07.08.2025

 img

Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф тадриҷан ба марҳалаи нав ворид гардида, шароити таҳсилу омӯзиш барои фаро гирифтани донишҳои замонавӣ фароҳам оварда шуд.

 

Имрӯз имконот ва шароит барои таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таъмин гардидааст ва барои ворид гардидан ба таҳсилоти ҷаҳонӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумат мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешавад. Аз ин ҷост, ки сол то сол сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ баланд гардидаву дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас мебошад.

 

Бо рушди технологияи муосир ва ҷорӣ гардидани навгониҳои таълим дар ҷаҳони муосир, соҳаи маорифи кишвар низ ислоҳоти бомаром пайдо мекунад. Ҳадафи ислоҳот аз он иборат аст, ки хонандагон, аз як тараф, ҳамқадами замон бошанд, аз ҷониби дигар, донишҳои муосирро зуд азхуд намоянд. Ба ин мазмун, чандест, ки Вазорати маориф ва илм таҷдиди назар намудани мазмуни таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим ва омӯзишро дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ва гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола устуворона идома дода истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зим­ни суханронияшон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (01.09.2022) дар бораи зарурати гузариш ба низоми баҳодиҳии бисёрхола чунин пешниҳод карданд: «Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад».

 

Мусаллам аст, ки ҷараёни ислоҳоти низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани баҳогузории бисёрхола бо мақсади мутобиқ сохтани низоми арзёбии дониши хонандагон ба меъёрҳои таҳсилоти байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, зерсохторҳои он, олимон, коршиносон ва омӯзгорон афзалиятҳои гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузориро дар қиёс бо низоми муқаррарии баҳогузории 5-хола чунин арзёбӣ кардаанд:

– дар раванди арзёбӣ аз рӯйи низоми баҳогузории 5-хола омӯзгор танҳо аз чор баҳо – «2» (ғайриқаноатбахш), «3» (миёна), «4» (хуб), «5» (аъло) истифода бурда, ба баҳои «1» эътибор намедиҳад, ки ин омил боиси воқеӣ набудани баҳо ба дониши хонанда гардидааст;

– дар бисёр ҳолатҳо ба ҳаҷми муайяни дониши хонанда як омӯзгор баҳои «3», омӯзгори дигар баҳои «4» мегузорад ё баръакс. Баҳогузорӣ дар чунин вазъият на ба риояи низом ва меъёрҳои арзёбӣ, балки бештар ба ҳолати равонӣ вобастагӣ пайдо мекунад;

– супоришҳое, ки аз тарафи хонанда иҷро карда мешаванд, аз ҳамдигар фарқ доранд, вале ин фарқро дар низоми 5-хола инъикос намудан ғайриимкон аст. Масалан, агар 8 хонанда аз 30 нафар баҳои «5» гиранд, муайян кардани ҷавоби беҳтарин имкон надорад;

– ба арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар сатҳи синф таваҷҷуҳи за­рурӣ зоҳир карда намешавад.

 

Дастовардҳои таълимии хонандагон аз рӯйи ҷадвали ифодаи рақамии низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои (чаҳор­дараҷаӣ)-и арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон баҳогузорӣ карда мешаванд. Дараҷаи паст холи (баҳо)-и 1-ро дар бар мегирад, ки ба хонанда аз рӯйи азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии он дар ҳаҷми пасттарин ҳам таъмин карда нашудааст, гузошта мешавад. Дараҷаи ғайриқаноатбахш – баҳои 2 ба хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро дар сатҳи паст нишон дода, ба хатоҳои ҷиддӣ ва ҷузъии зиёд роҳ медиҳад. Дараҷаи нокифоя – баҳо (хол)-и 3 мебошад, ки дар он хонанда маводи назариявӣ ва амалии таълимиро бо кумаки омӯзгор дар ҳаҷми нокифоя аз худ мекунад, вале дар амал онҳоро татбиқ карда наметавонад. Дараҷаи миёна – баҳо (хол)-и 4 ба хонандае гузошта мешавад, ки мазмуни қисмҳои матн, қоидаҳо, таърифҳо, формулаҳо, қонунҳо ва ғайраро камтар аз ҳадди ақали талаботи барномаи таълим аз худ мекунад;

– хусусиятҳои маводи омӯхташударо пай дар пай баён мекунад…

Ҳамин тавр, баҳои (хол)-и 10 ба он хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро бештар аз талаботи барномаи таълим намоиш медиҳад:

– дар раванди омӯзиш фикру идеяҳои дурустро пешниҳод мекунад ва тавассути муқоиса, таҳлил, хулоса ва қабули қарорҳои дуруст мушкилоти иҷрои супоришро дар вазъияти маъмул ва ғайри­маъмул пурра бартараф месозад.

– малакаҳои эҷодӣ, таҳлилӣ, таҳқиқотӣ ва иртиботии худро рушд медиҳад, ба ягон хато роҳ намедиҳад, аз адабиёти иловагӣ васеъ истифода мебарад.

 

Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузориро тавассути гурӯҳҳои корӣ дар 140 муассисаи таълимӣ роҳандозӣ намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор додааст.

 

Дар «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2023)» оварда шудааст, ки натиҷаи арзёбии ҷамъбастии ниҳоӣ дар журнали синфӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамчун баҳои ҷамъбастии нимсола, солона ва аттестатсия қайд карда мешавад. Баҳогузорӣ ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагони дар шакли рақамии (1,2,3,4,5,6,7,8,9,10) гузошта мешавад. Дар рӯзномаю дафтари кории хонанда баҳогузорӣ дар шакли рақамӣ ва дар қавс ба таври хаттӣ гузошта мешавад: 10 (аъло), 9 (олӣ), 8 (хубтар), 7 (хуб), 6 (кофӣ), 5 (қаноатбахш), 4 (кам), 3 (нокифоя), 2 (паст), 1 (пасттар).

 

Маълум аст, ки соҳаи маориф ҳамвора рушду такомул ёфта, навгониҳои зиёд дар ин самт ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, низоми баҳогузории 10-хола имкон медиҳад, ки низоми маорифи мо ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардад ва ҳангоми баҳогузорӣ шаффофият риоя шавад. Дар илми педагогика ва психология муайян шудааст, ки арзёбии дурусту холисонаи дониши хонанда ба ӯ таъсири руҳию равонӣ мегузорад. Низоми баҳогузории 10-хола имкон медиҳад, ки ба ҳар як хонанда баҳо ба таври воқеӣ гузошта шавад, ки ин омил шавқу рағбати онҳоро ба омӯзиш ва азхуд намудани муҳтавою ғояи китобу дастур ва барномаи таълимӣ зиёд мегардонад.

 

Дарвоқеъ, гузаштан ба низоми баҳогузо­рии 10-хола дар заминаи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон» роҳандозӣ мешавад. Бинобар ин, гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола қадами устувор дар масъалаи пешрафти бомароми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, омили муҳим ҷиҳати ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мебошад.

 

Хуршед ДАВЛАТАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм

  • Низоми баҳогузории 10-хола – заминаи асосии ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Имрӯз, 17 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муҳимми таърихӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.   Дар машварати корӣ муовинони вазир, роҳбарони раёсатҳои дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.   Зимни машварат вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, таҷлили сазовори он аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаро тақозо менамояд. Қайд гардид, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиш бояд ба он равона гардад, ки ин ҷашни муқаддаси миллӣ бо дастовардҳои назаррас, ободонии муҳити таълим ва болоравии сифати таҳсил истиқбол гирифта шавад.   Дар ин замина, зикр гардид, ки аҳли маорифро зарур аст бо омодагии ҷиддӣ, ташаббусҳои созанда ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳар як корманди соҳа бояд ҳиссаи худро дар рушди низоми маориф, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими арзишҳои миллӣ гузошта, дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз муассисаҳои томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ, сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардорад.   Ҳамзамон, дар машварат масъалаҳои вобаста ба ташкили чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, ободониву созандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин ҷалби хонандагону донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   Дар анҷоми машварат таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таъмин намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    93

    17.04.2026
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим иштироки кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла арзёбии PIRLS - 2026 мебошад.   Дар идомаи баргузории давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 миёни хонандагони синфҳои 4-ум, ки аз 14 апрел то 6 майи соли ҷорӣ дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, имрӯз, 17 апрели соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Б. Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва дигар шахсони масъул дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» иштирок намуданд.   Татбиқи арзёбии PIRLS - 2026 дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ба таври самаранок ба роҳ монда шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, такмили муҳити омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии хонандагон ба захираҳои таълимӣ мебошад. Дар ин замина, истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди қобилияти тафаккури интиқодии хонандагон низ тақвият дода мешавад.   Зикр гардид, ки натиҷаҳои арзёбии PIRLS - 2026 барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи саводнокии хонандагон, такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи сиёсати минбаъдаи соҳа заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳамзамон, ин раванд имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар муқоиса бо кишварҳои дигар муайян намуда, таҷрибаи пешқадамро дар низоми миллии маориф ҷорӣ намояд.   Дар маҷмӯъ, иштироки фаъолона дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди устувори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

    103

    17.04.2026
  •  img
    ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ Миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни куҳанбунёди худ шинохта шудааст. Хотироти таърихӣ ва фарҳанги асили аҷдодӣ дар тули асрҳо имкон дод, ки тоҷикон сарфи назар аз таҳаввулоти пурпечутоби сиёсиву иҷтимоӣ ва таъсири қудратҳои берунӣ асолат ва ҳастии миллии худро ҳифз намоянд.   Тамаддуну фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои башардӯстонаи ниёгон ҳамчун сипари маънавӣ миллати моро ҳифз намуда, заминаи ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд бо дигар халқҳои ҷаҳонро фароҳам овардааст.   Таъриху тамаддуни аҷдоди тоҷикон то имрӯз таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёди ҷаҳонро ҷалб намудааст, зеро натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки аҷдодони мо дар саргаҳи ташаккули тамаддун қарор дошта, бо қудрати зеҳнӣ ва фарҳанги баланди худ дар рушди арзишҳои инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта саҳми арзишманд гузоштаанд.   Яке аз муҳимтарин падидаҳои таърихӣ дар ин раванд тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Аҷдодони мо бунёдгузори яке аз қадимтарин ва нахустин тамаддунҳо дар таърихи башар мебошанд, ки дар меҳвари он арзишҳои инсондӯстӣ, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва расидан ба зиндагии шоиста қарор доранд. Ин тамаддун ба фарҳанг ва тамаддунҳои ҳамҷавор таъсири амиқ расонда, барои рушди минбаъдаи тамаддуни башарӣ заминаи устувор гузоштааст.   Дар шароити ҷаҳонишавии муосир омӯзиш ва эҳёи мероси таърихию фарҳангии ниёгон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки танҳо миллате метавонад истиқлол ва манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд, ки бо таърихи аҷдодӣ пайванди устувор дошта, арзишҳои миллию фарҳангии худро пос дорад.   Аз ин рӯ, омӯзиши таърих ва тамаддуни гузашта барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.   Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки таърих ва тамаддуни худро бо назари нав омӯзад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.   Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат бо пешбурди сиёсати дурандешонаи худ дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар ба эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, барҷаста аст.   Сарвари давлат зимни таҳлилу баррасии омилҳо ва паёмадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои муҳими сар задани он дур гардидани ҷомеа аз асолат ва арзишҳои таърихию миллии хеш будааст.   Аз ин рӯ, бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд.   Асарҳои бунёдии Сарвари давлат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик саҳми арзишманд доранд. Дар ин асарҳо консепсияи нави омӯзиши таърихи миллат пешниҳод гардида, зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омӯзиши амиқи сарчашмаҳои таърихӣ таъкид мегардад.   Бо ташаббуси Пешвои миллат, ҳамчунин, як қатор чорабиниҳои муҳими фарҳангиву таърихӣ амалӣ гардиданд, ки ба эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ мусоидат намуданд.   Аз ҷумла, эълон шудани соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёӣ, эҳёи ҷашнҳои бостонии Сада, Меҳргон ва Тиргон, таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ва ворид шудани он ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310-солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар роҳи муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги тоҷикон мебошанд.   Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида, ин иқдом бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуд ва ба муаррифии симои таърихӣ ва нақши тоҷикон ҳамчун ягона меросбари тамаддуни ориёӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуд.   Ҳамчунин, бо ташаббуси Роҳбари давлат осори гаронбаҳои таърихӣ ба ҷомеа дастрастар гардиданд. Нашри миллионҳо нусхаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва тақдими онҳо ба аҳолӣ иқдоми муҳими фарҳангӣ ба шумор меравад. Итминони комил дорем, ки ин асарҳо ҳамчун сарчашмаҳои муҳими худшиносии миллӣ насли имрӯзро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва сабақгирӣ аз корномаҳои ниёгон раҳнамоӣ менамоянд.   Дар солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон низ густариш ёфтанд. Даҳҳо ёдгории моддӣ ва маънавии халқи тоҷик ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҷаҳонии тамаддуни тоҷиконро тақвият бахшиданд.   Аз ҷумла, ворид гардидани 11 ёдгории фарҳангии Хутали қадим, ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ, ҳамчунин, аз ҷониби ин созмони бонуфуз эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ аст.   Татбиқи иқдомҳои илмӣ ва фарҳангии марбут ба мероси ориёӣ, аз ҷумла баргузории ҳамоишҳо оид ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) низ аҳамияти хоса доранд. Ин санади таърихӣ яке аз нахустин эъломияҳои ҳуқуқи башар ба шумор рафта, арзишҳои баробарӣ, адолат ва таҳаммулпазириро тарғиб менамояд ва бозгӯйи он аст, ки ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон ба арзишҳои инсондӯстона ва ҳуқуқи инсон аҳамияти калон медоданд.   Ҳоло тибқи дастури Сарвари давлат ҷиҳати ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО корҳои мушаххас идома дошта, барои муаррифии саҳми таърихии ин чеҳраи барҷастаи фарҳанги тоҷик дар рушди мусиқии ҷаҳонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.   Дар идомаи пешбурди сиёсати фарҳангдӯстона Президенти кишвар чанде пеш зимни ироаи Паёми навбатии хеш ташаббуси бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муҳиму дурбинона ва амри зарурӣ дар роҳи эҳёи мероси таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад.   Ин муассисаҳо ҳамчун марказҳои муосири таърихӣ барои муаррифии тамаддуни ориёӣ, омӯзиши таърихи беш аз шаш ҳазорсолаи халқи тоҷик ва ҷалби муҳаққиқону сайёҳон аҳамияти бузург доранд. Дар онҳо таърихи ташаккул ва рушди фарҳанг, давлатдорӣ, дин, забон ва санъати мардумони ориёӣ бо истифода аз технологияҳои муосир инъикос хоҳад ёфт.   Бунёди чунин марказҳо на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ аҳамияти бузург доранд. Онҳо имкон медиҳанд, ки мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат ҳифз гардида, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ шавад.   Ҳамзамон, чунин иқдомҳо таваҷҷуҳи муҳаққиқони байналмилалӣ, дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонӣ ва сайёҳонро ба пойтахти кишвар ҷалб карда, шаҳри Душанберо ба маскани ҷолиби илмиву сайёҳӣ табдил медиҳанд.   Дар маҷмуъ, эҳёи тамаддуни ориёӣ ва омӯзиши амиқи таърихи миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва пойдории давлатдории тоҷикон аҳамияти бузург дорад.   Ҳифзи ин мероси гаронбаҳо ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи муҳими наслҳои имрӯз ва фардои миллат ба шумор меравад.   Мо танҳо бо эҳтирому арҷгузории арзанда ба таърих ва пос доштани арзишҳои фарҳангии ниёгон метавонем ояндаи устувор ва пурифтихорро барои кишвари маҳбубу ягонаамон – Тоҷикистон таъмин намоем.   Рустами ЭМОМАЛӢ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе

    62

    16.04.2026