04.09.2026
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 баъд аз таъмири асосӣ бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мазкур нахустин маротиба соли 1956 сохта ба истифода дода шуда, дар тӯли фаъолияти чандинсола ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими таълимии ноҳия дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани шогирдони соҳибмаърифату соҳибкасб нақши муҳим гузоштааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва мутобиқ намудани муҳити муассиса ба талаботи муосири соҳаи маориф, соли равон бинои муассиса бо ташаббуси собиқ хатмкунандагони он аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда бино ва синфхонаҳои муассиса ба таври муосир навсозӣ гардида, шароити зарурӣ барои гузаронидани дарсҳо ва фаъолияти самараноки омӯзгорон фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, муассиса бо мизу курсӣ, тахтаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурии таълимӣ пурра таъмин гардид.
Зимни боздид аз муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе пайваста идома дорад.
Саҳми собиқ хатмкунандагони муассисаи таълимӣ дар таъмиру навсозии бинои мазкур намунаи хуби эҳсоси масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба мактабу омӯзгор мебошад. Зеро маҳз мактаб ҳамчун даргоҳи илму маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, дониш ва маърифати насли наврас нақши калидӣ дорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои таъмиршудаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсил ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои хонандагону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин иқдом дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ба шумор меравад.