07.12.2025
Ӯ ҳангоми суҳбат ҳарфҳоро бо нармӣ ба забон меовард, гӯё намехост, ки эҳсосоти ботинияш ошкор гардад. Ором, андешаманд ва бо эҳтиром сухан мекард. Аз ҳар ҷумлааш маълум мешавад, ки китоб барои ӯ ҳамсафари зиндагист. Аз ангезаи иштирок дар озмун то машаққатҳои шабонарӯзиву муваффақ шуданаш нақл кард. Умеда Шарифова-хонандаи синфи 4-и МТМУ №4-и ноҳияи Масчоҳ, ғолиби Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷики Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.
-Ман дар даврҳои ноҳиявию вилоятӣ сазовори ҷойи аввал гардидам, тайёриамро пухтатар карда, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ омода шудам. Мехостам, аққалан, ҷойи сеюмро гирам, аммо намедонистам, ки ин комёбӣ ба ман даст медиҳад,-бо ҳаяҷон мегӯяд Умеда.
Модараш низ бо ифтихор мегуфт: “Умеда аз хурдӣ ба китоб дил баста буд. Ҳар китобе, ки ба дасташ меафтод, ҳатто агар барои синну соли ӯ душвор бошад ҳам, онро мехонд”. Ҳамин дастгириву роҳнамоии муҳити оила буд, ки дар дили ӯ меҳр ва эҳтироми хосса ба китоб парвариш ёфт.
У. Шарифова барои иштирок дар озмун шабу рӯз заҳмат кашида, бештари вақташро барои мутолиаи асарҳои бадеӣ ва аз бар намудани осори адибон сарф мекард. Ҳар боре, ки ба китоб рӯ меорад, гӯё ба олами рангини маънавӣ ворид мешавад. Барояш мутолиаи китоб амсоли нафас кашидан шудааст, ки бидуни он фаъолияти худро тасаввур карда наметавонад Хомӯшии шаб, рӯшноии чароғи мизи корӣ ва китобҳои парешоне, ки гирду атрофро пур карда буданд, ҳамсафари ҳамешагии ӯянд.
Бале, Умеда барои соҳиб шудан ба Шоҳҷоиза 20 роман, 40 повест, 6 очерк, 115 ҳикоя, 3 асари ёддоштӣ, 3 асари драммавиро мутолиа намуда, 137 ғазал, 150 рубоиву дубайтӣ, 250 байт достон ва 150 байт аз дигар навъҳои шеъриро аз бар кардааст.
Меҳру муҳаббат ба китоб дар дар ниҳоди Умеда ҳанӯз 6 сол дошт, пайдо гардид. Дар ин давра тамоми дарсҳои хонандагони синфи якумро аз худ карда буд, аз ин рӯ, ба мутолиаи китобҳои бачагона пардохт. Албатта, дар ин роҳ модараш, ки дар деҳа ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият менамояд, кумак намуд.
Ба ин мазмун, ду сол аз рӯйи номинатсияи адабиёти бачагона дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуд, вале сазовори ҷойи намоён нагардид. Баъдан, ба хулосае омад, ки аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик иштирок кунад. Дар соли аввали иштирок дар ин номинатсия, то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт, аммо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ нашуд, аз ин ҳолат руҳафтода нагардид. Баръакс, ҳар як нокомӣ барояш неру мебахшид, ки бештар бихонаду биёмӯзад ва аз ёд кунад. Ҳамин иродаи қавӣ ва боварӣ ба хеш буд, ки ба ин дастоварди бузург ноил гардид.
-Дастрасӣ ба китоб каме мушкил буд, аммо омӯзгори ман, ки худ пештар иштирокчии озмуни мазкур аст, аксари китобҳоро дошт. Баъзе асарҳоеро, ки дастрас карда наметавонистем, омӯзгор шакли электронии онро аз интернет боргирӣ карда, дар варақ чоп менамуд, онҳоро ба монанди китоб дӯхта, мутолиа мекардам,-иброз дошт қаҳрамони мо.
Барои ӯ, аз ҳама бештар асари “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода писанд аст ва ҳеҷ гоҳ аз такрор ба такрор омӯхтани он хаста намешавад. Ӯ бо ифтихор мегӯяд: “Ман китобхониро дӯст медорам. Хондани китоб ва илмомӯзӣ роҳи ояндаи моро равшан ва ҷаҳонбиниамонро васеъ мекунад. Дар оянда мехоҳам табиб шавам ва барои саломатии мардуми сарбаланди кишварамон саҳм гузорам”.
Ҳамин тариқ, 4 декабр толори пур аз одам, ҳар як иштирокчӣ садо додани номи худро мунтазир. Волидон барои шунидани номи фарзанди худ интизорӣ мекашиданд ва омӯзгорон аз шунидани номи шогирди хеш ба ваҷд меомаданд.
Вақте ки номи Умеда Шарифова ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза эълон шуд, ашки лолагуне дар чашмонаш ҳалқа зад ва танҳо чизе, ки гуфт, ин буд: “Ман Шоҳҷоизаи худро ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин (Мастчоҳ) мебахшам”.
Дар интиҳои суҳбат Умеда миннатдории худро ба ташкилкунандагони озмун, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми кишвар, волидони азизаш, омӯзгораш – Одинамуҳаммад Раҷабзода ва дигар масъулин иброз намуд. Ваъда дод, ки дар оянда Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифӣ мекунад.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Омӯзгор”