20.08.2025

 img

Ба пешвози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

 

Зимни баромад намояндаи Вазорат аз дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва баъзе мушкилоти зерсохтӣ, омӯзгорону масъулини соҳа бо ҳисси баланди масъулият корҳои назаррасро дар ин самт ба анҷом расонидаанд.

 

Тазаккур дода шуд, ки танҳо дар соли гузашта 39 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар деҳаҳо идома дорад. Аз ҷумла, биноҳои иловагии дорои синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва китобхона дар муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони муассисаи таҳсилоти умумии асосии №33, ки бар асари офати табиӣ зарар дида буд, ба марҳалаи анҷом расида, бо дастгирии Вазорати маориф ва илм бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад.

 

Дар баробари ин, дар муассисаҳои таълимӣ шумораи зиёди синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, шароити таълим торафт беҳтар мегардад. Ҳамчунин, дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ иқдомҳои нав, аз ҷумла таъсиси 8 маркази инкишофи кӯдак ва фарогирии садҳо нафар кӯдакон амалӣ гардида истодааст.

 

Муҳамадҷон Ғафорзода афзуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои охир ба соҳаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ сурат гирифтааст.

 

«Бо итминон гуфта метавонем, ки бо ҳамкории самараноки омӯзгорон, роҳбарони мактабҳо ва мақомоти маҳаллӣ дар соли нави таҳсил низ дастовардҳои соҳа боз ҳам бештар мегарданд ва шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия беҳтар хоҳад шуд», – иброз дошт намояндаи Вазорат.

 

Дар фароварди машварат омӯзгорони пешсафи ноҳия барои хидмати арзандаашон дар тарбияи насли ояндасоз бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

  • НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛ: МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ТОҶИКОБОД img
  • НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛ: МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ТОҶИКОБОД img
  • НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛ: МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ТОҶИКОБОД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи кӯдакистони №59 дар шаҳри Душанбе 21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.    Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст.   Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.   Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №59 бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.   Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.   Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 22 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, рақс, гимнастика, рассомӣ, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 90 курсӣ, ошхона, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзанда номида шуд.    Дар кӯдакистони нав 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ҳидоят намуданд.   Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.   Дар дораи нақшаи генералӣ солҳои оянда дар пойтахт ба ҳамин монанд бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.   Дар ин самт қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири соли 2025 10 кӯдакистони дигар сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.   Мувофиқи нақша дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.

    38

    21.08.2025
  •  img
    Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳри Душанбе 21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти мазкур дар доираи тавааҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари  давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст.   Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардид.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рањмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.   Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.   Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст.   Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.   Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.   Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад.    Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.   Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.   Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст.    Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад.   Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад.   Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.   Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд  

    72

    21.08.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд.   Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии тайи ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басо зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад. Бинои тозабунёд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.   Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтааст.   Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.   Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар рушди маориф ва илм сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо осорхонаи мукаммал ва дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангии Донишкадаи исломии Тоҷикистон шинос шуданд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.   Дар осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори хаттии олимони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.   Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.   Бахши дигари осорхона ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шуда, тавассути аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи расмӣ фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатро дар эҳё ва тарғиби мероси фарҳанги ниёгони пуршарафамон инъикос мекунад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ташкили чунин осорхона дар заминаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои муҳассилон ва муҳаққиқон имконияти фарох фароҳам меорад, то ба таърихи ислом дар сарзамини мо, шахсиятҳои барҷаста ва осори илмӣ-фарҳангӣ ошно гарданд.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаҳои болоии донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзишӣ бо 168 ҷойи нишаст ва ду ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмати тиббӣ расонад.   Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.   Саҳн ва атрофи бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар масоҳати 6 ҳазору 560 метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.   Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми илмию таълимӣ ва таҷрибивию амалӣ, барои фанҳои гуногун истифода бурда шуда, ба афзун намудани донишҳои динию дунявии донишҷӯён мусоидат менамояд.   Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастуру тавсияҳо доданд.

    44

    21.08.2025