21.04.2025

 img

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад.

 

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик, рӯзҳои 21-26 апрел, яъне “Ҳафтаи илм”-ро, ки дар доираи он гузаронидани конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён, озмуну маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, роҳандозӣ менамояд.

 

21 апрели соли 2025 ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Шарифзода Мумин Машокир, ки солҳои 2008-2017 сарварии донишгоҳро ба уҳда дошт, инчунин собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич ва Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович иштирок намуданд.

 

Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии кишвари азизамон муҳим арзёбӣ намуда, суханро ба муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович во гузошт.

 

Абдукарим Қурбонов меҳмонон ва аҳли толорро бо оғози “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи илми ватанӣ ва пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ назаррас арзёбӣ намуд.

 

Инчунин гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2024-ум 543 маводи илмии омӯзгорон, аз ҷумла 10 монография, 154 мақолаҳои дар маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 244 фишурдаи мақолаҳои дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва 135 мақолаи дар маҷаллаҳои мухталиф нашршуда, ташкил медиҳанд.

 

Дар соли 2024 -ум 9 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, 2 нафар пешдифои рисолаи докторӣ ва 7 нафар пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд.

 

Тибқи барномаи “Ҳафтаи илм”, ки 13 бахшро дарбар мегирад, 153 маърӯзаи омӯзгорон ва 270 маърӯзаи донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор мегирад.

 

Ҳамчунин хотиррасон карда шуд, ки дар соли 2024 бо иқдоми раёсати илм ва инноватсия дар сомонаи расмии донишгоҳ ҷойгир намудани қисмати рӯнамоии маводи нашршудаи муҳаққиқони донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом ба хотири васеъ намудани имкониятҳои рақамикунонии таҳсилот ва мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.

 

Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз рӯи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд.

 

Дар идомаи конфронс муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич, Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, Шарифзода Мумин Машокир доир ба аҳаммият ва нақши илм дар рушди иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ, забондонӣ ва омӯхтани технологияҳои иттилоотии муосир даъват намуданд.

 

Сипас, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдураҳмон Ҳакимзода дар мавзуи “Масоили рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ маърӯзаи пурмазмун намуда, бо мисолҳои мушаххас андешаҳояшро доир ба аҳаммият, мушкилот ва дурнамои рушди маркетинги рақамӣ дар кишвар баён намуд.

 

Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ ба омӯзгорони донишгоҳ Шаҳноза Пулатова, Комилҷон Алимов ва Рустамзода Фирӯз дипломҳои унвони илмии дотсент супорида шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Нимаи дуюми ҳамин рӯз кори конференсия дар бахшҳо оғоз гардид, ки он то 26-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

  • ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН img
  • ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН img
  • ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КОНСТИТУТСИЯ - АСОСИ ҲУҚУҚИИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 3 ноябр дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «Конститутсия - асоси ҳуқуқии рушди маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.   Нахуст, чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, ҳозирин онро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ қироат намуданд.   Дар конференсия муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин олимону муҳаққиқон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.   Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни конференсия ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи илму маорифи кишварро ба муносибати ин санаи фархундаву тақдирсоз самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ комёбиҳо орзу кард. Сипас, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори кишвар махсус таъкид гардид.   Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, дар муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеа нақши калидӣ дорад.   Зикр шуд, ки қабули Конститутсия барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқбунёдии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор фароҳам овард.   Вазир зимни баромади худ нақши Конститутсияро дар рушди соҳаи маориф ва илм муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки заминаҳои ҳуқуқии устувор барои пешрафти соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа аҳаммияти махсус доранд.   Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардида, барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва илм, заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.   Дар идомаи конференсия П. Абдуллозода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Б. Сафарзода мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи ҳуқуқии ташаккули низоми муосири маориф ва илм» маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.   Сипас, миёни иштирокчиёни конференсия вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда музокира сурат гирифта, андешаву пешниҳодҳо оид ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдорӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва пешрафти соҳаи маорифу илм иброз гардиданд.   Дар фарҷом вазири маориф ва илм ба аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ва мубодилаи афкор ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, махсусан кормандони соҳаи маориф, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки омӯзишу риояи меъёрҳои Конститутсия ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ вазифаи муҳимми ҳар як омӯзгор ба шумор меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    10

    03.11.2026
  •  img
    Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғдро ба истифода доданд.   Зимни шиносоӣ ба Сарвари кишвар иттилоъ дода шуд, ки иқтидори технологияи насбшуда истеҳсоли 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро дар бар гирифта, дар корхона 60 ҷойи корӣ муҳаё гашт.   Тавлиди нӯшокиҳои табобатии алоэ-вера, чойи хунук ва шарбати мева самти асосии фаъолияти корхона ба шумор меравад. Оби нӯшокии алоэ-вера барои рӯдаю меъда хусусияти табобатӣ дорад ва тақрибан 60 фоизи маҳсулоти корхона барои содирот пешбинӣ шудааст. Дар хатти якуми технологӣ зарф бо андозаҳои гуногун ва дар хатти дуюм маҳсулоти ташнагишикан истеҳсол карда мешавад.    Гуфта шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши хусусӣ аз ҷониби Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо бунёд шудааст.  Технология аз Италия, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ барои табодули таҷриба ва истеҳсоли маҳсулоти босифат дар корхона мусоидат мекунад.   Корхона аз ду хатти технологӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои корию маҷлисгоҳи бинои маъмурӣ мутобиқ ба талабот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Таъсиси корхона имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли оби нӯшокии алоэ-вера дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва вобастагӣ аз воридоти ин намуди маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёбад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба кор ва ноил шудан ба саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуда, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи муфид аз имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати кишвар ҳидоят намуданд.   Таъкид гардид, ки ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 29 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, соли равон аз ин шаҳраки саноатӣ ба 12 давлати дуру наздик маҳсулот содир карда шудааст.   Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар 9 моҳи соли 2026 ба маблағи умумии 485 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 66 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

    10

    03.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои тарабхонаи Форел Платинум ва муаррифии лоиҳаҳо дар шаҳри Хуҷанд 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои тарабхонаи Форел Платинум дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти хуштарҳи замонавӣ дар соҳили Сирдарё бо иқдоми ҶДММ Гулмоҳии Хуҷанд ва соҳибкори ватандӯст Муҳсин Шодиев бунёд гардидааст.   Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки тарабхона ва базмгоҳ бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сангҳои мармар бунёд гардида, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию миллӣ, тӯйи домодию арӯсӣ, қабули меҳмонону сайёҳон ва хизматрасонии сатҳи баланд пешбинӣ гардидааст.   Дар тарабхонаи Форел Платинум мутахассисон ва пазандаҳои моҳир, асосан гулмоҳӣ, хӯришҳо ва дигар навъҳои хӯроки милливу аврупоиро ба таври дудпаз, бирёнӣ ва обпаз ба меҳмонону сайёҳон пешниҳод менамоянд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ошпазҳои корозмуда ва моҳири маҳаллӣ, ошпазҳои соҳибкасб аз дигар кишварҳо низ ба кор ҷалб гардидаанд.   Дар тарабхонаи Форел Платинум дастгоҳу таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, сарднамоӣ ва ҳавокашии Чиллер аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.   Дар тарабхона, ҳамчунин, нонвойхона фаъолият менамояд, ки дар он маҳсулоти гуногуни нонӣ бо таъму лаззати хос пешниҳоди мизоҷон мегарданд.   Гуфта шуд, ки Форел Платинум сеюмин тарабхонаест, ки бо иқдоми созандаи соҳибкор Муҳсин Шодиев таъсис дода шудааст. Яке аз он тарабхонаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, соҳили дарёи Душанбе ва 2-тои дигар дар соҳили Сирдарё қомат афрохта, хизматрасонии сатҳи баландро ба роҳ мондаанд.   Барои истироҳати меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир қаиқҳо низ фаъоланд, ки бо майлу хоҳиши сайёҳон қаиқронҳо метавонанд барои сайругашти обӣ ба онҳо хизмат намоянд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сокини шаҳри Хуҷанд устои гаҷкор Мирзораҳим Қодирӣ қаиқи наву замонавӣ дар муддати 1 сол сохта шуд, ки барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир омода аст.   Сарвари давлат ба иқдоми созандаи Мирзораҳим Қодирӣ баҳои баланд дода, ба ӯ ва масъулони дахлдор дастуру тавсия доданд, ки дар оянда истеҳсоли навъҳои гуногуни қаиқҳоро ба роҳ монанд, то аз чунин маҳсулоти ватании сифати баланд дар ҳамаи рӯдҳои калон ва обанборҳои  кишвар истифода шавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро дар ободонии Ватан намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар баробари ҷалби ошпазҳои соҳибкасби хориҷӣ, ба масъалаи тайёр кардани ошпазҳои моҳири сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ низ диққати ҷиддӣ диҳанд ва хизматрасониву ҷалби сайёҳонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.    Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона ва базмгоҳи Форел Платинум 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.     Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев, тибқи лоиҳа, 200 метрро ташкил дода, паҳноии умумии он бо 4 хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт ва бо назардошти пиёдароҳҳо 25,55 метрро ташкил медиҳад.   Дар пули мошингузар 7 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 84 болори мустаҳкам насб карда мешавад.   Дар марҳилаи 2 таҷдиди ду пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои дарёи Сир бо дарозии 275 метр бо 8 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 140 болор бунёд хоҳад шуд.   Дарозии умумии роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё 3,8 километр бо ду хатти ҳаракат аз ҳарду самт ва дарозии роҳи таҷдидшавандаи хиёбони Истиқлол 3,2 километр бо се хатти ҳаракат аз ҳар ду самтро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа насби қубурҳои обпарто, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва бунёди низоми равшанидиҳии роҳ пешбинӣ гардидааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки зимни корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои мошингузар, ба сифати маҳсулот ва кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр, рафту омади бемамониати сокинону меҳмонон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот нақши муҳим дорад.   Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд.

    6

    03.11.2026