БЕҲТАРИН ГАНҶИНАИ ҲАСТӢ СУЛҲУ СУБОТ АСТ

15.11.2024

Дар ҳама асру замон инсоният барои он талошу такопӯ ва саъйю азм намудааст, ки озоду сарбаланд ва бахтиёру саодатманд бошад. Мусаллам аст, ки чунин рӯзгори фирӯзу боамну рифоҳ танҳо дар заминаи оромию сулҳ ва муҳити озоду дур аз пархошу ҷанг ба одамон муяссар мегардад. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар марҳалаҳои гуногун миллати ҷафокашидаи тоҷик, ки аз табори озодагон маҳсуб меёбад, бар асари ҳуҷумҳои ғосибони аҷнабӣ ва ҷангҳову кашокашҳои дохилии табақаҳои болоии манфиатхоҳ, ҳамчунин, таассубу ҷаҳолату нодонӣ басо дар зери зулму бедодгариҳо қарор гирифта, баҳри наҷоту растагорӣ аз ҳисори бардагию сарафкандагӣ талошу пайкор, муқовимат ва муборизаҳо бурдааст, ки ҳосили он озодию сарафрохтагӣ будааст. Ҳақиқати маълум аст, ки решаи кулли бадбахтиҳо ҷангу қудратталабӣ буда, манфиатҷӯёни фурсатталаб аз ин тохтҳову хунрезиҳо суду фоида гирифтаанд, вале раъияти заҳматкаш азобу фоҷиаҳои мудҳишро дар дилу ҷони хеш таҷрибаву таҳаммул кардааст.

 

Воқеан, ҷанг амали хатарзо ва бар боди фано додани тамоми умеду орзу ва мақсадҳои некманишонаи инсоният ба шумор меравад. Аз ин хотир, суханони хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ садо дода буд («Ман ба шумо сулҳ меорам»), зербинои давлатеро гузошт, ки аҳдофаш сулҳу амонӣ ва ваҳдату дӯстии якдилии кулли қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Таъсири фалокатбори ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон солиёни дароз боқӣ монда, дарду доғи он дар ҳар як хонадон эҳсос карда мешавад.

 

Имрӯз Сарвари давлат дар ҳар як суханронии хеш таъкид мекунанду ҳушдор медиҳанд, ки бояд ваҳдату сулҳро, ки бо баҳои ҷон ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт кунем. Дигар набояд кишвар дар халои ҷаҳлу нодонӣ ва таассубгароии динӣ ғарқ гардида, ҳуқуқу озодиҳои мардум поймол ва худи онҳо дар ба дару ғарибу беватан шаванд.

 

Таҷрибаи талхи ҷанги дохилӣ бозгӯйи он аст, ки дар ҳама ҳолат бояд неруҳои хирадоину фазлпеша, қишри зиёию интеллектуали ҷомеа дар байни мардум, хусусан, насли наврас ва ҷавонон суҳбату суханрониҳои пурмуҳтаво, ки моҳияти онро нақши бузурги маърифату хирад, андӯхтани илм, фаъолияти созанда бар манфиати кишвар, садоқат ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ормонҳои волои ватандорӣ ташкил медиҳанд, анҷом бидиҳанд. Зеро бадхоҳону душманони миллату кишвар аз тамоми васоилу абзори дастраси иттилоотию тарғиботӣ истифода карда, бо ҳазёну фалсафафурӯшиҳои ҳангомаҷӯёнаи худ ба торҳои асаби ҷавонон нохун мезананд, ба афкори созандаи эшон латма ворид мекунанд, ки ин оқибатҳои хеле баду фоҷиабор дорад. Аз ин лиҳоз, имрӯз пайваста ба насли наврас ва ҷавонон хотирнишон кардан аз аҳамият холӣ нест, ки ҷанг омили бесуботию парокандагӣ, аз байн рафтани арзишҳои миллию дунявӣ ва сохти давлату давлатдорӣ буда, маҳз ваҳдату ягонагӣ, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан, ки дар раъси ин ҳама талошу фидокориҳо Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ба даст омадааст ва набояд, ҳеҷ қуввае, гурӯҳе ва бадхоҳу бадманише ин муҳити орому бегазандро халалдор созад. Ҳанӯз Бедил дар замони худ огаҳмандона садо баланд карда буд:

 

Сулҳ як мӯ агар ба ҷанг расад,

Шишаи оламе ба санг расад.

 

Агар сабабу омилҳои ба вуқуъ омадани ҷанги куллан бемоҳияти шаҳрвандиро дар ҷумҳурӣ ба таври дақиқу одилона таҳлил намоем, мушоҳида мекунем, ки як муддат зуҳур намудани халои маънавӣ, аз мардуму хостаҳои онҳо дур мондану бепарвоӣ зоҳир кардани ҳукуматдорони вақт ва ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳу фурсатталаб имкони озодии беҳудуд фароҳам овардан заминаҳои оташу аланга гирифтани кишвар гардид. Тамошогарони ин саҳнаҳои ногаҳонию ба муроду манфиатҳои онҳо хеле-хеле ба мавриду созгор (сарварони гурӯҳҳои ҷиноӣ, пешвоёни мазҳабӣ, аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ) майдонро бе назорат ва фарох дида, дар пайи амалӣ намудани ҳа­дафҳои нопоку муғризонаи хеш камари ҳиммат бастанд.

 

Падидаи басо таассуфангезу нобахшиданӣ он буд, ки ба гурӯҳҳои мазҳабию ифротгаро зумрае аз донишмандону зиёиён ноогоҳона ҳамроҳ шуда, иддаои озодию ҳувиятхоҳӣ намуданд. Воқеан, таблиғоти назарфиребонаи воизону ба ном «идеологҳо»-и наҳзатӣ бо истифода аз стереотипҳои қолабию маъмулӣ (камбудию норасоиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, ҳангома бардоштан аз ин ё он иқдоми пешгирифтаи Ҳукумат, дар маҷмуъ, аз зери нохун чирк кофтан) нафарони зиёдеро ба доми найранги худ мекашанд ва бесабаб нест, ки имрӯз низ ин амалу рафтори онон аз дуриҳо, ҳам­чунон, бешармона идома меёбад. Бадбахтӣ дар солҳои 90-ум он буд, ки сарнавишти мардуми заҳматкаш, ки як пора нонашро бо меҳнати ҳалол дарёфта, бо аҳли оила ва пайвандонашон бо ҳам медиданд, ба дасти раҳбарони аслан, бемавқеъ, беирода ва аз санъати давлатдорӣ фарсахҳо дур афтод.

 

Дарвоқеъ, нақши шахсияти сиёсӣ дар таърих таҳлил ва натиҷагирӣ шуда, басо бузург арзёбӣ гардидааст. Мутаассифона, роҳбарони вақти ҷумҳурӣ бо тафаккури қолабӣ, ки баста ба таълимоту андӯхтаҳои идеологии Шуравӣ буд ва дарку эҳсос накардани вазъияти ногувори баамаломада, иродату талош аз худ нишон надоданд, ки низому тартиб ва оромиро ҷорӣ намоянду таҳким бахшанд. Ҳол он ки низоми давлатдорӣ, таври маълум, бар мабнои адолату раъйиятпарварӣ, гӯш фаро додан ба арзу хостаҳои мардум, машварат оростан бо фозилону донишмандон ва пешгирӣ аз ҷангу хунрезиҳо бақову пойдор хоҳад буд. Ҳангоме ки тарсу ҳарос, беиродагӣ, дар ғами ҷони худ будан, аз мушкилиҳо тарсидан ва худро аз мардум дур гирифтан роҳбарони вақти ҳукуматро фаро гирифт, охирин умед ба ояндаи дурахшон аз байн рафт ва табиист, ки раъияти дар аъроф монда, ба вазъу носеҳии гурӯҳҳои ифротию силоҳбадаст гӯш фаро додан ва думболи онҳо рафтанд. Ҳосилу паёмади ин худфиребию ҳамҳамаангезиҳо чӣ шуд, ба ҳамагон маълум аст.

 

Ҷанге сар зад, ки оқибати онро касе пешгӯйӣ карда наметавонист. Ва кишвар бесоҳиб монд, мардумони зиёд рӯ ба фирор оварданд, хонаҳову корхонаҳову заводҳо сӯхтаву вайрону валангор гардида, аз куштаҳо пуштаҳо ба вуҷуд омад. Сӯхтану куштану сарзаминеро ба харобазор табдил додан аз амалҳои зуданҷоме ба шумор мерафт, ки дар сар то сари кишвар ба амал омад. Аммо пеши роҳи сели даҳ­шатбори ҷангро гирифтан, мардумро сарҷамъ намудан, харобаҳоро обод кардан, қабл аз ҳама, сулҳу ваҳдатро таҳким бахшидану баҳри рушду тараққии Ватан талошу фидокорӣ аз сар гирифтан амали саҳлу осоне набуд. Ва мардум ниҳоят сарвари дилсӯзу соҳибирода ва ҷонфидои худро дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд. Аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон Сарвари давлат босароҳат эълон намуданд, ки сохти ҳукуматдории Тоҷикистон демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ хоҳад буд. Дар ин кишвар ҳуқуқу озодиҳои мардум муҳтарам шуморида шуда, дасти ҳама гуна зӯроварию таассуби динӣ, ақидаҳои ифротию хурофотӣ ва ғояҳои мазҳабии маҳдудкунандаи иштироки меҳнаткашон дар идораи дав­латдорӣ кӯтоҳ аст. Воқеан, сохтори дунявӣ баёнгари дар заминаи илму хирад ва дастовардҳои илмӣ фаъолият кардану рушд бахшидани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба шумор меравад.

 

Дар меҳвари пешрафту ободии мамлакат инсони созандаи муосир қарор дошта, вай бо донишу тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии пешқадам иқдому навовариҳо нишон дода, нақши барҷастаи худро дар масъалаи ба оламиён муаррифӣ кардани кишвар мегузорад. Оре, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки ин музаффарияту комёбиҳо самараи сулҳу ваҳдат мебошад, ки заминаи он ҳанӯз 27 июни соли 1997 бо ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таври қатъӣ гузошта шудааст.

 

Мусаллам, ки имрӯз кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст, аз як тараф, раванди бунёдкориҳо вусъат ёфта, аз ҷониби дигар, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шудааст, ки дар меҳвари ин ҳама дастоварду комёбиҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз талошу пайкор ва ҷонфидоиҳои Сарвари давлат аст, ки имрӯз дар мамлакат фазои сулҳу субот танинандоз бу­да, мардум бо дасту дили гарм дар бунёди ҷомеаи навини кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Мо ҳамрӯза тавассути воситаҳои ахбори омма шоҳид мегардем, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳар гӯшаву канори мамлакат созанда­гиҳо ҷараён доранд ва кишвари мо тадриҷан симои хешро ба таври чашмрас дигаргун мекунад. Пешвои миллат зимни сафар ба шаҳру навоҳии кишвар чандин иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд, ки аз пешрафти бомароми мамлакат шаҳодат медиҳанд.

 

Шоистаи таъкид аст, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муш­килоти глобалӣ низ бориз мебошад, ки дар ин миён метавон аз ташаббус­ҳои Пешвои миллат вобаста ба тағйирёбии обу иқлим ёдовар шуд. Дар зимн, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пешгом мебошад. Яъне, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳофару бунёдкор ва ташаббускор шинохта шудааст.

 

Дар ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) хеле бамаврид зикр намуданд: «Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикис­тон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Аз ин лиҳоз, хо­тирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузаронданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд».

 

Ҳамакнун, вазифаю рисолати устодону омӯзгорон дар муассисаҳои таъ­лимӣ аввалқадам аз он иборат аст, ки насли наврасро дар руҳияи ормонҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, ғояҳои патриотизму хештаншиносӣ ва садоқат ба арзишҳои маънавӣ тарбия намоянд. Насли созанда ва ҷавонони кӯ­шову серғайрат бояд ҷанбаю омилҳои таҳким ёфтани оромию ваҳдат ва суботу сулҳро дар кишвар омӯхта, аз воқеаҳои баамаломада хулосаи дақиқу саҳеҳ бароранд. Ба таблиғи гумроҳкунандаи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, ки дар хориҷи кишвар сукунат доранд, фирефта нашаванд, зеро ҳангома бардоштан зери шиорҳои «озодӣ», «демократия», «гуманизм» ва «ватандӯстӣ»-и дурӯғин ба ҷуз манфиатхоҳию қудратталабӣ сухане беш набуда, дасисаҷӯён бо ин шеваю усул мағзи ҷавононро заҳролуд кардан мехоҳанд.

 

Аммо тири ин бадгавҳарон ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф нахоҳад расид. Мардуми шарифи Тоҷикистон хулосаи худро дар ин шебу фарози марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ баровардаву ба натиҷаи ниҳоӣ расидаанд, ки беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ сулҳу оромӣ ва ваҳдату муттаҳидӣ ба шумор меравад.

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

номзади илми филология,

бознашр аз нашрияи "Омӯзгор"

  • БЕҲТАРИН ГАНҶИНАИ ҲАСТӢ СУЛҲУ СУБОТ АСТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд 17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.   Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.   Иншоот дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, дастрасии ятимонро ба таҳсили босифат таъмин месозад.   Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.   Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд.   Дар маҷмуъ 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд.   Иншооти варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машқу тамрин замина мегузорад.   Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд интиҳои ташвишу нигаронии онҳо шуда, ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити будубош ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба гурӯҳи соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат маънидод карданд.   Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.   Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, аз ҷумлаи онҳо мебошад.   Муассиса дорои 11 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 нафар омӯзгори соҳибтахассус метавонанд раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монанд.   Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар деҳаи Порвени деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент норасоии ҷойи нишаст ва дигар мушкили самти таҳсил дар деҳоти мазкурро бартараф намуд. Иншоот дорои 12 синфхона буда, дар он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 320 хонанда дар ду баст вуҷуд дорад.   Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт, сифати таълиму тадриси хонандагонро боз ҳам беҳтар менамояд. Бинои иловагии таълимӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат бунёд шуда, дорои 6 синфхона мебошад.   Ба ҳамин тариқ дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 ифтитоҳ ёфт. Иншоот бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш мебошад. Бо бунёди муассисаи нави соҳаи маориф имкон аст, ки 1280 хонанда дар ду баст ва дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифта шаванд.   Бунёди 4 иншооти соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ шуд, ба таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кории нав ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 2000 хонанда дар ду баст дар вилояти Суғд мусоидат менамояд.   Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кӯдакону наврасони ятим мулоқот намуданд.   «Таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилот ва дар муҳити солим ба воя расонидани кӯдакони ятиму бепарастор дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад ва мо намегузорем, ки Шумо лаҳзае худро бекасу танҳо бубинед»-таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Сипас Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар наврасону ҷавонони ниёзманд маҷмуи сару либос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуда, аз онҳо омӯзиши илму ҳунари мутобиқ ба замони муосирро талаб карданд.

    45

    17.11.2024
  •  img
    ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2024 инҷониб дар назди як қатор муассисаҳои таълимӣ 154 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 3950 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.   Бинобар сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва ба миён омадани мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ 15-уми ноябри соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин ва сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Назрулозода Зиёратшоҳ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Роҳатии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 6 синфхонаи иловагӣ барои 150 нафар хонанда дар як баст, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бинои иловагӣ иборат аз 12 синфхона барои 300 нафар хонанда дар як баст ва 1 толори хурди маҷлисӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №184-и деҳаи Теппаи Самарқандӣ-3 Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуд.   Инчунин, дар деҳаи Тубеки Ҷамоати деҳоти Лоҳур Муассисаи таҳсилоти томактабии №12 барои 2 гурӯҳ бо фарогирии 60 нафар кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.   Қобили зикр аст, ки синфхонаҳои мазкур аз ҷониби сокинони деҳот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шуданд.

    35

    16.11.2024
  •  img
    Ҳамоиши илмӣ: “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ” Имрӯз, дар Донишкада ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф” баргузор гардид.   Ҳамоишро ректори Донишкада, Мирзозода Наврӯз ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба мавзӯи болозикр андешаронӣ намуд. Дар маърӯзаи худ оид ба саҳми мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорону кормандони соҳаи маориф андешаҳои пурмуҳтаворо ироа намуд.   Гуфта шуд, ки масоили илм ва маориф, омӯзгор, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, танҳо дар паёмҳои 22 соли охир (солҳои 2002-2024) аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 170 маротиба пешниҳодҳо, тавсия ва дастуру супоришҳо баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва мақому манзалати омӯзгор ироа гардидааст. Махсусан, масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар паёмҳо солҳои 2009, 2016, 2018, 2021, 2022 ва 2024 ба шакли муфассалу дақиқ инъикос гардидаанд.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ, дар Донишкада ва филиалҳои он зиёда аз 571854 - нафар кормандони соҳаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Танҳо дар соли 2023 40224 – нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф маҳорати касбии худро тариқи курсу семинарҳои Донишкада ва филиалҳо такмил доданд, ки бевосита аз дастириву ғамхориҳои Сарвари кишвар ба омӯзгорону кормандони соҳа манша мегирад.   Масъалаи муҳим будани маҳорати касбии омӯзгоронро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуда, зимни суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2023 дар ин хусус таъкид намуданд: - “Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд”. Дар ин асос бо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ, ба моддаи 51 сархати 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 20.06.2024с., №2063) тағйирот ворид гардид.   Баъдан аз ҷониби омӯзгорону кормандони Донишкада дар мавзуъҳои “Нақши Президент дар рушди маориф, фарҳанг ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ”, “Инъикоси саҳми Президент дар рушди илму маориф (дар мисоли осорҳои илмӣ)”, “Нақши Президент дар эъмори ваҳдат ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон” ва "Саҳми Президент дар омода намудани кадрҳои илмӣ-ҳарбӣ (дар мисоли неруҳои марзбонӣ) ироа гардиданд.   Аксарияти мавзӯъҳои ироагардида доир ба масъалаҳои мактабу маориф ва дастигириҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳаи калидӣ бахшида шуданд.   Воқеъан, маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст ва такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисмҳои муҳимтарини низоми таҳсилоти миллӣ ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф нақши муҳим дорад.   Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азизу гиромӣ!

    83

    15.11.2024