25.09.2026
МУҚАДДИМА
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рақамикунонӣ ба яке аз омилҳои асосии дигаргунсозии ҷомеа ва иқтисоди муосир табдил ёфтааст. Имрӯз рақобатпазирии давлатҳо на танҳо аз захираҳои табиӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ, балки пеш аз ҳама, аз сатҳи рушди сармояи инсонӣ, дониш, малака ва қобилияти истифодаи технологияҳои муосир вобаста мебошад.
Сармояи инсонӣ аз низоми маориф оғоз меёбад. Аз ин рӯ, рақамикунонии соҳаи маориф бояд ҳамчун як раванди фарогир ва дарозмуддат баррасӣ гардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои ташаккули муҳити рақамии соҳаи маориф тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, як қатор платформаҳо ва системаҳои рақамӣ таҳия ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042, Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024-2028 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 самтҳои муҳимми ин равандро муайян менамоянд.
Бояд таъкид намуд, ки рақамикунонии маориф танҳо бо харидорӣ ва насби компютер, тахтаи электронӣ ё пайваст намудани муассиса ба интернет маҳдуд намешавад. Рақамикунонӣ, пеш аз ҳама, тағйир додани муносибат ба раванди таълим ва идоракунии он мебошад.
ПЛАТФОРМАҲОИ РАҚАМӢ – ЗАМИНАИ НАВИ ТАЪЛИМ
Яке аз самтҳои муҳимми рақамикунонии соҳаи маориф ташкили муҳтавои босифати рақамӣ мебошад. Дар ин самт Платформаи «Китобхонаи электронӣ» аҳамияти махсус дорад. Платформа бо мақсади фароҳам овардани дастрасии осон ба захираҳои рақамии таълимӣ таҳия гардида, дар он китобҳои дарсӣ, бадеӣ, маводи аудиоӣ, видеоӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ дар шаклҳои электронии EPUB ва PDF ҷой дода шудаанд.
Мавҷудияти чунин захираҳо имкон медиҳад, ки раванди омӯзиш бо доираи китоби дарсии чопӣ маҳдуд нашуда, омӯзгор метавонад маводи иловагиро дар ҷараёни дарс истифода барад ва хонанда бошад, имкони такмил додани донишҳои худро низ пайдо намояд.
Платформаи рақамии таълимии «Сандуқчаи зулбиё» низ барои рушди таҳсилоти томактабӣ нақши муҳим дорад. Он дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳия шуда, барои мураббиён ва волидони кӯдакони синни то шашсола маводи таълимӣ, методӣ, бозиҳо, машғулиятҳо, китобҳои бадеӣ, мақолаҳо ва дастуру тавсияҳоро пешниҳод менамояд.
Ҳамзамон, платформаи «Мактаб-мобайл» имкониятҳои омӯзиши рақамии хонандагон ва такмили ихтисоси омӯзгоронро васеъ менамояд. Платформа видео, китобҳои электронии дарсӣ ва маводи интерактивиро дастгирӣ намуда, ҳам дар шакли онлайн ва ҳам офлайн фаъолият карда метавонад.
Чунин имкониятҳо, махсусан, барои рушди таҳсилоти фарогир, дастрас намудани маводи таълимӣ ба минтақаҳои дурдаст ва ташкили омӯзиши мустақилонаи хонандагон муҳим мебошанд.
EMIS – ГУЗАРИШ БА ИДОРАКУНИИ МАЪЛУМОТМЕҲВАР
Яке аз дастовардҳои муҳимми рақамикунонии идоракунии соҳа таҷдид ва ҷорӣ намудани Системаи иттилоотии идораи соҳаи маориф - EMIS мебошад.
Низоми мазкур имкон фароҳам меорад, ки маълумоти муассисаҳои таълимӣ, хонандагон, омӯзгорон, давомот, натиҷаҳои таҳсил, ҷадвали дарсӣ, захираҳои кадрӣ, ҳисоботи оморӣ ва фаъолияти молиявӣ дар муҳити ягона ҷамъоварӣ ва таҳлил карда шавад.
Аҳаммияти асосии чунин низом дар он аст, ки қарорҳои идоракунӣ метавонанд бештар бар асоси маълумоти воқеӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳо қабул карда шаванд. Ин равиш ба коҳиши ҳуҷҷатгузории коғазӣ, баланд гардидани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат мекунад.
Барои санҷиши амалии низоми нав татбиқи озмоишии EMIS дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Темурмалик роҳандозӣ гардидааст. Дар минтақаҳои озмоишӣ барои раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ таҷҳизоти зарурии компютерӣ дастрас гардида, зиёда аз 400 нафар корманди соҳаи маориф аз омӯзишҳои махсус гузаронида шудаанд.
Натиҷаҳои мониторинги татбиқи озмоишӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи EMIS ба такмили идоракунии муассисаҳои таълимӣ, коҳиши гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ, баланд гардидани шаффофият ва омодасозии ҳисоботҳои таҳлилӣ мусоидат намудааст.
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ТАҲКИМИ РОБИТАИ МАКТАБ БО ОИЛА
Яке аз талаботи муҳимми мактаби муосир таҳкими ҳамкории муассисаи таълимӣ бо волидон мебошад. Дар ин самт, замимаи мобилии «MaktabDG» имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Тавассути он волидон метавонанд маълумотро оид ба давомот, натиҷаҳои таҳсил, вазифаҳои хонагӣ, ҷадвали дарсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи фарзанд ба таври фаврӣ дастрас намоянд.
Баланд бардоштани сифати таҳсилот бе низоми муосири арзёбӣ имконнопазир аст. Дар ин раванд платформаи рақамии «Донишсанҷ» барои арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон ва мониторинги сифати таҳсилот тавассути тестҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ пешбинӣ шудааст.
Платформа имкон медиҳад, ки санҷиш, арзёбӣ, таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаҳои таълимӣ ба таври рақамӣ, шаффоф ва саривақтӣ анҷом дода шавад.
Ҳеҷ гуна платформа ё технологияи муосир наметавонад ҷойгоҳи омӯзгорро иваз намояд. Баръакс, рақамикунонӣ талаботро ба касбият ва салоҳияти омӯзгор бештар мекунад.
Омӯзгори муосир бояд на танҳо соҳиби дониши фаннӣ ва маҳорати педагогӣ, балки дорои салоҳияти рақамӣ низ бошад ва тавонад захираҳои электрониро дуруст интихоб ва истифода кунад.
Дар ин самт, платформаи OmuzgorPro.tj, ки дар асоси муҳити омӯзишии Moodle таҳия гардидааст, барои рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ҳамзамон, Системаи иттилоотии такмили ихтисоси омӯзгорон барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва баҳодиҳии маълумоти марбут ба рушди касбии омӯзгорон хидмат мекунад.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ баргузор гардид. Хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ супоришҳои арзёбиро тавассути таҷҳизоти компютерӣ, аз ҷумла, ноутбукҳо иҷро намуданд. Дар Тоҷикистон арзёбӣ ба таври берунхат (офлайн) роҳандозӣ гардида, истифодаи технологияҳои рақамӣ имкон фароҳам овард, ки раванди санҷиш ба талаботи муосири байналмилалӣ мутобиқ ва натиҷаҳо ба таври дақиқу шаффоф ҷамъоварӣ карда шаванд.
Марҳалаи асосии PIRLS-2026 дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо иштироки тақрибан 7 ҳазор хонандаи синфи 4-ум баргузор гардид. Ҳадафи он муайян намудани сатҳи саводнокии хониш, қобилияти дарки матн, таҳлил, хулосабарорӣ ва истифодаи амалии иттилооти хондашуда мебошад.
ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО БАРОИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
Рақамикунонии маориф ба рақамикунонии худи низоми таълим маҳдуд намешавад, балки вазифаи муҳимтарини он омода намудани насли дорои дониш ва малакаҳои зарурӣ барои иқтисоди рақамӣ маҳсуб меёбад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли таҳсили 2025-2026 дар 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи се ихтисоси самти рақамикунонӣ 474 донишҷӯ таҳсил менамуд. Аз ин шумора 452 нафар дар ихтисоси иқтисодиёти рақамӣ, 12 нафар дар педагогикаи рақамӣ ва 10 нафар дар самти рақамикунонии логистика ва нақлиёт таҳсил доштанд.
Яке аз самтҳои нави рушди таҳсилоти умумӣ омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар синфҳои 10-11 мебошад. Ҷорӣ намудани чунин самт ба ташаккули саводнокии рақамӣ, тафаккури алгоритмӣ ва истифодаи масъулонаи технология равона шудааст.
Татбиқи самараноки ин раванд омодасозии омӯзгорон, таҳияи маводи методӣ, тайёр намудани тренерони миллӣ ва ташкили низоми устувори дастгирии машваратию техникӣ талаб мекунад.
Дар ин раванд, ҳамкории байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои дорои низоми муосири таҳсилоти рақамӣ метавонад ба рушди босуръати иқтидори миллӣ мусоидат намояд.
ИНФРАСОХТОР – ОМИЛИ ДАСТРАСИИ БАРОБАР
Барои рушди муҳити рақамии маориф инфрасохтори устувор аҳаммияти калидӣ дорад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 104 ҳазору 240 компютер, 7653 тахтаи электронӣ ва 8834 проектор мавриди истифода қарор доранд. Ба интернет 2644 муассиса пайваст мебошад.
Ҳамзамон, яке аз масъалаҳои ҳалталаб суръат ва устувории интернет мебошад. Барои истифодаи пурраи хидматрасониҳои рақамӣ на танҳо пайвастшавӣ, балки интернети босуръат ва устувор зарур аст. Дар доираи лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» ва ташаббуси GIGA корҳои дахлдор идома доранд.
Дар ин замина, бояд ба масъалаи дастрасии баробар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Муассисаҳои таълимии деҳот, минтақаҳои кӯҳӣ, хонандагони дорои эҳтиёҷоти махсус ва оилаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд набояд аз раванди рақамикунонӣ берун монанд.
ХУЛОСА
Марҳалаи нави рақамикунонии соҳа тақозо менамояд, ки ислоҳоти ягонаи рақамии маориф ташаккул дода шавад. Пайваст намудани платформаҳои мавҷуда, ҳамоҳангсозии пойгоҳҳои маълумот, таъмини мубодилаи босамари иттилоот ва пешгирии такрори маълумот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давраи минбаъда мебошанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти киберӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд. Бо афзоиши ҳаҷми маълумоти рақамӣ масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти идоракунӣ барои ҳифзи маълумоти хонандагон, омӯзгорон ва волидон низ меафзояд.
Бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ ва ҳамкории созандаи ҷонибҳо рақамикунонии маориф метавонад ба яке аз омилҳои асосии таҳкими сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ ва омода намудани насли донишманду соҳибмаърифат барои ҷомеаи муосир табдил ёбад.
Бадриддин МУЗАФФАРЗОДА,
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ