18.09.2025

18-уми сентябри соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №59-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон - 2025» баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, ҳайати доварон, намояндагони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мураббиёни номзад аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм озмунро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки рушди устувори соҳаи маориф, махсусан зинаи таҳсилоти томактабӣ ҳамчун пояи муҳимми ташаккули тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии кӯдакон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пайваста ва рӯзафзуни соҳаи маориф, аз ҷумла, таваҷҷуҳи хос ба кормандони муассисаҳои томактабӣ, ба монанди афзоиши музди меҳнат, фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ, таҳияи барномаҳои иловагӣ барои такмили ихтисос ва роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз дастовардҳои муҳимтарини сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Дар идомаи суханронӣ муовини вазир иброз дошт, ки баргузории ин гуна озмунҳо на танҳо воситаи ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии заҳмати мураббиён аст, балки заминаи воқеии рушди малакаи эҷодӣ, ташаккули тафаккури навовар ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид дар сатҳи миллӣ мебошад.
Дар идома сардори раёсати таҳсилоти томактабии вазорат Ҷ. Маҷидзода иштирокчиён ва ҳайати доваронро ба низомномаи баргузории озмун шинос намуда, шартҳои доварӣ ва тартиби иҷрои вазифаҳоро шарҳ дод. Мавсуф зикр намуд, ки даври ҷумҳуриявии озмун аз шаш шарти асосӣ иборат буда, он ба таври амалии арзёбии донишу маҳорати касбӣ ва қобилияти эҷодии довталабон равона шудааст. Шартҳои озмун иборатанд аз: муаррифии фаъолияти педагогии довталаб, арзёбии дониш ва маҳорати касбӣ, иштирок дар муҳокимаи мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ педагогӣ, баргузории машғулияти таълимӣ бо кӯдакон ва анҷом додани кори эҷодӣ - тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон.
Озмун се рӯз идома ёфта, дар фарҷом ғолибон бо унвони ифтихории «Мураббии соли Тоҷикистон – 2025», мукофотҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Баргузории озмуни мазкур дар заминаи сиёсати устувори давлат оид ба такмили низоми таҳсилоти томактабӣ ва боло бурдани нуфузи мураббӣ дар ҷомеа сурат гирифта, дар он мураббиёни беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон , ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат доранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон