24.11.2025

 img

Ҳамватанони азиз!

 

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.

 

Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.

 

Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.

 

Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.

 

Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад.

 

Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.

 

Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем:

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,

Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

 

Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст.

 

Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.

 

Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад.

 

Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд.

 

Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.

 

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.

 

Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.

 

Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.

 

Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.

 

Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.

 

Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.

 

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

 

Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.

 

Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.

 

Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

 

Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям.

 

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Today in the city of Dushanbe on the occasion of the Day of the State Flag of the Republic of Tajikistan was held a peaceful march of residents and youth of various professions of the capital. Leadership, officials and employees of the office of the Chairman of the city of Dushanbe, the Executive bodies of state power of the city of Dushanbe and its districts, republican ministries, departments and enterprises, district and city structures in the field of education, health care, culture, party activists, athletes, leadership and teachers and students of universities took part in this march. e to apply for permits through a unified electronic system and conduct their activities in accordance with the requirements of the legislation.

    26

    24.11.2026
  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозтоби таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва омили таҳкимбахши худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад, самимона табрик мегӯям.   Парчами давлатӣ гувоҳи равшани ҳастиву устувории давлат, таҷассуми сарҷамъиву ҳамбастагии миллат ва тантанаи сулҳу ваҳдати пойдор мебошад.   Он моро ба пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саъйу талош ба хотири ободиву пешрафти минбаъдаи Ватан ҳидоят менамояд.   Парчами давлатӣ аз давраҳои бостонӣ ҳамқадами сарнавишти миллати тоҷик ва давлатҳои тоҷикон буда, анъанаҳои неки давлатдорӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳанги миллии моро дар гузаштаи тӯлонӣ таҷассум кардааст ва дар ҷаҳони имрӯз муаррифӣ менамояд.   Яъне анъанаи парчамдорӣ ва эҳтиром гузоштан ба парчам ҳамчун омили иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фарҳанги мардуми мо таърихи қадима дорад.   Дирафши коваёнӣ, ки асоси парчамдории мардумони ориёӣ, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик мебошад, то ба имрӯз чун рамзи муборизаву истиқлолхоҳӣ, нангу номуси миллӣ ва пирӯзиву адолат ба шумор меравад.   Онро метавон пайванди устувори таърихи пурифтихор бо имрӯзи ободу босаодат ва фардои дурахшони миллати фарҳангсолори тоҷик унвон кард.   Имрӯз парчами давлатӣ дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон парафшонӣ намуда, аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мужда медиҳад.   Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ парчами давлатӣ на танҳо василаи таъмини сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик, балки омили асосии таҳкими худшиносӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.   Имрӯз оламиён парчами миллии тоҷиконро мешиносанд, эътироф менамоянд ва дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву маънавии моро ба он пайванд медиҳанд.   Ҷилову шукӯҳи онро мо имрӯз дар минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ бо ифтихору сарбаландӣ мушоҳида мекунем.   Парчами давлатӣ имрӯз ҳамрадифи давлату миллат ва дигар муқаддасоти миллии мо буда, аз сарҷамъиву иттиҳод, пешрафту ободӣ, суботи сиёсӣ ва қудрату имкониятҳои азими созандагии миллати тоҷикро дар ҳама гӯшаву канори олам муаррифӣ менамояд.   Ҷавонони мо бояд хуб донанд, ки парчам танҳо як матои рангаву муҷалло нест, балки он дар худ таъриху тамаддуни оламшумул, фарҳанги пурғановат, озодиву ободӣ ва ормонҳои неки мардуми шарафманди тоҷикро таҷассум менамояд.   Вобаста ба ин, ҷавононро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз парчамдориву соҳибдавлатӣ ва оромиву ободии Ватан барои аз худ намудани донишҳои муосир, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ талоши бештар намоянд.   Мо бояд эҳтиром гузоштан ба парчами давлатиро дар зеҳну андешаи насли наврас ба амали ҳаррӯзаи маънавию маърифатӣ табдил диҳем.   Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба миллату давлатро омӯзонем.   Дар ин самт бояд оила, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, аҳли илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар нақши фаъол дошта бошанд.   Мо ҳамеша ба неруи созанда ва масъулияти баланди ватанпарваронаи мардуми тоҷик эътимоди қавӣ дорем ва бовар дорем, ки онҳо то ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд.   Дар ин ҷода моро парчами миллӣ ҳамчун ифодаи муҳаббату садоқати бепоён ба давлату миллат, эҳтироми шоиста ба таърихи гузашта ва масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда раҳнамо мебошад.   Бори дигар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, орзу менамоям, ки ин олитарин муқаддасоти миллӣ ва рамзи ватандориву худшиносии миллӣ дар фазои орому осудаи Ватани аҷдодиамон ҷовидона парафшон бошад ва миллату давлати моро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун созад.   Рӯзи парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

    42

    24.11.2026
  •  img
    ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ҳамдиёрони азиз! Сокинони сарбаланди пойтахт! Ҳамаи шуморо бо ҷашни муқаддасу пурифтихори миллӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Парчам дар таъриху фарҳанги давлатдории миллати тоҷик мақоми хос дошта, ҳамчун рамзи озодӣ, истиқлол, ваҳдати миллӣ, шуҷоат ва сарбаландии миллат ба шумор меравад. Ин муқаддасоти миллӣ таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва ҳувияту асолати миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатдории миллӣ, сарҷамъиву ягонагии мардум ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон табдил ёфта, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад. Хушбахтона, имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик бо ифтихор парафшон аст. Мо бояд эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатиро ҳамчун нишонаи олии садоқат ба Ватан дар назди наслҳои имрӯзу оянда ҳамеша пос дошта, ин арзишро муқаддасу гиромӣ дорем. Бори дигар ҳамаи ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як оила бахту саодат, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон фардои дурахшонро орзу менамоям. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

    29

    24.11.2026