25.06.2026

 img

Ваҳдати миллӣ барои мо заминаи аввалиндараҷаи тамоми муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омили асосии рушди илму маориф ва фарҳанг маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик танҳо як мафҳуми сиёсӣ ё санаи таърихӣ нест, балки он пойдевори ҳаёти осоишта, кафили ҳастии давлат ва омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз хотима бахшид ва барои эҳёи дубораи кишвар заминаи устувор гузошт, чунки на ҳар ҷомеа метавонад дар шароити ноамнӣ ва парокандагӣ ба пешрафти илмӣ ва фарҳангӣ ноил гардад ва танҳо фазои орому сулҳу субот ба ҳамагон имкон дод, ки ба фаъолияти созанда машғул шаванд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки бо ба даст омадани Ваҳдати миллӣ раванди харобиовар дар кишвар хотима ёфт. Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат аввалин коре, ки анҷом дод, ин таъмини амнияти соҳаи илм ва баргардонидани эътибори олимон дар ҷомеа буд ва маҳз Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки сохтори фалаҷшудаи илмӣ дубора барқарор ва маблағгузории соҳа зина ба зина зиёд карда шавад.

 

Дар шароити сулҳу ваҳдат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба марҳалаи нави рушд ворид шуданд. Яке аз қадамҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ гардид.

 

Махсусан, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» намунаи барҷастаи ин сиёсат аст.

 

Ба шарофати ваҳдат ва суботи сиёсӣ дар соҳаи илм дастовардҳои зиёд, ба монанди рушди илмҳои академӣ дар бахшҳои астрофизика, сейсмология, химияи маводҳои доруворӣ ва геология, рушди илмҳои гуманитарӣ дар соҳаи таърих, археология ва забоншиносӣ, таъсиси Шурои миллии вазифаҳои илмӣ-техникӣ бо тадқиқотҳои илмӣ ба ниёзҳои мустақими иқтисодиёти кишвар ба монанди саноаткунонии тезкор, энергетика, кишоварзӣ ва ғайраҳо ба даст омаданд.

 

Илова бар ин, Ваҳдати миллӣ барои олимони тоҷик равзанаеро ба ҷаҳони илми байналмилалӣ кушод ва имрӯз соҳаи илми кишвар на танҳо пешрафта аст, балки дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ низ нақши фаъол ва калидӣ дорад.

 

Набояд фаромӯш кард, ки дар замони низоъҳои дохилӣ садҳо мактаб ва муассисаҳои таълимӣ оташ зада шуда, раванди таълиму тарбия комилан халалдор гардида буд. Насли навраси кишвар аз таҳсил дур мемонд, ки ин хатари бесаводиро дар ҷомеа ба вуҷуд меовард ва маҳз бо пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ, маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат эълон карда шуд. Стратегияи миллии рушди маориф қабул гардид ва давраи сохтмони бузурги муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфт. Ҳар сол дар кишвар садҳо мактаби нави заминавӣ, литсейҳо ва гимназияҳо сохта ва ба истифода дода мешаванд, ки бо технологияҳои муосир, аз ҷумла компютерҳо, тахтаҳои электронӣ ва озмоишгоҳҳо ҷиҳозонида мешаванд.

 

Имрӯз бошад, соҳаи маориф на танҳо макони дониш, балки сохтори асосии тарбияи шаҳрвандӣ ва худшиносӣ мебошад, чунки дар барномаҳои таълимӣ ва тамоми чорабиниҳои беруназсинфӣ ғояҳои Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлол мавқеи марказиро ишғол мекунанд.

 

Мактабҳои муосири замони соҳибистиқлолӣ ҷавонону наврасонро аз маҳалгароӣ дур нигоҳ дошта, ба онҳо ҳисси ватандӯстӣ, пос доштани таъриху фарҳанг, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дӯстию ягонагиро меомӯзонанд.

 

​​Бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» миллионҳо хонандаро аз тамоми гӯшаву канори кишвар муттаҳид намуда, рақобати солим ва ваҳдати маънавиро ба вуҷуд меоранд.

 

Хушбахтона, имрӯз ҷавонону наврасони кишвар имкон доранд дониши худро дар марказҳои дарёфт ва рушд такмил диҳанд, дар озмуну олимпиадаҳои дохилию байналмилалӣ иштирок намоянд, таҳсилро дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон идома диҳанд ва таҷрибаи худро ғанӣ гардонанд, ки ин ҳама ба рушди зеҳнии онҳо таъсири мусбат мерасонад.

 

Дар ин самт, таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кор мегарданд, ки мегӯянд: “Асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад. Зеро танҳо миллате, ки босавод, дорои маорифи босифат ва кадрҳои баландихтисос аст, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом бошад”.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ як қатор барномаҳо, стратегияҳо ва қарорҳои давлатӣ барои рушди истеъдодҳо ва қобилиятҳои зеҳнии кӯдакону наврасон қабул гардиданд.

 

Маҳз барои рушди қобилиятҳои зеҳнии кӯдакону наврасон - Низомномаи «Шурои миллии рушд ва дастгирии кӯдакон ва ҷавонони боистеъдод», Низомномаи Озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимии кор бо хонандагони болаёқат», Низомномаи «Сурдоолимпиадаи фаннӣ», Низомномаҳои «Олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-11», Низомномаи «Хонандаи сол», Низомномаи «Олимпиадаи муштараки фанҳои табиӣ-риёзӣ ба номи Осимӣ», Низомномаи «Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика KhIMIO» ва маҷаллаи илмӣ-методии «Истеъдод» таҳия карда шуд, ки ҳамаи ин барои рушди қобилиятҳои хонандагон аст.

 

Мусаллам аст, ки маориф маҳсули ваҳдат аст ва ҳамзамон худи он кафили ҷовидонагии ваҳдати миллӣ дар зеҳни наслҳои оянда ба ҳисоб рафта, илм ва маориф меваҳои шаҳдбори дарахти Ваҳдати миллӣ мебошанд.

 

Барои он ки ин дарахти саодат ҳамеша сабзу хуррам ва борвар бимонад, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонону наврасон бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳари чашм ҳифз намоянд, ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат бирасанд ва бо донишу меҳнати содиқонаи худ соҳибихтиёрии Тоҷикистони азизро боз ҳам устувортар гардонанд, чунки Ваҳдати миллӣ — ин ояндаи дурахшони илм ва равшании маорифи тоҷик аст!

 

Муҳамадҷон ҒАФОРЗОДА,

директори Маркази ҷумҳуриявии

дарёфт ва рушди истеъдодҳо

  • НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ҚОБИЛИЯТИ ЗЕҲНИИ ХОНАНДАГОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.   Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.   Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.   Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.   Илова бар ин, дар қатънома аз уҳдадориҳои зимни Саммити оянда дар соли 2024 қабулшуда, инчунин аз қабули "Паймони оянда", ки дар он кишварҳои узв баҳри тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда уҳдадор шудаанд, истиқбол карда мешавад. Дар он инчунин таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда мешавад.   Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.   Шоёни зикр аст, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.   Гузашта аз ин, иқдоми мазкур аз сӯи шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

    6

    26.06.2026
  •  img
    ВАҲДАТИ МИЛЛАТ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ! Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ   Устодон ва шогирдони азиз!   Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар!   Фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки дар Ватани маҳбубамон ҳар сол бо шукӯҳу тантана ҳамчун шукрона аз ободии диёр ва пойдории истиқлолу сулҳу ваҳдат таҷлил мешавад, ба шумо ва ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди ҷумҳурӣ самимона табрик мегӯям.   Ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи талошҳои пайгиронаву бардавом ва ҷоннисоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ақлу хирад ва иродаву матонати қавии халқи тоҷик ба даст омадааст, дар таърихи давлатдории тоҷикони шарафманду ватанапарвар марҳалаи навинеро ифтитоҳ бахшид. Ин марҳала тавъам бо созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ ва дӯстию рафоқат аст.   Таърих борҳо собит кардааст, ки тоҷикон табиатан халқи фарҳангию тамаддунофаранд ва ҳамеша ба сулҳу ҳамдилӣ, ба зиндагии осоишта арҷ мегузоранд. Ин буд, ки дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳамагон якдилона ва бо қатъият баҳри бартараф кардани ҷанги таҳмилии дохилӣ ҷидду ҷаҳд намуданд ва мамлакатро аз вартаи ҳалокат берун кашида, парчами ваҳдатро баланд афрохтанд. Тантанаи ваҳдати миллии тоҷикон ҷаҳониёнро ба ваҷд овард ва обрую эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи олам боло бурд. Имрӯз ҷаҳониён Ватани азизи моро чун ошёни сулҳу ваҳдат, диёри тинҷу осуда ва маҳзари ташаббусҳои башардӯстона мешиносанду эътироф мекунанд. Ба шарофати ваҳдати миллӣ дар кишвар сатҳу сифати зиндагии мардум сол то сол беҳтару муназзамтар мегардад ва зина ба зина ҳадафҳои стратегии миллӣ дар амал татбиқ мешаванд.   Ваҳдати миллӣ ба ҳаёту фаъолияти аҳли маориф низ таъсири файзбахш ва нақши пурсамар дорад. Барои баргузории ислоҳоти фарогири маориф, бунёди теъдоди зиёди кӯдакистонҳою муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои типи нав ва донишгоҳу донишкадаҳо ваҳдати миллӣ шароити созгор фароҳам овард. Имрӯз соҳаи маорифи мамлакат ҳамқадами замон буда, дар муҳимтарин бахшҳо, чун рақамикунонию корбарии ҳадафмандона аз зеҳни сунъӣ ва ривоҷи муносибатҳои байналмилалӣ ба комёбиҳои шоиста ноил гардидааст.   Имсол мо Рӯзи Ваҳдати миллиро дар арафаи ҷашни пурифтихору нишотбахши кишвар – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем, ки ин шукӯҳу шаҳомати онро боз ҳам меафзояд. Чунонки Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, «имрӯз ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз Ватани соҳибихтиёру озод, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии мардуми тоҷик бамаротиб густаришу тақвият ёфтааст ва ин падидаи нек моро ба ояндаи дурахшони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ умеди қавӣ мебахшад». Дар ин ҷода боиси ифтихору шарафмандист, ки аҳли маорифу илми ҷумҳурӣ хеле фаъоланд, пайваста баҳри устуворию пойдории истиқлолу сулҳу ваҳдат дар кишвар талош меварзанд, дар таълиму тарбияи сазовори насли наврас, тақвияти хештаншиносию ҳувияти миллии аҳли ҷомеа ва тарғиби илму донишу фарҳанг кӯшишҳои ҳамешагию босамар доранд ва минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Ватану рушди хираду маърифат пешсаф хоҳанд буд.   Бори дигар аҳли маориф ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, барояшон зиндагии осоишта, ваҳдати поянда, иқболи нек ва дастовардҳои боз ҳам бештарро баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям.   Ваҳдати миллии мо ҷовидону поянда бод!

    4

    26.06.2026
  •  img
    ДАР ВАЗОРАТ БАХШИДА БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ СММ ҲАМОИШ БАРГУЗОР ГАРДИД 26 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамоиш баргузор шуд.   Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҳамоиш қабули ин қатъномаро рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон таҳким бахшид.   Зикр гардид, ки қабули ин санади байналмилалӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳаммияти рамзии хос дошта, маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон заминаи рушди устувор, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳониро фароҳам овардааст.   Вазир бо истинод ба Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки “Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст”. Ба таъкиди вазир ин андешаҳо моҳияти воқеии ташаббуси Тоҷикистонро таҷассум намуда, барои низоми маориф низ вазифаҳои навро дар самти тарбияи насли сулҳпарвар, ватандӯст ва дорои фарҳанги баланди шаҳрвандӣ муайян месозанд.   Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳандозӣ намояд ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самтҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтаанд.   Ҳамзамон таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии нав нақши калидӣ дошта, бояд тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин муқовимат ба ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ боз ҳам тақвият бахшанд.   Сипас, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илм А. Ҷӯразода дар мавзуи “Ташаббуси Пешвои миллат оид ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” маъруза намуд. Мавсуф зимни баромади худ аҳаммияти сиёсӣ ва таърихии ташаббуси нави байналмилалии Пешвои миллатро таҳлил намуда, иброз дошт, ки он идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими сулҳи байналмилалӣ, рушди муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо мусоидат менамояд.   Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо ибтикори Пешвои миллат як қатор қатъномаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои об, рушди устувор ва тағйирёбии иқлим қабул шудаанд.   Дар маъруза ҳамчунин таъкид гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути музокирот ва ризоияти миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” пешниҳоди кишварест, ки арзиши сулҳро бо таҷрибаи худ дарк намуда, мехоҳад ин таҷрибаро ба манфиати тамоми башарият истифода барад.   Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самараи сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои он ва тарбияи насли дорои маърифати баланд, фарҳанги сулҳ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳор доштанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    6

    26.06.2026