Мулоқот бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун

28.09.2024

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.

 

Сарвари давлат баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

Президенти кишвар таъкид карданд, ки неругоҳи “Роғун” барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо “Роғун”-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем.

 

Ба таъкиди Президенти кишвар ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад.

 

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар назди коргарону мутахассисони неругоҳ вазифа гузоштанд, ки ҷараёни корҳои сохтмон бо истифода аз шароиту имкониятҳои иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ тезонида шуда, иншоот бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018 - 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.

 

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.

 

Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.

 

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 адад расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 - 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шуд.

 

Бунёди неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудааст, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад ва қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси пайдо шудани монеъа дар кори дигар самтҳо мегардад.

 

Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки фармоишгар - Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии Роғун” ва пудратчиҳо ширкатҳои “Трактебел”, “Вибилд”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, “Тунел Садди Ориёно” ва “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак ташкил ва таъмини босуботи ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо боз ҳам беҳтар танзим ва ҳамоҳанг созанд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун”, таъмин намудани сифати онҳо ва ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ дар назди Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмону баистифодадиҳии иқтидорҳои “Неругоҳи барқи обии Роғун”, Вазорати молия, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба коргарони неругоҳ барои расидан ба рӯзҳои боз ҳам беҳтару босаодат саломатӣ ва барори кор орзу намуданд.

 

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи  “Неругоҳи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода, Намояндаи Ширкати “Вибилд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фабио Гуэрино, Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Иқбол Сафаров, Директори Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмон дар Неругоҳи обии Роғун ба Сарвари давлат гузориш доданд.

  • Мулоқот бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун img
  • Мулоқот бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун img
  • Мулоқот бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун img
  • Мулоқот бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун img
  • Мулоқот бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун img
  • Мулоқот бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АПЕЛЛЯТСИЯ: ҲАДАФ ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и шаҳри Душанбе барои иштирокдорони даври ҷумҳуриявии озмуни "Маърифати ҳуқуқӣ - ойини худшиносӣ" марҳилаи апеллятсионӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён имкон доштанд, ки аз рӯйи масъалаҳои мураккаб ва қарорҳои ҳакамон шикоят кунанд.   Ин марҳила барои бисёре аз иштирокдорон муҳим буд, зеро он ба онҳо имкон дод, ки ҷавобҳои худро аз нав дида бароянд ва дар назди коршиносон оид ба асосҳои овардаи худ баҳс кунанд. Мутахассисон ҳар як далелро бодиққат гӯш карда, далелҳои пешниҳодкардаи иштироккунандагонро аз назар мегузаронданд. Қарорҳо дар асоси таҳлили объективӣ ва риоя ба меъёрҳои адолат бароварда шуд.

    36

    28.09.2024
  •  img
    ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД Омӯзгори фанни биологияи Муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Дилором Ҷалолова ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.   Имрӯз, 28-уми сентябри соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода озмуни мазкур ҷамъбаст шуда, ғолиб эълон гардид.   Ҳамчунин, иштирокчиёни озмун – Беҳрӯз Мамаднасимов ва Наргис Ширматова бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Зебунисо Қосимова ва Гулнора Сулейманова бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.   Озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ҳамасола бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида мешавад.   Дар озмун иштирокчиён аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ва тахтаи электронӣ ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон дода, барои ғолибият сабқат карданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    35

    28.09.2024
  •  img
    СУХАНОРОИ МУРОДБЕГ - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» Имрӯз, 27 сентябри соли 2024 бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст шуда, мураббияи Муассисаи давлатии таълимии томактабии №16 ба номи “Ситора”- и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Суханорои Муродбег ғолиби озмун эълон гардид.   Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» 5 довталаб аз муассисаҳои томактабӣ - Фирӯза Ғаюрова аз шаҳри Душанбе, Дилором Ёрова аз ноҳияҳои тобеи марказ, Мунира Раҳмонова аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Малика Шарипова аз вилояти Суғд ва Суханорои Муродбег аз вилояти Хатлон миёни ҳам сабқат намуданд.   Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол» ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ, нишон додани афзалиятҳои таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эъҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалаташ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.   Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯйи шаш шарт - муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ - педагогӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро санҷиданд.   Ба панҷ нафар иштирокчии даври ниҳоии озмун дар Рӯзи омӯзгорон нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    69

    27.09.2024