21.11.2025
Таҳти ин унвон имрӯз, 21 нобяри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ин ҷашнро рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ рамзи саодату иқболи мардуми сарбаланди тоҷик ба ҳисоб рафта, он баёнгари сулҳу субот буда, ваҳдату ягонагии моро исбот менамояд. Парфишон гардидани он моро ба сӯйи ояндаи неку дурахшон ва фардои ободу осуда роҳнамоӣ мекунад. Бо ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» эълон гардидани рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рӯзи эҳтиромгузорӣ ва қадршиносӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдорӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи пурғановати халқамон бармеояд, яке аз парчамбардори нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати хосае доштааст.
Дар идома доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қ. Расулиён дар мавзуи «Аз таърихи парчамдории тоҷикон» маъруза намуда, таърихи ташаккули парчамдории тоҷиконро аз давраҳои бостон то даврони истиқлолият таҳлил кард. Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Г. Қаноатова дар мавзуи «Парчами давлатӣ - рамзи худшиносӣ ва давлатдории тоҷикон» суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки Парчами миллӣ ифодагари ҳувияти миллӣ ва манбаи тарбияи шаҳрвандӣ буда, эҳтиром ба он яке аз пояҳои устувори ҷомеаи мутамаддин аст.
Гуфта шуд, ки мардуми кишвари азизамон имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ роҳбарияти вазорат ва иштирокдорони конференсия зарурати таҳкими корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва маърифатиро дар самти боло бурдани эҳтиром ба Парчами давлатӣ таъкид карданд.
Конференсия бо таманниёти сулҳу субот, пешрафти минбаъдаи кишвар ва эҳтироми устувор ба Парчами давлатӣ ба кори худ хотима бахшид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон