30.09.2024

 img

30 - юми сентябри соли 2024 дар ҷаласаи шурои олимон фаъолияти 9-моҳаи Донишкада ва филиалҳо натиҷагирӣ гардид.

 

Наврӯз Мирзозода, ректори Донишкада сараввал кулли омӯзгорону кормандонро бо Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва таҷлили Рӯзи омӯзгор самимона табрик намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи шуро шинос намуд. Фаъолияти 9-моҳаи ҳар як сохтори Донишкада ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

 

Гуфта шуд, ки Донишкада дар давраи ҳисоботи ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст, аз ҷумла:

 

- 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ коркард гардиданд, ки муҳимтарини онҳо ин ворид гардидани тағйирот ба моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мариф" мебошад, ки гузаштан аз курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ дар се сол як маротиба роҳандозӣ гардид;

 

- дар ин давра 287 ҷаласа бо 1300 масъала оид ба пешбурди фаъолияти кадрӣ, таълимӣ - методӣ, илмӣ- тадқиқотӣ, хоҷагидорӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст;

 

- стратегияи рушди Донишкада барои давраи то соли 2030 таҳия ва нақшаи дурнамои он тасдиқ гардид;

 

- платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардид ва айни замон дар он зиёда аз 23 ҳазор нафар омӯзгорон дар он ба қайд гирифта шудаанд;

 

- ёддошти тафоҳум байни Донишкада ва донишкадаву марказҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ба имзо расонида шуд;

 

- бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 90-солагии таъсисёбии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф шумораи нахустини маҷаллаҳои соҳавии «Омӯзгор ва замон» ва «Омӯзгори муосир» ба нашр расонида шуда шакли электронии онҳо дар сомонаи Донишкада www.takmili-ihtisos.tj гузошта шудааст;

 

- 50 нафар омӯзгорони Донишкада ҳамчун тренерони сатҳи байналмилалӣ аз омӯзиш гузаронида шуданд;

 

- дар ҳамкорӣ бо 15 нафар тренерон аз Мактабҳои зеҳнии Назарбоеви Қазоқистон 1106 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз курси «Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон» (PISA) гузаронида шуданд;

 

- дар 9-моҳ Донишкада ва филиалҳо 790 курси такмили ихтисос (675 - курс ҳузурӣ, 83 - курс омехта ва 32 - курс ғайринақшавӣ) бо иштироки 18618 нафар омӯзгору корманди соҳа баргузор намудааст, ки 106% нақшаро ташкил медиҳад;

 

- илова ба ин 1488 нафар омӯзгорони ҷавон (хатмкунандагони курсҳои 4-5 ки ба фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд) ба курсҳои омӯзишӣ фарогирифта шуданд;

 

- дар 9 моҳи соли 2024, 150 семинари нақшавӣ ва дигар семинарҳои ғайринақшавӣ дар Донишкада ва филиалҳо гузаронида шуд, ки дар он 3892 нафар кормандони соҳа фарогирифта шуданд;

 

- дар давраи ҳисоботӣ дар Донишкада ва филиалҳои он 61 мониторинги сифати таълим дар курсҳои такмили ихтисос пеш аз курс ва пас аз анҷоми курсҳо гузаронида шудааст, ки дар онҳо 1864 нафар омӯзгор ҷалб карда шуданд;

 

- аз ҷониби омӯзгорону кормандони Донишкада ва филиалҳо 87 - мизҳои мудаввар ва ҳамоишҳои илмӣ, 27 - конференсия баргузор гардида, ба диссертатсияҳои номзадӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ (курсу семинарҳои махсус) 191 тақриз пешниҳод шудааст. Инчунин, 7 - китоб, 37 - дастур, роҳнамо ва модулҳои таълимӣ ва 197 - мақолаҳои илмӣ ва методӣ таҳия ва дар маҷаллаву рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонида шудааст. Ҳамзамон, 207 хонишҳои кафедравӣ, омӯзиши 37 таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳимояи дисертатсияи номзадии 3 - нафар кормандони Донишкада ва 3 - нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз дастовардҳое буданд, ки гуфта шуданд.

 

Инчунин, ҳамкории судманди Донишкада бо шарикони рушд, (31 муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ) махсусан дар самти муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои ҳозиразамон, ки дарназар аст бояд то охири сол ба анҷом расонида шаванд, гуфта шуданд.

 

Баъдан масъалаи: - робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Донишкада ва филиалҳо алоҳида мавриди баррасӣ қарор гирифта ин самти фаъолият хуб арзёбӣ гардид.

 

Дар масъалаҳои ҷории шуро:

 

- ҳавасмандгардонии муҳаққиқоне, ки диссертатсияи номзадиашонро ҳимоя намуданд;

 

- баррасии Нақшаҳои тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус барои соли 2025 дар Донишкада ва филиалҳо;

 

- тасдиқи барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос;

 

- Низомномаи семинарҳои махсус ва дастурамалҳои вазифавии баъзе кормандони сохторҳои Донишкада мавриди баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Дар фарҷоми ҷаласа ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода иброз намуд, ки раёсати Донишкада бо мақсади беҳтар намудани вазъи такмили ихтисоси омӯзгорон, самаранокии курсҳо, тибқи нақша фаро гирифтани шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос ва бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои дар низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ҷойдошта аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илмро сармашқи кори худ қарор медиҳад.

 

  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Донишкада img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд.   Зимни боздид муовини вазир аз утоқҳои кории кормандон, утоқи мудири шуъбаи маориф, толори маҷлисгоҳ ва дигар бахшҳои асосии бино дидан намуда, бо кормандони шуъба суҳбат анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи масъулин ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб карда шуд.   Сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда шудааст.   Бинои мазкур сеошёна буда, тибқи лоиҳа бо тамоми шароити муосир ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    33

    15.06.2025
  •  img
    ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН 14 июни соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.   Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳо, идомаи таҳсил, аз нав барқарор намудани аттестати хатм ва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилот ва пешбурди соҳаи маорифи кишвар манзур намуданд.   Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    65

    14.06.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ ГУРӮҲИ МАОРИФИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОҲАИ МАОРИФ 14 июни соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи кории Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки соҳаи маориф баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаи маориф, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи шарикони рушд, сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед, муовини якум, муовинони вазир, намояндагони шарикони рушд, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояти Суғд иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳадафу аҳаммияти баргузории онро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод. Вазири маориф ва илм дар суханронии худ иброз дошт, ки тибқи таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф яке аз рукнҳои асосии рушди устувори кишвар буда, тақвияти соҳа тавассути ҳамоҳангии фаъоли дохилӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ имконпазир аст.   Таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва дигар шарикон тавонистааст як қатор иқдомҳои муҳим, аз ҷумла, таҳияи ҳуҷҷати миёнамуҳлати Созишномаи шарикии “КОМПАКТ”-ро ба иҷро расонад.   Дар ҷаласа намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла, Муҳаммад Тариқхон, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ, Изабел Уриз, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, Артур Ван Дизен, роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Адҳам Мусаллам, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, баромад ва пешниҳодҳои мушаххас карданд. Онҳо ҳамкории худро бо Вазорати маориф ва илм барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор иброз дошта, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ин ҳамкориҳо таъкид намуданд.   Дар навбати худ муовини раиси вилояти Суғд зимни баромади худ иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи рушди маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа дода, ҳамкориро бо Вазорати маориф ва илм, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар самти такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва таъмини муҳити сифатноки таълим пайваста тақвият медиҳад. Гуфта шуд, ки бо талошҳои муштарак, дар вилоят имкониятҳои таълимӣ рӯз ба рӯз беҳтар гардида, замина барои таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст фароҳам гашта истодааст.   Илова бар ин, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ, шуъбаи сифати таҳсилот, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва дигар сохторҳо аз фаъолияти худ дар заминаи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои нав гузориш доданд.   Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: - рушди соҳаи маориф дар вилояти Суғд; - татбиқи марҳилавии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои солҳои 2025–2027; - ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва таълим (Tech4Ed); - таҳияи платформаҳои таълимӣ дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф”; - гузариши аттестатсияи омӯзгорон ба шакли рақамӣ; - таъсиси Гурӯҳи маорифи маҳаллии минтақавии вилояти Суғд ва таҳкими низоми ҳамоҳангии шарикони рушд (LEG/DCC).   Дар идомаи ҷаласа ба роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҳамкориҳои босамар ва саҳмашон дар рушди маорифи кишвар "Сипоснома"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.   Дар охири ҷаласа натиҷаҳои муҳокимаронӣ ҷамъбаст гардида, барои идомаи раванди ислоҳот дар низоми таҳсилот ва ҷалби сармояи байналмилалӣ тавсияҳои мушаххас таҳия шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    55

    14.06.2025