибдори муколама ва ҳамкории созанда шинохта шуда, мавқеи устувор касб намояд.   Дар меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳои неку ҳамсоягӣ, густариши ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ ва рушди шарикии стратегӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қарор дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ бештар бар асоси манфиатҳои муштарак ва эътимоди сиёсӣ рушд мекунанд, Тоҷикистон талош менамояд бо шарикони худ равобити дарозмуддат ва устувор барқарор намояд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин раванд яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бар асоси эҳтироми мутақобил, эътимоди сиёсӣ ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.   Ҳарду давлат дар масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи наздик дошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамдигарро пайваста дастгирӣ менамоянд. Ин ҳамгироӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини субот, амният ва рушди устувори минтақа мусоидат мекунад. Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории фаъол ва густурда доранд. Маҳз тавассути чунин созмонҳо ду давлат имкон пайдо менамоянд, ки дар ҳалли масъалаҳои мубрами амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ саҳми муассир гузоранд.   Дар шароите, ки муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз печидатар гардида, рақобатҳои геополитикӣ шиддат меёбанд, Тоҷикистону Чин намунаи ҳамкории устувор, мутавозин ва бар пояи эҳтироми мутақобилро пешниҳод менамоянд. Чунин муносибатҳо бозгӯи онанд, ки ҳатто, дар фазои пуртазоди сиёсию амниятии ҷаҳон низ метавон шарикии боэътимод ва созандаро ҳифз намуд.   Дар доираи сафари давлатӣ Пешвои миллат ба шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин сафар намуда, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми давлатӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузории Чин мулоқоту музокироти судманд анҷом доданд. Баргузории чунин мулоқотҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо ба густариши ҳамкории иқтисодиву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.   Натиҷаҳои ин сафари давлатӣ воқеан муҳим ва таърихӣ арзёбӣ гардида, санадҳои баимзорасида ба муносибатҳои ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд. Аз рӯйи натиҷаи музокирот беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, 31 санади байнидавлатӣ ва байниидоравӣ самтҳои калидии муносибатҳои ду давлатро фаро мегиранд.   Дар байни санадҳои баимзорасида Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин Изҳороти муштарак оид ба таъмини шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар даврони нав аҳаммияти махсус доранд. Қабули чунин санадҳои бунёдӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин хусусияти дарозмуддат ва стратегӣ гирифтааст. Ин санадҳо заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро таҳким бахшида, аз иродаи қавии сиёсӣ барои густариши ҳамкории дарозмуддат шаҳодат медиҳанд.   Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ, ки дар фазои самимӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз нақши бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ёдоварӣ намуда, иброз доштанд: «Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад. Имсол 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад.   Ҳамчун шахсе, ки шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистонро дар давраи нав пешбарӣ кардааст, имрӯз ба Шумо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дода шуд. Ин эҳтиром ва дӯстии амиқеро, ки мардуми Чин нисбат ба Шумо ва тамоми миллати тоҷик доранд, инъикос мекунад.   Дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ ҷаҳони муосир аз субот дур аст, аммо новобаста аз тағйирот дар муҳити беруна, Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва дар руҳияи кумаки мутақобил, эътимод ба ҳамдигар ва рушди муштарак боқӣ мемонанд.   Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо Шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем».   Ин суханони самимӣ бозтоби эҳтироми шахсӣ ба Пешвои миллат буда, ифодаи муносибати хоси роҳбарияти Чин нисбат ба Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Чунин баҳои баланд аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин — роҳбари яке аз давлатҳои бузурги ҷаҳон аз нуфуз ва мавқеи устувори байналмилалии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз дар доираи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ босуръат рушд карда, ба манфиатҳои мардумони ҳарду давлат ҷавобгӯ мебошанд. Муҳим он аст, ки ин ҳамкорӣ танҳо хусусияти сиёсӣ надошта, ба беҳбуди сатҳи зиндагии мардум низ таъсири мустақим мерасонанд. Дар солҳои охир Чин ба яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият менамоянд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои пураҳаммияти иқтисодӣ саҳми назаррас доранд.   Ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои сохтмони роҳу нақбҳо, энергетика, саноат, коммуникатсия ва технологияҳои нав ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Ин инфрасохторҳо барои рушди минтақаҳо, афзоиши имконияти тиҷоратӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти калидӣ доранд.   Дар баробари ҳамкории иқтисодӣ ҷонибҳо ба рушди илму маориф, технология ва инноватсия низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин омил нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин танҳо ба манфиатҳои кӯтоҳмуддати иқтисодӣ маҳдуд набуда, ба рушди дарозмуддати захираҳои инсонӣ низ равона шудаанд. Маҳз ҳамин самтҳо дар ҷараёни сафари давлатӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Яке аз рӯйдодҳои муҳимми сафар сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии Донишгоҳи Пекин буд. Ин рӯйдоди фараҳбахшу пурифтихор барои ҷомеаи илмӣ ва академии Тоҷикистон низ аҳаммияти рамзии бузург дорад. Ин қадрдонӣ нишонаи эҳтироми ҷомеаи илмии Чин ба саҳми Роҳбари давлати Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим мебошад.   Суханронии Пешвои миллат дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Пекин аҳаммияти бузурги сиёсиву маърифатӣ дошт. Аз ҷумла, Роҳбари давлат чунин изҳор доштанд: «Тавре ки маълум аст, робитаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ дар ҳар давру замон ба қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидат кардаанд».   Ҳамчунин зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо масъалаи рушди неруи инсонӣ омили аслии рақобатпазирии давлатҳо ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон рушди неруи инсониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад. Бо назардошти он ки беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва азхудкунии технологияҳои муосир аҳаммияти калидӣ касб мекунад. Ояндаи иқтисод ва рақобатпазирии кишвар низ маҳз ба сатҳи дониш ва малакаи насли ҷавон вобаста мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, илм ва технология босуръат густариш меёбад.   Имрӯз қариб шаш ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил намуда, зиёда аз даҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишварро хатм кардаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз густариши бештари робитаҳои илмиву таълимии ду кишвар дарак медиҳанд. Аксари онҳо дар самтҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳсил менамоянд, ки ин раванд аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба донишҳои муосир ва технологияҳои пешрафта шаҳодат медиҳад.   Барои мо – аҳли маориф ва илми мамлакат басе хурсандибахш аст, ки дар доираи сафари давлатӣ якчанд санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, ки дар шароити имрӯз бисёр саривақтӣ ва зарур шуморида мешаванд. Татбиқи чунин санадҳо метавонад дар рушди иқтидори илмӣ ва технологияи миллӣ заминаи воқеӣ гузорад.   Имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои калидии рушди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Давлатҳое, ки тавони истифода ва технологияҳои рақамиро доранд, дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи устувортар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ин бахш метавонад барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, мубодилаи кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва таҳкими иқтидори илмии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.   Ҳамчунин имзои санадҳои марбут ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъӣ, Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзӣ, густариши мубодилаҳои илмӣ ва рушди Институти Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомҳои шоиста ба ҳисоб мераванд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ махсус таъкид карданд, ки марказҳои Конфутсий дар Тоҷикистон дар омӯзиши забони чинӣ ва муаррифии фарҳанги Чин саҳми арзишманд доранд. Омӯзиши забон имрӯз яке аз воситаҳои асосии густариши робитаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ ба шумор меравад. Имрӯз дар 13 донишгоҳи Тоҷикистон омӯзиши забони чинӣ ба роҳ монда шуда, 10 муассисаи таҳсилоти олии кишвар аъзои шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.   Дар баробари ин, роҳбарияти олии ду давлат ба густариши мубодилаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин раванд барои наздикшавии мардумон ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ аҳаммияти муҳим дорад. Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои зиёд намудани бурсияҳои таҳсилотии Чин барои ҷавонони тоҷик, махсусан дар самтҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ иброз дошт.   Ҷанбаи дигари муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Чин ба рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ вобаста мебошад. Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ чунин таҳқиқот аҳаммияти байналмилалӣ низ доранд. Ду кишвар метавонанд дар соҳаҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, бостоншиносӣ ва омӯзиши мероси фарҳангӣ ҳамкории муассир дошта бошанд, зеро рушди фаъолияти якҷоя дар ин самтҳо барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги табиӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд.   Дар суханронии Пешвои миллат ба робитаҳои таърихии мардумони ду давлат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ёдоварӣ аз чунин саҳифаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки дӯстии Тоҷикистону Чин танҳо маҳсули даврони муосир нест. Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи тоҷикону чиниҳо аз даврони «Роҳи бузурги абрешим» сарчашма гирифта, таърихи чандинҳазорсола доранд. Ҳуҷҷатҳои қадимии суғдие, ки соли 1907 дар Девори бузурги Чин кашф шудаанд, далели равшани робитаҳои фарҳангиву иқтисодии ду халқ ба шумор мераванд.   Ин воқеият гувоҳи он аст, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин танҳо бар манфиатҳои имрӯз асос наёфта, балки дорои решаҳои амиқи таърихиву тамаддунӣ мебошад. Маҳз ҳамин заминаи таърихӣ барои рушди муносибатҳои устувор ва дарозмуддати ду кишвар нақши фаъол мебозад.   Муносибатҳои ду давлат, бахусус дар соҳаҳои илму маориф ва технология барои тарбияи насли нави мутахассисони соҳибмаърифат, рушди иқтисоди донишбунёд ва таҳкими иқтидори илмии Тоҷикистон аҳаммияти бузург доранд. Дар ҷаҳоне, ки рақобат бештар бар сари дониш, технология ва неруи инсонӣ ҷараён мегирад, маҳз чунин ҳамкорӣ метавонанд ояндаи устувор ва пешрафтаи миллатҳоро таъмин намоянд.   Дар маҷмуъ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳифаи нави муносибатҳои ду давлатро боз намуд. Натиҷаҳои ин сафар нишон доданд, ки Тоҷикистону Чин ба густариши ҳамкории фарогир ва дарозмуддат иродаи комил доранд. Имрӯз Тоҷикистону Чин ду давлати бо ҳам дӯст, ҳамсоя ва шарикони воқеии стратегӣ мебошанд, ки ҳамкории худро бар пояи эътимод, эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои муштарак густариш медиҳанд.   Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    69

    22.05.2026
  •  img
    ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ЗАНОН “САРВАР” БО ФАЪОЛИЯТИ ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Маркази таълимии занон “Сарвар” ба бинои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти мақоми олии қонунгузори кишвар аз наздик шинос шуданд.   Дар доираи ин боздид вохӯрии самимӣ ва судманд бо муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума ва вакилон Нилуфар Имомзода, Ҷамила Мусоҷонзода ва Ҳусния Исҳоқӣ баргузор гардид.   Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҷомеа, мақому манзалати занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Таъкид гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон, бахусус духтарону бонувон, тамоми шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, фаъолияти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар фароҳам оварда шудааст. Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамзамон ҷавононро ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеа ҳидоят намуданд.   Донишҷӯён аз имконияти фароҳамшуда барои шиносоӣ бо фаъолияти Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба ҷавонон ва ташкили чунин мулоқоту экскурсияҳои маърифатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

    66

    22.05.2026