Ҳамоиши илмӣ: “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ”
15.11.2024
Имрӯз, дар Донишкада ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф” баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори Донишкада, Мирзозода Наврӯз ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба мавзӯи болозикр андешаронӣ намуд. Дар маърӯзаи худ оид ба саҳми мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорону кормандони соҳаи маориф андешаҳои пурмуҳтаворо ироа намуд.
Гуфта шуд, ки масоили илм ва маориф, омӯзгор, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, танҳо дар паёмҳои 22 соли охир (солҳои 2002-2024) аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 170 маротиба пешниҳодҳо, тавсия ва дастуру супоришҳо баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва мақому манзалати омӯзгор ироа гардидааст. Махсусан, масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар паёмҳо солҳои 2009, 2016, 2018, 2021, 2022 ва 2024 ба шакли муфассалу дақиқ инъикос гардидаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ, дар Донишкада ва филиалҳои он зиёда аз 571854 - нафар кормандони соҳаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Танҳо дар соли 2023 40224 – нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф маҳорати касбии худро тариқи курсу семинарҳои Донишкада ва филиалҳо такмил доданд, ки бевосита аз дастириву ғамхориҳои Сарвари кишвар ба омӯзгорону кормандони соҳа манша мегирад.
Масъалаи муҳим будани маҳорати касбии омӯзгоронро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуда, зимни суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2023 дар ин хусус таъкид намуданд: - “Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд”. Дар ин асос бо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ, ба моддаи 51 сархати 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 20.06.2024с., №2063) тағйирот ворид гардид.
Баъдан аз ҷониби омӯзгорону кормандони Донишкада дар мавзуъҳои “Нақши Президент дар рушди маориф, фарҳанг ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ”, “Инъикоси саҳми Президент дар рушди илму маориф (дар мисоли осорҳои илмӣ)”, “Нақши Президент дар эъмори ваҳдат ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон” ва "Саҳми Президент дар омода намудани кадрҳои илмӣ-ҳарбӣ (дар мисоли неруҳои марзбонӣ) ироа гардиданд.
Аксарияти мавзӯъҳои ироагардида доир ба масъалаҳои мактабу маориф ва дастигириҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳаи калидӣ бахшида шуданд.
Воқеъан, маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст ва такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисмҳои муҳимтарини низоми таҳсилоти миллӣ ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф нақши муҳим дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азизу гиромӣ!