Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд

17.11.2024

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

 

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.

 

Иншоот дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, дастрасии ятимонро ба таҳсили босифат таъмин месозад.

 

Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.

 

Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд.

 

Дар маҷмуъ 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд.

 

Иншооти варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машқу тамрин замина мегузорад.

 

Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд интиҳои ташвишу нигаронии онҳо шуда, ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити будубош ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба гурӯҳи соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат маънидод карданд.

 

Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

 

Муассиса дорои 11 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 нафар омӯзгори соҳибтахассус метавонанд раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монанд.

 

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар деҳаи Порвени деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент норасоии ҷойи нишаст ва дигар мушкили самти таҳсил дар деҳоти мазкурро бартараф намуд. Иншоот дорои 12 синфхона буда, дар он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 320 хонанда дар ду баст вуҷуд дорад.

 

Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт, сифати таълиму тадриси хонандагонро боз ҳам беҳтар менамояд. Бинои иловагии таълимӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат бунёд шуда, дорои 6 синфхона мебошад.

 

Ба ҳамин тариқ дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 ифтитоҳ ёфт. Иншоот бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш мебошад. Бо бунёди муассисаи нави соҳаи маориф имкон аст, ки 1280 хонанда дар ду баст ва дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

 

Бунёди 4 иншооти соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ шуд, ба таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кории нав ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 2000 хонанда дар ду баст дар вилояти Суғд мусоидат менамояд.

 

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кӯдакону наврасони ятим мулоқот намуданд.

 

«Таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилот ва дар муҳити солим ба воя расонидани кӯдакони ятиму бепарастор дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад ва мо намегузорем, ки Шумо лаҳзае худро бекасу танҳо бубинед»-таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Сипас Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар наврасону ҷавонони ниёзманд маҷмуи сару либос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуда, аз онҳо омӯзиши илму ҳунари мутобиқ ба замони муосирро талаб карданд.

  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img
  • Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2024 инҷониб дар назди як қатор муассисаҳои таълимӣ 154 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 3950 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.   Бинобар сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва ба миён омадани мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ 15-уми ноябри соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин ва сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Назрулозода Зиёратшоҳ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Роҳатии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 6 синфхонаи иловагӣ барои 150 нафар хонанда дар як баст, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бинои иловагӣ иборат аз 12 синфхона барои 300 нафар хонанда дар як баст ва 1 толори хурди маҷлисӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №184-и деҳаи Теппаи Самарқандӣ-3 Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуд.   Инчунин, дар деҳаи Тубеки Ҷамоати деҳоти Лоҳур Муассисаи таҳсилоти томактабии №12 барои 2 гурӯҳ бо фарогирии 60 нафар кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.   Қобили зикр аст, ки синфхонаҳои мазкур аз ҷониби сокинони деҳот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шуданд.

    35

    16.11.2024
  •  img
    Ҳамоиши илмӣ: “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ” Имрӯз, дар Донишкада ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф” баргузор гардид.   Ҳамоишро ректори Донишкада, Мирзозода Наврӯз ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба мавзӯи болозикр андешаронӣ намуд. Дар маърӯзаи худ оид ба саҳми мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорону кормандони соҳаи маориф андешаҳои пурмуҳтаворо ироа намуд.   Гуфта шуд, ки масоили илм ва маориф, омӯзгор, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, танҳо дар паёмҳои 22 соли охир (солҳои 2002-2024) аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 170 маротиба пешниҳодҳо, тавсия ва дастуру супоришҳо баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва мақому манзалати омӯзгор ироа гардидааст. Махсусан, масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар паёмҳо солҳои 2009, 2016, 2018, 2021, 2022 ва 2024 ба шакли муфассалу дақиқ инъикос гардидаанд.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ, дар Донишкада ва филиалҳои он зиёда аз 571854 - нафар кормандони соҳаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Танҳо дар соли 2023 40224 – нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф маҳорати касбии худро тариқи курсу семинарҳои Донишкада ва филиалҳо такмил доданд, ки бевосита аз дастириву ғамхориҳои Сарвари кишвар ба омӯзгорону кормандони соҳа манша мегирад.   Масъалаи муҳим будани маҳорати касбии омӯзгоронро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуда, зимни суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2023 дар ин хусус таъкид намуданд: - “Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд”. Дар ин асос бо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ, ба моддаи 51 сархати 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 20.06.2024с., №2063) тағйирот ворид гардид.   Баъдан аз ҷониби омӯзгорону кормандони Донишкада дар мавзуъҳои “Нақши Президент дар рушди маориф, фарҳанг ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ”, “Инъикоси саҳми Президент дар рушди илму маориф (дар мисоли осорҳои илмӣ)”, “Нақши Президент дар эъмори ваҳдат ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон” ва "Саҳми Президент дар омода намудани кадрҳои илмӣ-ҳарбӣ (дар мисоли неруҳои марзбонӣ) ироа гардиданд.   Аксарияти мавзӯъҳои ироагардида доир ба масъалаҳои мактабу маориф ва дастигириҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳаи калидӣ бахшида шуданд.   Воқеъан, маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст ва такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисмҳои муҳимтарини низоми таҳсилоти миллӣ ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф нақши муҳим дорад.   Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азизу гиромӣ!

    83

    15.11.2024
  •  img
    ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Ваҳдати миллӣ – асоси пешрафти давлат Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ гирифтори ҷангӣ шаҳрвандӣ гардид, ки он хисороти зиёд ба бор овард; иқтисо­диёт фалаҷ гардид, корхонаҳо аз фаъ­олият бозмонданд ва мардум гурезаву тарки Ватан карданд. Дар чунин шароити муҳлику хатарзо нафаре зарур буд, ки баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар чораандешӣ намояд. Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат шахсиятеро барои кишвар ҳадя намуд, ки дар роҳи татбиқи ваҳдати комил ва пайванд намудани мардуми кишвар ҳастии хешро фидо кард. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ пазируфта шуданд ва дар аввалин Муроҷиат­номаи хеш ба мардуми кишвар таъкид доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам! То даме ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам. Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила бар­қарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқат­мандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».   Маҳз ҷасорату матонат ва хиради фитрии Сарвари давлат буд, ки бо мухолифон дар ҷойҳои хатарзо суҳбат намуданд, бо мардум мулоқот карданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқ­рори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бо имзои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тадриҷан сулҳу субот дар кишвар таъмин гардид, гурезагон ба Ватан баргаштанд ва сатҳи зиндагии мардум хуб шуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки даҳсолаи аввали соҳибистиқ­лолии кишвар, асосан, ба таъмини пояҳои истиқлолу сулҳ дар кишвар равона гардид.   Муаррифии миллат ва давлат дар арсаи байналмилалӣ Бо таъмин гардидани сулҳу субот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷа­ҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳофару ташаббускор пазируфта шуд. Имрӯз То­ҷикистон дар ҳалли масоили гло­балӣ, аз қабили обу иқлим дар ҷаҳон пешгом мебошад. Маҳз бо талошу пайкор ва ташаббусҳои Сарвари давлат панҷ ташаббуси байналмилалии Тоҷикис­тон вобаста ба об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд.   Нахустин пешниҳоди Пешвои миллат дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри соли 1999) эълон намудани соли 2003 – «Соли оби тоза» мебошад, ки дар аснои ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд. Баъдан ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» соли 2003 аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардид. Дар чаҳор­чӯби даҳсолаи мазкур Маҷ­маи умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷи­кистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул кард. 21-уми декабри соли 2016 ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсо­лаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Дар баробари ин, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналми­лалӣ дарҷ гардидааст.   Муҳимтар аз ин, дар феҳристи осори таҳқиқотии Пешвои миллат китоб­ҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи асарҳои бунёдие маҳсуб меёбанд, ки маҳз ба муаррифии давлату миллати тоҷик бахшида шудаанд. Пешвои миллат дар китоби «Чеҳ­раҳои мондагор» зикр намуданд: «Шинохти таърих ва ҳикмау фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст... Чопи китоби «Чеҳраҳои мондагор» хоннадагони азизро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос намуда, аз рӯзгори шахсиятҳои номдору сарбаланди илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамон нақл менамояд».   Ҳамзамон бо ин, Пешвои миллат дар таҳқиқоти хеш доир ба шинохти вожаи «тоҷик» низ дар дарозои таърих асарҳои мондагор таълиф кардаанд. Ташреҳи мафҳуми «тоҷик», махсусан, дар асари гаронмояи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» (дар ду ҷилд) ба таври муфассал бо такя бо асноду мадорик ва сарчашмаҳои навине, ки дар таҳ­қиқоти пешини пажуҳишгарон аз онҳо истифода нашудааст, мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Асари мазкур пажуҳиши амиқи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба шинохти вожаи «тоҷик» мебошад. Зеро дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир пойдориву бақои давлат, пеш аз ҳама, ба забони он иртиботманд мебошад ва ҳамчун муаррифи миллату забон дар арсаи ҷаҳонӣ барои шинохти бештари кишвар мусоидат мекунанд.   Таваҷҷуҳ ба илму маориф Яке аз самтҳои асосие, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали соҳбистиқлолӣ таваҷҷуҳ намудаанд, соҳаи маориф маҳсуб меёбад ва баҳри пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид карданд: «Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион со­монӣ ҷудо шуда бошад, ин нишон­диҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад».   Дар зимн, пайваста бо аҳли илму маориф суҳбат менамоянд ва дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои соҳаро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳанд. Зеро асоси рушди давлат ба пешрафти соҳаи маориф иртиботманд мебошад. Дар мулоқоти 30 майи соли 2024 таъкид доштанд: «...аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону му­ҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд».   Нуктаи дигар, суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ маҳсуб меёбад. Дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки наврасону ҷавонон илму дониш омӯзанд ва аз донишҳои муосир бархурдор гарданд ва дар пешрафти давлат саҳми муносиб гузоранд.   Баланд бардоштани мақоми омӯз­горон дар меҳвари фаъолияти Сарвари давлат қарор дорад ва дар ин самт корҳои зиёде анҷом пазируфта шудааст. Маҳз дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат аст, ки тадриҷан сатҳу зиндагии аҳли маориф беҳтар мегардад. Баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, таъмин бо заминҳои назди­ҳавлигӣ барои омӯзгорон ҷавон, қарз­ҳои имтиёзнок аз ҷумлаи он тадбир­ҳоест, ки амалӣ гардидаанд. Дар оянда низ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯз­гор» ба тақвияти фаъолияти омӯзгорон такони ҷиддӣ бахшида, мақому манзалати онҳоро боз ҳам баландтар мегардонад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Мехоҳам бо қаноат­мандиву сипос хотиррасон намоям, ки омӯзгорону устодони мо ҳамчун қишри фаъолу пешқадами ҷомеа дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он давра содиқона фаъолият намуданд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳ­ми шоиста гузоштанд».   Бунёди муассисаҳои таълимӣ аз му­ҳимтарин корҳоест, ки дар замони со­ҳибистиқлолӣ вусъати тоза пайдо кардааст ва ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд мегарданд ва шароити таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо бамаротиб хуб гардидааст. Ба ин мазмун, дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгу­зорӣ дар кишвар сохтмону азнавсозии 3 ҳазору 648 бинои муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 600 ҳазор хонанда анҷом дода шудааст.   Шоистаи таъкид аст, ки Пешвои миллат зимни сафарҳо ба шаҳру на­воҳии мамлакат ятимонро қадрдонӣ мекунанд. Ин амал яке аз хислати хайрхоҳонаву гуманизми баланди Сарвари давлат ба ҳисоб меравад ва ҳаме­ша таъкид мекунанд, ки ятимон ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд ва Давлату Ҳукумат пушту паноҳи онҳост. Ба ин далел, танҳо солҳои 2020-2024 дар шаҳру на­воҳии мамлакат 60 маротиба вохӯ­рию мулоқоти Пешвои миллат бо ятимони кул сурат гирифта, зимни суҳбат­ҳо пайваста таъкид намудаанд, ки «ятимон таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳа­мешагии Ҳукумат қарор дошта, барои онҳо шароиту имкониятҳои таҳсил ва кору зиндагии хубу шоиста то замони ба воя расиданашон фароҳам оварда мешавад».   Арҷгузорӣ ба чеҳраҳои фарҳангию адабӣ Яке аз хидматҳои шоистаи Савари давлат дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ­гузорӣ ба чеҳраҳои фарҳангиву ил­мӣ ва мутафаккирон мебошад. Зеро қадрши­носии чеҳраҳои шинохтаи миллат, яз як тараф, ба арҷгузории онҳо мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, дар муаррифии бештар ва таълифу чопи асарҳои онҳо дар кишвар ва ҷаҳон мусоидат менамоянд. Ба ин маънӣ, метавон аз қадрши­носиву арҷгузории шах­сиятҳои илмию фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000-солагии «Шоҳно­ма»-и Фирдавсӣ, бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷан­дӣ, Имоми Аъзам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Сад­риддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва амсоли инҳо ёдовар гардид. Дар зимн омодаву чоп намудани асар­ҳои мутафаккирони тоҷик аз хидматҳои мондагори Сарвари давлат мебошад. Чоп гардидани асарҳои адибони калассику муосири тоҷик дар 50 ҷилд бо номи «Ахтарони адаб» далели ин гуф­таҳоянд.   Тарбияи худшиносии миллӣ Яке аз нуктаҳое, ки дар Паёму су­ханрониҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад, пешгирӣ аз хурофоту таассуб ва тақлидҳои кӯркӯрона ба ҳисоб меравад. Зеро таассубу хурофот ҷомеаро ба нобудӣ мебарад ва давлатро аз пешрафт бозмедорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки наврасону ҷавононро ба омӯзиши фарогири донишҳои муосир ҳамаҷониба равона созем ва он­ҳоро дар руҳияи худшиносиву худого­ҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбияву ба камол расонем. Зеро ҷаҳолату хурофот ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигаре самар нахоҳад дошт. Сарвари давлат бамаврид таъкид кардаанд: «Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии ра­вандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зу­ҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷум­ла, фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватан­дӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъа­наҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад».   Воқеан ҳам, дар ҷаҳони муосир ни­гоҳдории урфу одат ва анъанаҳои миллии тоҷикон ва тарбияи насли донишманду босавод аз вазифаҳоеанд, ки аҳли ҷомеа ҳамвора бояд талош намоянд. Зеро пойдории давлату миллат маҳз бар мабнои урфу одат ва арзишҳои миллию фарҳангӣ пойдору устувор мегардад.   Бешбуҳа, хидматҳои Асосгузори сул­ҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, рушди босуботи иқти­содиёт, раванди бунёдкориҳо ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мондагор мебошад.   Эҳсон САФАРЗОДА, номзади илми филология, бознашр аз нашрияи "Омӯзгор"

    9

    15.11.2024