02.10.2025

 img

Ман бори аввал, баъди хатми мактаби олӣ зиёда аз 7 сол ва боз 3 соли дигар муаллим будам.

 

Ҳеҷ гоҳ тарафдори задани хонанда нестам. Аммо худам (22 сола будаму ҳанӯз чӣ будани ширинии фарзандро намедонистам) мезадам бачаҳои беодоб ва бесаводро. Медонед барои чӣ?

 

Падароне буданд, ки омада мегуфтанд: "Муаллима хуну пӯсташ аз мо дигараш аз Шумо. Чӣ хеле ки раво медонед, таълиму тарбия диҳед. Муҳим, ки одам кунед".

 

Писарони муаллимони ҳамкорамонро пеши чашми падарашон "ҷазо" медодем . Касеро накуштем. Кӯмак кардему савод додем.

 

Инак зиёда аз 40 сол аз он давра гузашт. Шогирдонам мард шудаанд. Ҳамеша ёд меоранд, аз сахтгириҳоям ва изҳори сипос мекунанд. Мегӯянд: "Муаллима ҳар чизе ёд дорем, аз ҳамон дарсҳои шумост, ки аз тарс мехондем".

 

Тарс ҳам чизи хубе нест, вале дар ҳоле ки бача боақл бошад, хуштарбия бошад.

 

Мебахшеду баъзе волидон худашон боиси бесаводу бетарбия мондани фарзандон мегарданд.

 

Савол ба волидон, ҳамин як писар ё духтаратон дар хона ҳар рӯзу соат асабатонро вайрон кунад, ҷазояш намедиҳед? Медиҳед.

 

Муаллим ҳам чун волид аст. "В- аз падар устод дар пеш аст"- фармудаанд оқилон.

 

"Як мушт бадбахту як мушт некбахт". Тасодуфан сахттар мумкин зада бошад, муаллим. Аммо аз рӯйи ин навишта ин "беҳушӣ" баъдан сабт шудааст, ки яқинан мақсадаш муаллимро суд кардан аст.

 

Наход дар ҳамон деҳа як пири кору рӯзгор натавонист, ки ҳамин масъаларо дар ҷояш ҳал кунад. Ин шабакаҳо ҷойи воҳимаву гаппартоии босаводу бесавод аст.

 

Милитсия ҳам набояд инро "дастак" кунад.

 

Волидони азиз, фардо ҳамин писари шумо мард шуда, аз ин кори кардааш пушаймон мешавад. Шумо ҳам фаромӯш накунед, ки писаратон бегуноҳ набуд.

 

Оё месазад, ки ҳаёти як ҷавонеро, ки 5 сол хонда нияти неки тарбияи фарзандони деҳаро кардааст, барои як иштибоҳ (он ҳам бо айби писаратон) БИСӮЗЕД?

 

Агар дар ин миён кинаи дигаре набошад, якдигарро бибахшед. Зеро "Ҷабри устод, беҳ зи меҳри падар" гуфтаанд. Яъне устод гоҳо сахтгирӣ ҳам кунад, боз ҳақи устодӣ болотар аст.

 

Дар ҳамин рӯзҳое, ки РӮЗИ ОМӮЗГОРОН чун ид ҷашн гирифта мешавад, ин рафтори омӯзгорро чун як амали тарбиявӣ баҳо дода, шикоятатонро пас гиред.

 

Бибахшед, то бахшида шавед!

 

Хуриннисо Ализода

  • НУҚТАИ НАЗАР. БИБАХШЕД, ТО БАХШИДА ШАВЕД! img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ 3 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон омили асосии рушду камолоти миллат аст» конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид.   Дар кори конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, кормандон ва меҳмонон иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи чорабинӣ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки боиси хушнудист, ки шуруъ аз соли 2009 Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни сурурбахш ва шодиафзо дар рӯйхати ҷашнҳои кишвари маҳбубамон сабт гардида, ҳамасола санаи 5 октябр дар тамоми манотиқи Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ ин арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ вобаста ба бузургдошти забони тоҷикӣ таъкид намудаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад».   Дар идома доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода О. Қосимов дар мавзуи «Пешвои миллат ва густариши забони миллӣ дар даврони истиқлол» ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С. Ҳалимова дар мавзуи «Забони тоҷикӣ дар таърих ва замони истиқлол» маъруза намуданд.   Қайд гардид, ки сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ба он равона шуда истодааст, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм қарор дода шавад. Муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ хамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз ҳама, навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои хонандагону донишҷӯён дар асоси забони ноби содаю равони тоҷикӣ ва забони илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил ёбад. Дар баробари ин, боло бурдани сатҳи фарҳанги забондонӣ вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба таълими он бояд бо истифода аз усулу имкониятҳои замони ҳозираи илму техника ва технологияи нав бештар диққат дода шавад ва барои ташкили муҳити забонӣ шароит фароҳам оварда шавад.   Конференсия бо ибрози андешаҳои созанда ва пешниҳоди таклифу мулоҳизаҳои илмӣ оид ба рушди минбаъдаи забони давлатӣ ҷамъбаст гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    7

    03.10.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН Бо мақсади қадрдонӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон, имрӯз санаи 2 октябр дар толори қасри фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ҷамшед Ҷӯразода- муовини Раиси вилояти Суғд, Гулсара Мирзозода- Сардори Раёсати маорифи вилоят, Мӯсобек Самизода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят иштирок намуданд.   Сараввал муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода табрикоти муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти дастгирии омӯзгорону хонандагони фаъол як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст. Ҳамасола садҳо омӯзгорону хонандагони вилоят аз ин имтиёзҳо бархӯрдор мегарданд. Худи ҳамин сол дар Машварати августии кормандони маориф даҳҳо нафар омӯзгороне, ки хонандагонашон дар олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро гирифтанд, омӯзгорони эҷодкору навовар, фаъолони соҳа, собиқадорон бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуданд ва ин раванд ҳамасола идома дода мешавад таъкид намуд муовини раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода. Инчунин зикр гардид, ки музди меҳнати омӯзгорон давра ба давра зиёд гардида, шароити иҷтимоиву иқтисодиашон беҳтар гардида истодааст. Худи ҳамин сол 30% зиёд гардидани музди маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабӣ далели гуфтаҳои болост.   Дар чорабинӣ ба зиёда аз 120 нафар омӯзгорони фаъол ва 31 нафар собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Ифтихорномаву Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят ва Иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят супорида шуданд.     Дар охир, барои болидагии хотири иштироккунандагон, чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

    17

    02.10.2025
  •  img
    ОМӮЗГОР ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ Имрӯз, 2 октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони марказ, кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо ва меҳмонон баргузор гардид.   Дар чорабинӣ Асомиддинзода Шарофиддин – сардори Раёсати таҳсилати миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, дар атрофи нақши омӯзгор дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду такомули нерӯи инсонӣ, тарбияи насли босавод, худшинос ва ватандӯст андешаҳоро иброз намуданд. Устод қайд карданд, ки таҷлили Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, нишонаи асосии давлатдорӣ ва омили муҳимми ваҳдату сарҷамъии мардуми тоҷик мебошад ва он шаҳодати арҷгузории давлат ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.   Сипас, Сафарова Зевар – мудири шуъбаи таълим ва корҳои методӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ – рамзи ҳамбастагӣ ва рукни муқаддаси миллӣ» ва Содиқов Абдусалом – сармутахассиси шуъбаи таълим ва корҳои методии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар мавзӯи «Мақоми омӯзгор дар ҷомеа» баромад карданд.   Дар идомаи чорабинӣ ба омӯзгорону кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ки аз 26 то 29 августи соли 2025 аз курси такмили ихтисоси байналмилалӣ гузашта, ҳамчун тренерони сатҳи байналмилалӣ эътироф гардиданд, шаҳодатнома супорида шуд. Чунин иқдом яке аз қадамҳои муҳимми баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва ворид кардани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба низоми миллии таълим ба ҳисоб меравад.   Дар қисми анҷоми чорабинӣ аз ҷониби маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо омӯзгорон ва кормандони фаъоли муассисаҳо барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.   Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

    20

    02.10.2025