30.07.2025

 img

29 июли соли 2025 тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту муассисаҳо, дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ бо иштироки ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, муовини аввал, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва марказҳо, деканони факултетҳо ва 37 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

 

Сараввал ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳузури намояндагони ВАО-ро ба Донишгоҳи давлатии Данғара хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ дар шаш моҳаи аввали соли 2025 резахбор пешниҳод намуд.

 

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолияти хешро тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи маориф ва илм роҳандозӣ намуда, дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст.

 

Дастовардҳо дар самти таълим таҳия ва дар амал татбиқ шудани 49 адад нақшаи таълимӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, 14 адад аз рӯи зинаи магистратура, 10-то барои таҳсилоти олии 2-юми  ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз 1-уми сентябри соли таҳсили 2025-2026  мавриди  истифода қарор дода мешаванд. 

 

Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоли марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 3 нафар докторони илм, 67 нафар номзади илм, 223 нафар муаллими калон ва ассистентон дар маҷмуъ 293 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. 

 

Шумораи умумии донишҷўён 8050 нафарро ташкил дода, аз шумораи умумии онҳо 3311 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Дар донишгоҳ тибқи квотаи Президентӣ 120 нафар донишҷӯ аз  ҷумла 48 нафар духтар таҳсил менамоянд. 

 

Имсол донишгоҳро аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил, ки тибқи фармоиши ректор барои иштирок дар комиссияи аттестатсияи хатм (КАХ) рухсат гирифтанд ва аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намуданд, 1673 нафарро ташкил дод. Аз ин шумора, 933 нафар шӯъбаи рӯзона, 524 нафар шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳро хатм намуданд.

 

Тақсими донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм карданд, вобаста ба зинаи таҳсил чунин аст: 

- аз рўи дараљаи бакалавр 1673 нафар, аз он ҷумла омузгорӣ 698 нафар.

- аз рӯи дараҷаи магистратура 112 нафар. 

 

Дар маҷмӯъ, аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки имтиҳони давлатиро бо баҳои «аъло» супоридаанд 20 нафарашон ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф шуданд.

 

Дар соли таҳсили 2024-2025 1 нафар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва 2 нафар бо мукофоти соҳавӣ “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”  сарфароз гардиданд. 

 

Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар Шуроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намуда, 4 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсентӣ гардиданд. Дар баробари ин, то охири соли ҷорӣ аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 10 нафар устодони ҷавон бояд рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд. 

 

Аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 10 китоби дарсӣ, 15 монография, 60  дастури методӣ, 25  васоити таълимӣ ва зиёда аз 500 фишурдаю мақола ва  маърӯзаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия гардида, ба чоп расидаанд.

 

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 2 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

 

Дар озмуни ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даври сеюми озмун 15 нафар донишҷӯ, 2 нафар магистрант ва 4 нафар омӯзгор роҳ ёфтанд.

 

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” ба даври сеюми озмун 18 нафар роҳ ёфтанд.

 

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон  - Ватани азизи ман” ба даври сеюм 3 нафар омӯзгор ва 6 нафар донишҷӯ барои иштирок роҳхат гирифтанд.

 

Дар давоми шашмоҳаи якуми соли 2025 зиёда аз 60 чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ-оммавӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд.

 

Дар донишгоҳ 10 нафар донишҷӯи ятими кулл дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, ки мунтазам нисбати онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

 

Шуруъ аз моҳи январи соли 2025 то имрўз донишгоҳ бо 11 муассисаҳои олии хориҷи кишвар аз ҷумла Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии Гомел ба номи П.О. Сухо, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин ва  Донишгоҳи давлатии Гродненск ба номи Янки Купалия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

 

Дар шаш моҳи аввали соли 2025 теъдоди иштироки устодон ва кормандони ДДД дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо,  конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба 12 нафар мерасад.

 

Дар давраи ҳисоботи 2 лоиҳа бо мувафақият ҷамбаст шуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур гардид.

 

Дар донишгоҳ айни ҳол 220 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумла Федератсияи Россия 1 нафар, Ҷумҳурии Туркменистон 6 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 213 нафар дар гуррӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд.

 

Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби раёсати донишгоҳ 20000 (бист ҳазор) дона гули ороишӣ дар гирду атроф ва саҳни биноҳои таълимӣ шинонида шуд, ки ҳусни донишгоҳро зеботар менамоянд.

 

Инчунин дар ҳудуди заминҳои корам аз нав киштгардон карда шуда, зиёда аз 30 бех дарахтони ороишии серено ва капатало шинонида шудаанд. 

 

Дар бахши дигари нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони ВАО вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ маҷмуи саволҳо пешниҳод гардид, ки ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба саволҳои мазкур бо овардани нишондиҳандаҳо ва мисолҳои возеҳ ҷавобҳои мушаххас ва қаноатмандкунанда доданд.

 

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара эълом дошт, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо намояндагони воситаҳои ахборӣ омма баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия зимни тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ба роҳ хоҳад монд.

  • НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА img
  • НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА img
  • НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ёвон 26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.   Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.   Дар бино қабулгоҳ, толори интизорӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонии “Равзанаи ягона” ва китобхона ҷойгир шудаанд.   Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютер ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо низоми гармидиҳии мутамарказ пайваст аст.   Дар атрофи бино ободонию сабзкорӣ анҷом дода шудааст. Атрофи бино бо гулу гиёҳҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро дода шудааст.   Сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини хизматрасонии босифат ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиати шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

    19

    26.08.2026
  •  img
    Ба таври фосилавӣ ифтитоҳи 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросон 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату  маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд.   Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд.   Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 18 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.    Ҳамзамон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳия корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал,  ки  дар як сол  12,5 ҳазор тонна агромикс истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор дода шуд.   Корхонаи истеҳсолии Агромикс бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, се номгӯи маҳсулот, аз ҷумла сулфати аммоний, доломит ва фосмука истеҳсол мекунад.   Дар баробари ба фаъолият оғоз бахшидани корхона дар марҳилаи аввал 24 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.     Иншооти дигари фосилавӣ ифтитоҳшуда масири Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе мебошад, ки  31 километрро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланд ва меҳандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов таъмиру навсозӣ гардидааст.   Зимни шиносоӣ аз ин қитъаи роҳ иттилоъ дода шуд, ки масири мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, мутобиқ ба талаботи муосир бо паҳноии 8  метр  мумфарш карда шудааст.   Дар ҳамин ҷо роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, ки дар масофаи 18 километр бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло пурра навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд.   Инчунин 3 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Наврӯзгоҳи деҳоти Норини ноҳияи Ёвон мумфарш шудааст,  дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Бунёд ёфтани ин қитъаи роҳҳо дар рушди инфрасохтори нақлиётии ноҳия, ҳаракати мунтазам  дар тамоми фасли сол, беҳтар гардидани иртибот бо шаҳру ноҳияҳои дигар, интиқоли зуд ва бехатарии мусофирон, молу маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ мусоидат мекунад.   Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 70 километр роҳҳо мумфарш карда шуда, дар оянда боз бунёди 30 километр роҳи дигар дар назар дошта шудааст.    Иншооти навбатӣ бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин рӯз ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.   Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, имсол дар он 800 хонанда дар ду баст соли нави таҳсилро оғоз менамоянд. Ҳоло дар ин муассиса 4 ҳуҷраи корӣ ва 18 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо бунёди ин бино дигар толибилмон масофаи 3-5 километрро тай накарда, аз ин пас тадрисро дар мактаби деҳаи худ идома медиҳанд.   Бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимии рақами 3 воқеъ дар деҳаи  Ҳинддараи деҳоти Обшорон аз иншооти дигари соҳаи маориф мебошад, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.   Иншооти навбунёд аз 16 синфхона ва 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Бинои мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои асосии муассиса аз соли 1972 сохта шуда,  бо гузашти солҳо ба таъмири асосӣ ниёзманд шуда буд. Дар ин ҷо бо оғози соли нави хониш 32 омӯзгор ба зиёда аз 800 хонанда дарс хоҳанд дод.   Ҳамзамон иншооти навбатии мавриди истифода қароргирифта бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 69 ба номи Асадулло Ғулом воқеъ дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон мебошад.   Бино аз 17 синфхонаи таълимӣ  ва 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Иншооти нав бо саҳми соҳибкор Акбар Асадулло ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Бо бунёди ин бино 34 омӯзгор соҳиби кори доимӣ гардиданд.    Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 27 дар деҳаи Калфи сабади деҳоти Ситораи сурхи ноҳия дар ҳамин рӯз дари худро барои хонандагон боз намуд.   Дар ин муассисаи таълимӣ 400 ҷойи нишаст барои хонандгон дар ду баст таъсис дода шуда, дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар ин ҷо низ 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мегарданд.    Ҳамин тавр дар доираи сафари кории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва идомаи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори истибқоли сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ 66 синфхона барои ба таълим фаро гирифтани 3300 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.   Инчунин корҳои сохтмони дар 23 муассисаи таълимии дигар, ки аз 283 синфхона иборат мебошанд ва барои 14 ҳазору 150  хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст,  бо маром ҷараён дорад.   Ҳоло дар ноҳияи Ёвон зиёд аз 64 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2800 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Саҳми корхонаҳои мазкур дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 43,1 фоизро ташкил медиҳад ва дар онҳо 75 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад.   Дар нимсолаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 934 млн. 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.   Ҳамзамон дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаро, ки бо ғунҷоиши 1600 тонна маҳсулот барои ба муҳлати дароз нигоҳдории дастранҷи кишоварзони ноҳияи Хуросон бунёд шудааст,  ба истифода доданд.   Ин сардхона дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Асадулло сохта шуда, он аз ду қисмат ва 16 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот  иборат мебошад ва ҳар яки онҳо то 100 тонна иқтидори  ғунҷоиш доранд.    Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии мазкур дар ихтиёри худ 16 ҳазор гектар замин дошта, майдони 1027 гектари онро дарахтони меваҳои хушсифат ва боғи ангур ташкил медиҳад.   Корхонаи истеҳсоли қуттиҳо ва бандубасти меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази агрологистикии Меваи тоҷик  низ дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз намуд.    Ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 2800 ва дар як сол 1 млн 8 ҳазор қуттӣ барои бандубасти меваи хушк истеҳсол мекунад.   Дар ин корхона 20 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.    Бинои навбатии ифтитоҳгардида муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад, ки барои бо таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхонаи барҳаво иборат мебошад.  Дар ҷараёни сохтмони бинои нав 20  мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.   Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 35 низ, ки дар деҳаи Аёнчашмаи деҳоти Фахробод сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, дорои 384 ҷойи нишаст мебошад ва барои 768 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯст қомат афрохт. Баъди ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ норасоии синфхонаҳо  ва ҷойи нишаст пурра бартараф гардид.   Муассисаи таълимии рақами 36 дар деҳаи Баҳористони деҳоти Фахробод сеюмин иншооти соҳаи маориф буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои нави иловагии муассиса дорои 11 синфхонаи барҳаво буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шудааст.   Ин муассисаи таълимӣ аз тарафи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.   Дар идомаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии  Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон 269 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ҳол 248-тои он мавриди истифода қарор дода шудаанд.   Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 23 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 25 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда,  дар натиҷа зиёда аз 650 ҷойи корӣ фароҳам гардид.   Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як зумра иншооти таъйиноти гуногун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди босуръати корҳои ободонӣ ва созандагӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайёсозии шароити арзанда барои сокинон дастуру тавсияҳо доданд.

    18

    26.08.2026
  •  img
    Боздид аз шаҳри Левакант ва ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Хишти диёри ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии Хишти диёрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 250 ҳазор ва дар як сол 90 миллион дона хишт мебошад.   Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар муҳлати 1 сол бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар раванди сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.   Корхона дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо мақсади  саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати бештар аз 12 гектар бунёд шуда, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Ин омил ба татбиқи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидати амиқ менамояд.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи истеҳсолии Хишти диёр 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.   Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд.   Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли хишти пухта дар Корхонаи Хишти диёр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии нозироти андоз дар шаҳри Левакант ва бинои  иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 400 хонандаро дар ду баст дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

    20

    26.08.2026