03.09.2026

 img

1 сентябри соли 2026 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҳти унвони «Рӯзи дониш – оғози роҳи маърифат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

 

Конференсияро директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, номзади илмҳои техникӣ Ниёзӣ Сиродҷиддин ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик гуфт.

 

Мавсуф зимни суханронӣ ба нуктаҳои меҳварии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 31 августи соли 2026 ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ироа гардид, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Сарвари давлат мақому манзалати илму дониш ва нақши маорифро дар таъмини ояндаи давлату миллат хеле баланд арзёбӣ намуда, иброз доштанд: «Миллати мо ҳанӯз аз аҳди бостон илм, маърифат ва китобро чароғи зиндагӣ, асоси давлатдорӣ ва сарчашмаи пешрафти ҷомеа медонист».

 

Зимни шарҳи ин нуктаи муҳим таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир Рӯзи дониш танҳо оғози соли нави таҳсил набуда, балки рамзи арҷгузорӣ ба илм, маърифат, омӯзгор ва фарҳанги донишандӯзии миллати тоҷик мебошад.

 

Дар бахши маърузаҳои илмӣ Амонов Салоҳиддин, номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи коркард, татбиқи технологияи инноватсионӣ ва таҳсилоти фосилавии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар мавзуи «Маориф дар меҳвари рушди миллӣ: дастовардҳо, мушкилот ва вазифаҳои марҳалаи нав» маъруза намуд. Зимни маъруза дастовардҳои соҳаи маориф, масъалаҳои мавҷуда, зарурати татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва вазифаҳои афзалиятноки марҳалаи нави рушди таҳсилот мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

 

Ҳамчунин, Бобоева Маҳина, номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, бозигарӣ ва таҳкими стандарт, бо маъруза баромад намуда, масъалаҳои рушди таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, такмили сифати таълиму тарбия, мазмуну муҳтавои таҳсилот ва татбиқи талаботи стандартҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Рушди таҳсилоти томактабӣ дар ҷараёни конференсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии маориф мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Дар ин замина таъкиди Пешвои миллат ёдоварӣ гардид, ки «таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ зинаи муҳимтарин барои ояндаи онҳо ба шумор меравад».

 

Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён доир ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, тақвияти корҳои илмиву таҳқиқотӣ, таҳияи технологияҳои инноватсионии таълим ва пайванди натиҷаҳои илмӣ бо амалияи педагогӣ аз вазифаҳои муҳимми аҳли илм ва маориф ба ҳисоб меравад.

 

Конференсияи «Рӯзи дониш – оғози роҳи маърифат» бори дигар собит намуд, ки арҷгузорӣ ба илму дониш, рушди тафаккури илмӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат заминаи устувори пешрафти ҷомеа ва ояндаи давлат мебошад.

  • РӮЗИ ДОНИШ – ОҒОЗИ РОҲИ МАЪРИФАТ img
  • РӮЗИ ДОНИШ – ОҒОЗИ РОҲИ МАЪРИФАТ img
  • РӮЗИ ДОНИШ – ОҒОЗИ РОҲИ МАЪРИФАТ img
  • РӮЗИ ДОНИШ – ОҒОЗИ РОҲИ МАЪРИФАТ img
  • РӮЗИ ДОНИШ – ОҒОЗИ РОҲИ МАЪРИФАТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ БАХШИ МАОРИФИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН 2 сентябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мудири бахши маорифи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Наоко Хосака вохӯрӣ анҷом дод.   Дар вохӯрӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ» назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муовини директори марказ, сардори раёсати таҳсилоти касбии марказ, сармутахассиси ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва мушовири миллӣ оид ба такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ иштирок намуданд.   Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ, бозбинии барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои омӯзгорӣ, таҳкими ҷанбаҳои амалии омодасозии донишҷӯён ва татбиқи модели нави таҷрибаомӯзии педагогиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Муовини вазир зимни суҳбат таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои педагогӣ аз самтҳои муҳимми рушди низоми маориф ба ҳисоб рафта, мутобиқ намудани мазмуну муҳтавои барномаҳои таҳсилотӣ ба талаботи муосири касби омӯзгорӣ ва эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ аҳаммияти хосса дорад.   Дар ин замина масъалаҳои ташаккули салоҳиятҳои касбӣ, методӣ, рақамӣ, таҳлилӣ ва иҷтимоии омӯзгорони оянда, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, арзёбии натиҷаҳои таълим, таҳияи маводи таълимӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати тақвияти ҷанбаи амалии омодасозии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогиро муҳим арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки пайванди донишҳои фаннӣ, педагогӣ, психологӣ ва методӣ бо фаъолияти амалии донишҷӯ дар муассисаи таълимӣ барои ташаккули омодагии воқеии касбии омӯзгори оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.   Дар идомаи мулоқот ба масъалаи татбиқи модели нави таҷрибаомӯзии педагогӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ бояд ба иштироки фаъоли донишҷӯ дар банақшагирӣ ва гузаронидани дарс, таҳияи маводи таълимӣ, арзёбии дастовардҳои хонандагон, таҳлили натиҷаҳо ва худбаҳодиҳии фаъолияти касбӣ мусоидат намояд.   Ҳамзамон нақши омӯзгори роҳнамо дар раванди таҷрибаомӯзӣ муҳим арзёбӣ гардид. Пешниҳоди машварату дастгирии мунтазам, таҳлили фаъолияти педагогии донишҷӯ ва муайян намудани самтҳои такмили маҳорати касбӣ метавонад ба рушди устувори омӯзгори оянда мусоидат намояд.   Ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъкид намуда, чунин ҳамкориро барои наздик намудани мазмун ва раванди омодасозии омӯзгорон ба талаботи воқеии муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ карданд.   Наоко Хосака омодагии ЮНИСЕФ-ро барои идомаи ҳамкории судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ, рушди таҷрибаомӯзии педагогӣ ва дастгирии ташаббусҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот изҳор намуд.   Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои мавҷударо мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи корҳои муштарак, табодули таҷриба ва таҳияи механизмҳои муассири татбиқи ташаббусҳои пешбинишуда баён доштанд.

    15

    03.09.2026
  •  img
    Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.   Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.   Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд.   Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.   Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.   Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи  вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

    50

    02.09.2026
  •  img
    Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.   Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир  таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст.   Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.   Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.   Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад. Ин равиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд.   Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпарронӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад.   Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.   Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносиб барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд.   Толори барҳавои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпарронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят карда шуданд.

    47

    02.09.2026