07.08.2025

 img

Муқаддима

Бо ташаббусу дастгириҳои пайвас­таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамаҷониба рушду пешрафт кард. Шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ бештар гардидааст, зеро маориф омили ҳастии миллат ва пояи устувори иқтисоди кишвар мебошад. Бинобар ин, сарчашмаи асосии пешрафти тамоми соҳаҳо аз маориф оғоз меёбад ва муҳим аст, ки аҳли маориф аз имконоту шароит самаранок истифода намуда, низоми маорифро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонанд. Дар ин миён, донистани техникаву технология ва татбиқи зеҳни сунъӣ аз масоили умдаи тайёр намудани мутахассисон маҳсуб меёбад. Зарурати омӯзиши технологияи муосир ва истифодаи он дар раванди таълим имкон медиҳад, мутахассисоне омода гарданд, ки ба рушди саноат, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф, илм ва дигар соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшанд.

 

Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф

Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба шаҳру навоҳии кишвар ҳатман бо аҳли маориф мулоқоту суханронӣ анҷом дода, чандин муассисаҳои нави таълимиро мавриди истифода қарор медиҳанд. Танҳо дар сафарҳои кории охири Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳама бештар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ин омил далели равшан аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар зимн, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳама бештар соҳаи маориф маблағгузорӣ гардидаву муассисаи таълимии зиёд сохта ва ба истифода дода шуданд. Мусаллам аст, ки омода намудани насли созандаву бунёдкору донишманду навовар аз шароити таълим вобаста аст ва дар ин бобат имконоти мусоид дар ихтиёри устодону омӯзгорону муҳассилин қарор дорад. Таҳлили таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит менамояд, ки танҳо бо неруи илмӣ ва мутахассисони тавоно метавон, аз як ҷониб, арзишҳои миллию давлатиро ҳифзу гиромӣ дошт, аз ҷониби дигар, ба пешрафти чашмгири иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд. Пешвои миллат бамаврид таъкид кардаанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

 

Сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф бештар ва маоши омӯзгорон зиёд мегардад. Аз моҳи сентябри соли 2025 ба андозаи 30 фоиз маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ба андозаи 20 фоиз маоши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ зиёд мегардад. Вазъи иҷтимоии ин қишри ҷомеа пайваста аз ҷониби Ҳукумати кишвар беҳтар мешавад. Дар баробари ин, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҷойгоҳи онҳо ба таври шоиста баланд хоҳад шуд. Ҳадаф аз тадбирҳои андешидашуда, беҳтар гардондани таълиму тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони варзида мебошад, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд ва ин рисолатро дар сатҳи баланд танҳо устодону омӯзгорон ба таври шоис­та анҷом медиҳанд.

 

Пешрафти саноат

Мусаллам аст, ки ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки он имкон медиҳад, Тоҷикистон аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил ёбад. Дар сафарҳои кории Пешвои миллат ба гӯшаву канори мамлакат корхонаҳои нав мавриди истифода қарор мегиранд, ки ба таври мукаммал бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Замоне фаро расидааст, ки ҷанбаи истеҳсолии иқтисодиётро густариш бахшид ва дар бозорҳои байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намуд. Муҳаррики асосии иқтисодиёт саноат ва истеҳсолот мебошад. Ба ин мазмун, дар чанд соли охир даҳҳо корхона ба истифода дода шуд, ки дар онҳо мутахассисони дохиливу хориҷӣ фаъолият доранд. Дар ин самт, тайёр намудани мутахассисони варзида ва бархӯрдор аз технологияи замон муҳимтарин вазифа маҳсуб меёбад.

 

Роҳандозии таҳсилоти дуалӣ дар мактабҳои олӣ пайванди таълим ба истеҳсолотро ҳамоҳанг намуда, қадами устувор дар ин ҷода ба ҳисоб меравад. ­ Имрӯз дар аксари мактабҳои олӣ­ раванди таълими дуалӣ дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст ва бояд ин раванд вусъат бахшида шавад. Таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон собит намудаанд, ки танҳо сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ ҳамон вақт манфиатбор хоҳад буд, ки он дар истеҳсолот татбиқшаванда бошанд. Дар ин замина, бояд тамоми ихтисосҳо мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, мутахассисоне омода карда шавад, ки кишвари мо ба онҳо дар навбати аввал эҳтиёҷ дорад.

 

Ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба зеҳни сунъӣ

Шоистаи таъкид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо камоли дурандешӣ ба мушкилоти замони муосир таваҷҷуҳ мекунанд ва масоилеро ба миён мегузоранд, ки барои тамоми инсоният мубраму зарурӣ мебошанд. 25 июли соли 2025 қабул гардидани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз муҳимтарин ташаббусҳои Сарвари давлат мебошад. Ин падидаи нави технологӣ ба таври чашмгир дар тамоми ҳаёти инсоният ворид гардида истодааст ва барои минбаъд роҳи раҳоӣ вуҷуд надорад ва танҳо бо он бояд мутобиқ гардиду пешрафт кард. Ин ташаббуси муҳимми Сарвари давлат бе ҳадаф нест, зеро агар мо, яъне, кишварҳои минтақа ба ин омил мутобиқ нашавем, имкони рушди устувор дар ояндаи наздик вуҷуд нахоҳад дошт. Зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт таъсиргузор буда, дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои минтақа метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тиб, ҳарбӣ, амният ва амсоли инҳо ба таври рӯзафзун корбаст шуда истодааст ва маблағгузорӣ ба ин соҳаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле зиёд гардидааст. Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе қадами устувор барои рақобатпазир гардидан дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.

 

Бояд қайд кард, ки дар кишвар мактаби олӣ, кафедраву ихтисосҳо вобаста ба тайёр намудани мутахассисони зеҳни сунъӣ таъсис дода шудаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки машғулиятҳо дар доираи барномаҳои сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ гарданд ва шароиту имконот низ бояд мутобиқ ба сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шавад, то мутахассисон тавонанд бо коркарди барномаҳои муҳим дар доираи зеҳни сунъӣ ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшанд. Дар баробари ин, Тоҷикистон аввалин кишвар дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар зерсохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нав Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода шуда, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба тасвиб расид. Дар он ба таври дақиқ корҳое, ки бояд анҷом дода шаванд, мушаххас гардидаанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар чанд сафари охир ба шаҳру навоҳии мамлакат чандин маркази зеҳни сунъиро ба истифода доданд, ки раванди мазкур қадами устувор дар ин ҷода ба ҳисоб меравад.

 

Ҳамчунин, бояд мавзуъҳои таҳқиқӣ низ ба замон мутобиқ карда шаванд ва он масъалаҳое мавриди пажуҳиш қарор дода шаванд, ки ҳам ҷанбаи амалии татбиқшаванда дар истеҳсолот ва ҳам ҷанбаи технологӣ дошта бошанд, зеро рисолати илм неруманду пурқудрат намудани кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

 

Хулоса

Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз то рӯз рушд мекунад ва имконоти муҳим барои муҳассилин дар тамоми муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар намоем, раванди бунёдкориҳо вусъат гирифта, мардум бо дасту дили гарм барои ободонии кишвар заҳмат мекашанд, ки дар ин миён, муассисаҳои таълимӣ истисно нестанд. Ин ҳама ба маърифатманду навовару эҷодкор гардонидани наврасону ҷавонон равон гардидааст. Аз ин рӯ, аҳли маорифро мебояд, боз ҳам ҷиддитару амиқтар ба таълиму тарбия машғул гарданд ва рисолати хешро дар сатҳи баланд анҷом бидиҳанд.

 

Аз ҷумла, омӯзгоронро зарур аст, ки аз зинаи аввали таҳсил ҳисси эҷодкориву навовариро дар ниҳоди муҳассилин бедор намоянд, ки ин омил дар заминаи омӯзиш ба вуҷуд меояд. Бо дастури Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардиданд, ки аз як тараф, ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ мегардонад, аз ҷониби дигар, тахайюлоти онҳоро ғанӣ месозад ва дар ин замина, ихтироъкориву навоварӣ низ дар онҳо рушду такомул меёбад.

 

Пайдост, ки ташаккули ҷавонон дар мактаби олӣ сурат гирифта, онҳо ҳамчун мутахассис ба камол мерасанд. Дар ин самт, бояд дарсҳо дар мактабҳои олӣ низ бо истифода аз технологияи замонавӣ ба роҳ монда шаванд ва ҷанбаи амалии машғулиятҳо бештар гардад. Махсусан, дар самти тайёр намудани мутахассисони зеҳни сунъӣ устодону омӯзгороне ба тадрис машғул гарданд, ки дар самти зеҳни сунъӣ маҳорату малакаи баланд дошта бошанд ва ин падидаи замонро дар зеҳну шуури муҳассилин ворид карда тавонанд.

 

Назорати раванди таҳсилоти дуалӣ бояд ба таври ҷиддӣ амалӣ карда шавад, зеро таъмини корхонаҳо ба мутахассисони варзида танҳо дар ҳамоҳангии назария бо амалия сурат мегирад.

 

Талошу пайкори Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва дар ин замина, мусоидат ба пешрафти иқтисодиёти миллӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ, мо-омӯзгорон бояд ташаббусу дастгириҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем ва бо роҳандозии дарсҳои ҷолибу омӯзанда, тайёр намудани мутахассисони варзида ва тадриҷан амалӣ намудани навовариҳо, аз ҷумла, татбиқи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо талош намоем. Дар ин самт, метавонем ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардем, зеро ба ин мақсад, тамоми имконот муҳайё карда шудааст.

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

  • Нақши Пешвои миллат дар рушди маориф, саноат ва зеҳни сунъӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ 16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.   Нахуст Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ҳамоиш изҳори сипос намуданд.   Таъкид гардид, ки ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди устувор ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ба шумор меравад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ин раванд мо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор, ташаккули заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешем.   Ба таъкиди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва як қатор санадҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 қабул гардидаанд.   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст, ки дар миёни онҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ҷойгоҳи хос дорад.   Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои ҳифзи намудҳои нодири флора ва фауна, ки зери хатари нобудшавӣ қарор гирифтаанд, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.   “Дар баробари тадбирҳои миллӣ, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи намудҳои нодир аҳаммияти махсус медиҳад”, - изҳор доштанд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 майро Рӯзи байналмилалии морхур эълон намуд, ки ба нигоҳдорӣ ва афзоиши намудҳои нодири ҳайвонот ва беҳбуди муҳити зисти онҳо нигаронида шудааст.   Дар идомаи сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомал Раҳмон доир ба раванди ҳифзи гуногунии биологӣ ва мушкилоти ин масир андешаронӣ намуда, такмили мониторинг ва баҳисобгирии саршумори намудҳои нодирро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номиданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масоил ва мушкилоти иқлим ҷалб намуда, иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити табиӣ, истифодаи ғайриоқилонаи замин ва дигар омилҳои фаъолияти инсон ба экосистемаҳо ва гуногунии биологӣ таъсири манфӣ мерасонанд.   “Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатарҳои онро ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати дарозмуддати рушди устувор арзёбӣ менамояд”, - изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки зарурати ҳамоҳангии талошҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва гуногунии биологӣ аҳаммияти беш аз пеш касб менамояд.   Гуфта шуд, ки дар тӯли беш аз 25 соли охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал дастгирӣ ёфтаанд, саҳм  гузоштааст. Ин ташаббусҳо барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонии марбут ба об, аз ҷумла дар доираи Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, мусоидат кардаанд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба платформаи муҳимми муколамаи сиёсӣ, рушди шарикӣ, таҳия ва татбиқи иқдомҳои муштарак ва омодагӣ ба конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об табдил ёфтаанд.   Зикр карда шуд, ки соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милал доир мегардад. Дар ин Конфронс арзёбии ниҳоии фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” анҷом ёфта, марҳалаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об муайян хоҳад  шуд.   Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии ин ҳамоиш баррасии масъалаҳои муҳитизистӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ хоҳад буд.   Бо итминон изҳор гардид, ки натиҷаҳои Конфронс дар дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба гуногунии биологӣ низ саҳми арзанда хоҳад гузошт.   Зимни баррасии масоили марбут ба обшавии пиряхҳо гуфта шуд, ки дар сарзамини мо пиряхҳо, қабати барф ва дигар унсурҳои криосфера ҷузъи ҷудонашавандаи низоми табиии ташаккули захираҳои об ва нигоҳдории тавозуни экосистемаҳо мебошанд.   Таъкид гардид, ки дар ин радиф, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард. Қадами муҳимми дигари ин раванд эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034 гардид, ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса роҳандозӣ шуд.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки ҳамоиши имрӯза ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар масоили муҳитизистӣ такони нав хоҳад бахшид.

    188

    16.10.2026
  •  img
    Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.   Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои мизбонии ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро барои пазируфта шудан ба узвияти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табрик гуфтанд.   Бо ёдоварӣ аз вазъи печидаву осебпазири байналмилалӣ, равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои амниятӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати фароҳам овардани  заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдорро дар асоси  ҳамдигарфаҳмӣ ва этимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳоро бахусус таъкид карданд.   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории созандаи давлатҳо мебошад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё метавонад ҳамчун майдони муколама миёни  кишварҳои қитъа нақши боз ҳам муассирро ба уҳда гирад.       Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад.   Зикр гардид, ки Тоҷикистон маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷиҳати эълони солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ибтикор намуд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.   Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола барои пешбурди муколамаи созандаи байни давлатҳо, фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.   Таъкид гардид, ки Тоҷикистон якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба мавзуи мазкур баргузор менамояд.   Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамоиш ба оғози бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.   Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки «мо ба пешбурди “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ҳамчун абзори муассир дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин самт идома хоҳем дод».   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро ба масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ, ҳамчун заминаи аслии барқарории сулҳу суботи пойдор ҷалб сохтанд.   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар самти соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва логистикӣ, ташкили долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, энергетика ва саноати “сабз” ҳавасманд мебошад ва ба густариши технологияҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ медиҳад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба қабули қатъномаи муҳим оид ба рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи он ба манфиати рушди устувор дар самти Осиёи Марказӣ ва дар ин замина ташкил кардани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе андешаронӣ намуданд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дахл намуда, иброз доштанд, ки соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2028 баргузор мегардад.   Ҷонибдории густариши ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни давлатҳо ва мардумони Осиё аз мавзуъҳои дигари суханронии Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва дар ин зимн аҳамияти истифодаи самараноки зарфиятҳои дар ин соҳаҳо мавҷуда таъкид гардид.   Пешниҳод карда шуд, ки имкониятҳои Ҳамоиши ҷавонони ин Форум васеъ гардонида шаванд ва он ба минбари доимии гуфтугӯ, табодули таҷриба ва таҳияи ташаббусҳои муштараки ҷавонони кишварҳои аъзо табдил ёбад.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки ҷонибҳо минбаъд низ ҳамчун майдони муассири муколама ва ҳамкорӣ, таҳкими эътимод ва ҳамбастагии кишварҳои Осиё хизмат хоҳад кард.

    193

    15.10.2026
  •  img
    Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    171

    15.10.2026