ОЛИМПИАДАҲО АЗ ҲАМАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАНД: ИШТИРОКИ 1460 НАФАР ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7 ВА 8 ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМ

05.01.2025

Имрӯз дар саҳни МТМУ №19-и н. Сино 1460 нафар хонандагони синфҳои 7 ва 8 ба ҳам омаданд, то донишу маҳорати худро санҷанд.  

 

Ҳар як хонанда бо шавқу завқ дар ин сабқати зеҳнӣ иштирок намуда, барои ба даст овардани  ғолибият саъю кӯшиши беандоза мекунад. Ин чорабинӣ на танҳо майдони санҷиши донишу истеъдод, балки як макони ваҳдату дӯстӣ мебошад, ки хонандагонро бо рӯҳияи эҷодкорӣ муттаҳид месозад.

 

Мақсади Олимпиада:

Дарёфти истеъдодҳои ҷавон.

Таҳкими дониши хонандагон.

Омода кардани насли оянда барои саҳмгузорӣ ба пешрафти илму фан.

  • ОЛИМПИАДАҲО АЗ ҲАМАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАНД:  ИШТИРОКИ 1460 НАФАР ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7 ВА 8 ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМ img
  • ОЛИМПИАДАҲО АЗ ҲАМАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАНД:  ИШТИРОКИ 1460 НАФАР ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7 ВА 8 ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМ img
  • ОЛИМПИАДАҲО АЗ ҲАМАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАНД:  ИШТИРОКИ 1460 НАФАР ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7 ВА 8 ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМ img
  • ОЛИМПИАДАҲО АЗ ҲАМАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАНД:  ИШТИРОКИ 1460 НАФАР ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7 ВА 8 ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМ img
  • ОЛИМПИАДАҲО АЗ ҲАМАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАНД:  ИШТИРОКИ 1460 НАФАР ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7 ВА 8 ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМ img
  • ОЛИМПИАДАҲО АЗ ҲАМАИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАНД:  ИШТИРОКИ 1460 НАФАР ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7 ВА 8 ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Таъиноти кадрӣ 7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва чанде аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.   Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Нуробод аз ҳисоби кадрҳои ҷавону дар хизмати давлатӣ варзида таъин гардиданд.   Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаб интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муовини якум ва Муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои навтаъсиси илмию тадқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба фаъолияти содиқонаю софдилона дар роҳи хизмат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, наздик будан бо аҳолӣ, риояи фарҳанги волои муомилаю муошират, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ривоҷ додани корҳои созандагию ободонии кишвар ҳидоят намуданд.   Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳое, ки акнун ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ менамоянд, дастур дода шуд, ки корҳои созандагиву бунёдкориро ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъат бахшида, бо ҷалби соҳибкорону ашхоси саховатманд бунёди иншооти таъиноти иҷтимоиро дар минтақаҳо суръати тоза бахшанд.   Вобаста ба мубориза бар зидди ҳама гуна қонунвайронкуниҳо, бахусус дар масъалаи замин ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

    52

    07.01.2025
  •  img
    ТАТБИҚИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон дар ҷараёни таҳсилоти миллӣ, ҳамчун зинаи муҳим ва ҳатмӣ маҳсуб меёбад. Зарурати такмил додани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба талаботи рӯз ва дар асоси дастовардҳои технологияи таълими фаъол беш аз пеш ба назар мерасад. Имрӯзҳо нақши технологияи муосир дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, махсусан соҳаи маориф баръало мушоҳида мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар зарурати истифодаи васеъи технологияҳои рақамиро чунин баён доштанд: - “Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ”. Бо ин мақсад раёсати Донишкада бо дастгирии техникии лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” ЮСАИД зиёда аз 200 планшети тамғаи LenovoM8 ба ҳайати омӯзгорону кормандони Донишкада ва филиалҳо тақдим намуданд, ки ин иқдоми нек дар татбиқи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, махсусан низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳисоб меравад.   Кормандону омӯзгорон минбаъ метавонанд, ҳангоми баргузории ҷаласаҳои онлайн, курсҳои сайёр, семинарҳои мақсаднок, Мастер класс, тренинг ва омӯзишҳои омехта аз планшетҳо самаранок истифода намоянд.

    59

    06.01.2025
  •  img
    ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ «БОҒИ МУРОД» ИФТИТОҲ ГАРДИД 6 январи соли 2025 дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Гуреззода Умед ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Кӯдакистон дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, бо беҳтарин шароит ба фаъолият оғоз кард. Кӯдакистон аз 5 гуруҳҳои синусолӣ иборат буда, дар он кӯдакон аз 1,5 сола то 6 сола қабул карда мешаванд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигар масъулин аз шароити фароҳамгардида дар ин кӯдакистон дидан карданд. Дар саҳни кӯдакистон чор айвончаи замонавӣ ва мавзеъҳои муҷаҳҳаз барои бозии кӯдакон бунёд гардидааст. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» бо беҳтарин шароит мавриди истифода қарор гирифт.   Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон барои 450 кӯдак пешбинӣ шуда, ба кӯдакон дар баробари машғулиятҳои таълимӣ, инчунин забонҳои англисӣ, русӣ, фанни математика, мусиқӣ, омодагӣ ба мактаб, инкишофи нутқ, таэквондо омӯзонида мешаванд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид. Ошхонаи кӯдакистон бо ҷиҳози лозима муҷаҳаз буда, бо тамоми маҳсулот таъмин мебошад.   Боиси зикр аст, муассисаи мазкур дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2022, №484 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 09.02.2023, №51 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024)” сохта ба истифода дода шуд.

    32

    06.01.2025