07.12.2025
Об барои мо манбаи ҳаёт, омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва чун василаи муҳимтарини ҳамгироии минтақавӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ин ҳифзи ҳаёт дар рӯйи замин аст.
Муқаддима
Дар оғози асри XXI инсоният бо яке аз ҷиддитарин хатари таърихӣ – тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ рӯ ба рӯ гардид. Имрӯз сайёраи мо ба «бемор»-е монанд аст, ки ҳарорати баданаш рӯз то рӯз баланд мешавад ва агар ҳарчи зудтар пеши роҳи он гирифта нашавад, тақдири сайёраи замин ба фоҷиа меанҷомад. Дар чунин шароит, пиряхҳо на танҳо ҳамчун захираи бузурги оби тоза, балки ҳамчун «тавозун»-и табиат нақши ҳаётиро иҷро мекунанд ва барои ҳаёту зиндагии инсоният бисёр заруранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ифтихор «хонаи об»-и Осиёи Марказӣ номида мешавад, дар саргаҳи ин набард барои бақои табиат қарор дорад. Пиряхҳои сарзамини мо танҳо қуллаҳои барфпӯши зебо нестанд, онҳо хазинаи тиллоии миллат, сарчашмаи рӯшноӣ ва кафили амнияти озуқавории тамоми минтақа мебошанд. Ҳадафи ин мақола таҳлили вазъи имрӯзаи пиряхҳо, инъикоси хатарҳои экологӣ ва арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи наҷоти онҳост.
Пиряхҳо – сармояи стратегии миллат
Дар Тоҷикистони азизи мо, ки 93% ҳудудашро кӯҳҳо, аз ҷумла, кӯҳҳои осмонбӯси ҳамеша барфпӯш ташкил медиҳанд, сарвати аз ҳама бебаҳо, фаровон ва ояндасоз об аст, оби рӯдҳои шӯху пуртуғёни кӯҳӣ. Маҳз истифодаи босамари ҳамин сарвати гаронбаҳо, ки табиат ба Тоҷикистон фаровон ато кардааст, метавонад таъмингари зиндагии шоистаи мардуми кишвар бошад. Агар чунин аст, пас мардуми Тоҷикистон ҷуз истифодаи сарчашмаҳои пурғановати обию энергетикӣ барои таъмини фардои дурахшони Ватани азизи худ роҳи дигар надорад.
Дар Тоҷикистон 60% оби минтақаи Осиёи Марказӣ тавлид мегардад. Мутаассифона, аз ин ганҷи бебаҳои табиат самаранок истифода намебарем. То имрӯз ҳамагӣ панҷ фоизи обҳои диёрамонро истифода мебарему халос.
Агар Неругоҳи барқт обии «Роғун» сохта ва пурра ба кор андохта шавад, имконоти шодобгардонии боз садҳо ҳазор гектар замин дар ин минтақа ба миён меояд. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд фаровон баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон набуда, ба нафъи кулли минтақа аст.
Иқтидори лоиҳавии неругоҳи «Роғун» бо 6 чарх, 3600 мегаватт буда, сарбанди обанбораш бояд 335 м бардошта шавад.
Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва оби судбахшаш 10,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Чунин ҳаҷми об бояд давоми 15-17 сол ҷамъоварӣ шавад.
Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан, ин неругоҳ метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол намояд.
Тибқи таҳқиқотҳои илмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8500 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин захираи бузург сарчашмаи асосии дарёҳои бузурги минтақа, аз ҷумла, Амударё ва Сирдарё мебошад.
Аҳаммияти стратегии пиряхҳоро дар ду самти калидӣ дидан мумкин аст:
– Гидроэнергетика. Зиёда аз 98% неруи барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ («Норак», «Роғун» ва ғ.) истеҳсол мешавад. Ин "энергияи сабз" маҳз аз обҳои пиряхҳо ҳосил мегардад.
– Кишоварзӣ. 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, миллионҳо гектар заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистонро шодоб мекунанд.
Дар ҳудуди мо пиряхи нодири Федченко ҷойгир аст, ки дарозтарин пиряхи водигӣ дар ҷаҳон (берун аз минтақаҳои қутбӣ) ба шумор рафта, дарозии он зиёда аз 70 километр аст. Он ҳамчун "барометр"-и иқлими минтақа хизмат мекунад.
Таҳдиди гармшавии глобалӣ ва вазъи имрӯза
Бо таассуф бояд қайд кард, ки вазъи пиряхҳо нигаронкунанда аст. Таҳлилҳои олимони соҳаи пиряхшиносӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир таъсири антропогенӣ (фаъолияти инсон) ва гармшавии умумии сайёра боис шуданд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях пурра аз байн равад.
Сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо инҳоянд:
– Баландшавии ҳарорат: афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ (карбон) ба атмосфера.
– Омили чангу намак: хушк шудани Баҳри Арал боиси ба ҳаво хестани миллионҳо тонна чангу намак мегардад. Ин ғубор ба рӯйи пиряхҳои Помиру Тиён-Шон нишаста, ранги онҳоро тира мекунад ва нури офтобро бештар ҷаббида, раванди обшавиро 2-3 маротиба метезонад.
Агар ин раванд пешгирӣ карда нашавад, то соли 2050 мо метавонем қисми зиёди пиряхҳои хурдро аз даст диҳем. Ин ҳолат ба оқибатҳои фоҷиабор, аз қабили камобӣ, норасоии барқ, низоъҳо барои об, селҳои харобиовар ва муҳоҷирати экологии аҳолӣ оварда мерасонад.
Тоҷикистон – пешсафи ҷаҳон дар масъалаҳои об ва иқлим
Дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Тоҷикистон на танҳо мушкилотро баён мекунад, балки роҳҳои ҳалли онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Силсилаи ташаббусҳои дар хусуси об обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Аммо муҳимтарин дастоварди таърихӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо 14 декабри соли 2022 ба вуқуъ пайваст. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномаи махсусро қабул кард, ки мувофиқи он:
– Соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид.
– Рӯзи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар карда шуд.
– Дар назди СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Ин иқдом исбот намуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои башарият дар масъалаи иқлим эътироф шудааст.
Роҳҳои ҳифзи пиряхҳо: вазифаи мо чист?
Эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо танҳо оғози кор аст. Барои амалан ҳифз намудани ин сарват, бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд. Вазифаи мо – насли ҷавон ва зиёиён аз инҳо иборат аст:
– Дастгирии илм: мониторинги доимии пиряхҳо тавассути технологияҳои кайҳонӣ ва таҳқиқоти муосир.
– Гузариш ба «иқтисоди сабз». Истифодаи самараноки неруи барқ ва ҷорӣ намудани нақлиёти барқӣ барои кам кардани партовҳои газӣ.
– Бунёди ҷангалзорҳо. Дарахтон ва растаниҳо «шуш»-и сайёра мебошанд. Маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар доманакӯҳҳо иқлимро муътадил месозад.
– Маданияти истифодаи об: ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки исрофкории об дар рӯзгор ва кишоварзӣ бояд аз байн бардошта шавад.
Хулоса
Пиряхҳо танҳо як падидаи табиӣ нестанд; онҳо кафили бақои на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки миллионҳо сокини сайёра мебошанд. Аз байн рафтани пиряхҳо маънои аз байн рафтани рӯдҳо ва дар ниҳоят, нобудии ҳаётро дорад.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо мояи ифтихор ва ҳамзамон, масъулияти бузург аст. Мо – ворисони ин сарзамини куҳанбунёд, бояд дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳмгузор бошем. Ҳифзи пиряхҳо аз ҳар як қатраи оби сарфашуда, аз ҳар як ниҳоли шинондашуда ва аз ҳар як амали неки мо нисбат ба табиат оғоз меёбад.
Биёед, бо шиори «Пиряхҳо – тоҷи сари Тоҷикистон» табиати биҳиштосои худро ҳифз кунем ва ба оламиён нишон диҳем, ки мо посбони сазовори ин хазинаи тиллоӣ ҳастем.
Мубориз Сабзаев
донишҷӯи курси якуми факултети
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон