25.09.2026
МУҚАДДИМА
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ масъалаҳои муҳимми соҳаҳои маориф ва илм мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтанд. Пешвои миллат ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, такмили мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисосу рақобатпазир, мутобиқ гардондани низоми таҳсил ба раванди рақамикунонӣ, беҳтар намудани шароити таълим, рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ин замина, вазифаҳои мушаххасе муайян гардиданд, ки ҳамчун барномаи амал барои аҳли маориф, омӯзгорону муҳаққиқон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ хидмат менамоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар суханронии Сарвари давлат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, истифодаи дурусту самараноки телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир аз ҷониби кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад. Масъалаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аҳаммияти хосса пайдо карда, зарурати ҷустуҷӯ ва татбиқи роҳҳои муассири ҳалли онро ба миён овардааст.
ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ: ВОСИТАИ ОМӮЗИШ Ё ОМИЛИ ПАРЕШОНӢ?
Телефони мобилӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти кӯдакону наврасон табдил ёфтааст. Ба воситаи он хонанда метавонад бо падару модар тамос гирад, маълумоти заруриро дастрас намояд ва аз барномаҳои таълимӣ истифода кунад. Аммо истифодаи бемавқеъ ва аз ҳад зиёди смартфон метавонад ба раванди таълим, солимии равонӣ ва муносибатҳои иҷтимоии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, шумораи кишварҳое, ки истифодаи телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимӣ маҳдуд ё манъ мекунанд, сол ба сол меафзоянд.
Бино ба маълумоти ЮНЕСКО, то моҳи марти соли 2026 дар 114 низоми маориф маҳдудият ё манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо амал мекард, ки тақрибан 58 дарсади кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Боливия, Коста-Рика, Хорватия, Гурҷистон, Малдив ва Малта аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки аз охири соли 2025 дар муассисаҳои таълимӣ чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ кардаанд.
Дар Бразилия қонуни федералӣ истифодаи дастгоҳҳои электронии шахсиро дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ ҳам ҳангоми дарс ва ҳам дар вақти танаффус маҳдуд менамояд, аммо бо иҷозат ва дастури омӯзгор истифодаи онҳо барои мақсадҳои таълимӣ мумкин аст. Барои хонандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ё эҳтиёҷоти махсус ба чунин дастгоҳҳо ниёз доранд, истисно пешбинӣ шудааст.
Дар Англия ҳукумат ба муассисаҳои таълимӣ тавсия додааст, ки истифодаи телефонҳои мобилиро дар давоми тамоми рӯзи таҳсил маҳдуд намоянд. Тартиби мушаххаси татбиқи ин тавсияро ҳар муассисаи таълимӣ мустақилона муайян мекунад.
Дар Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манъи ягонаи саросарӣ вуҷуд надорад ва қоидаҳо асосан дар сатҳи иёлат ё минтақаҳо муқаррар карда мешаванд. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО дар ИМА 15 иёлат истифодаи телефонҳоро манъ карда, 24 иёлати дигар аз муассисаҳои таълимӣ талаб мекунанд, ки қоидаҳои маҳдудкунандаи худро қабул намоянд.
Комиссияи Аврупо масъалаи маҳдуд кардани истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мавриди омӯзиш қарор додааст. Ба ин маънӣ, 17 сентябри соли равон Комиссияи Аврупо тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки тибқи он, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, видеоплатформаҳо, чатботҳо ва ҳамсуҳбатҳои зеҳни сунъӣ барои кӯдакони то 13-сола дар ҳамаи 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо манъ карда мешавад. Тибқи ин тарҳ, наврасони 13-14-сола танҳо бо иҷозати волидон ва на бештар аз як соат дар як рӯз метавонанд аз чунин платформаҳо истифода кунанд. Ҳамчунин, барои ҳифзи наврасони то 18-сола маҳдуд кардани дастрасӣ ба матолиби муҳтавояш зараровар, пешгирии робита бо шахсони ношинос ва кам кардани унсурҳое, ки боиси вобастагии онҳо мегарданд, пешбинӣ шудааст. Ширкатҳое, ки ин талаботро риоя намекунанд, метавонанд ба андозаи то 6 дарсади даромади солонаи ҷаҳониашон ҷарима шаванд. Қабул ва таъмини иҷрои қонун, бахусус, бо дарназардошти мушкилоти муайян кардани синну соли корбарон ва ҳифзи маълумоти шахсии онҳо осон нахоҳад буд. Бо вуҷуди ин, дар ин самт танзими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ асосан ба салоҳияти худи давлатҳо вогузор шудааст.
Дар Нидерланд истифодаи смартфонҳо, планшетҳо ва соатҳои ҳушманд дар синфхонаҳо, роҳравҳо ва ошхонаҳои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна манъ шудааст.
Дар Дания моҳи сентябри соли 2026 сарвазир Метте Фредериксен пешниҳод намуд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ дар тамоми ҳудуди мактаб, аз ҷумла, дар саҳни он пурра манъ карда шавад. Яке аз сабабҳои пешниҳоди мазкур натиҷаҳои пасти хонандагон дар арзёбиҳои байналмилалии PISA маҳсуб меёбад.
Дар Фаронса истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна манъ аст. Ҳамчунин, лоиҳаи озмоишии «танаффуси рақамӣ» амалӣ мешавад, ки тибқи он, хонандагон ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таълимӣ телефонҳои худро месупоранд.
Коршиносони аврупоӣ бар он назаранд, ки маҳдуд кардани истифодаи телефон бояд бо омӯзиши саводнокии рақамӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, омода намудани омӯзгорон ва тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон ҳамроҳ бошад. Яъне, ҳадаф ташаккули муносибати огоҳона, бехатар ва масъулона ба технология мебошад.
ЮНЕСКО кишварҳои ҷаҳонро даъват мекунад, ки истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактаб танҳо дар ҳолатҳое иҷозат диҳанд, ки он ба раванди таълим манфиат расонад. Дар гузориши ҷаҳонии мониторинги маориф таъкид мешавад, ки технология бояд ба ниёзҳои хонанда ва омӯзгор хидмат кунад, на ин ки ба раванди таълим халал расонад.
Тибқи арзёбии ин созмон, истифодаи аз ҳад зиёди телефон метавонад диққати хонандагонро парешон карда, ба устувории эҳсосӣ, қобилияти тамаркуз ва натиҷаҳои таълимии онҳо таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин, маҳдуд кардани истифодаи смартфонҳо метавонад хатари озори интернетӣ, сабти наворҳои беиҷозат ва паҳн кардани маводи таҳқиромезро коҳиш диҳад.
Дар ин замина, ЮНЕСКО таъкид менамояд, ки манъ кардани телефон мушкилоти муҳити рақамиро пурра ҳал намекунад. Мактаб бояд дар баробари ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо ба хонандагон саводнокии рақамӣ, тарзи санҷидани дурустии иттилоот, идора кардани вақти истифодаи телефон ва қоидаҳои рафтори бехатар дар интернетро омӯзонад.
Сабаби асосии ҷорӣ намудани чунин маҳдудиятҳо таъсири телефон ба диққат ва фаъолияти маърифатии хонанда мебошад. Паёмҳо, бозиҳо, наворҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд диққати ӯро аз шарҳи омӯзгор дур созанд. Ҳатто як нигоҳи кӯтоҳ ба телефон метавонад ҷараёни фикрро халалдор намояд.
ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи телефони мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи қисми 10, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» манъ карда шудааст: «Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст». Ин тадбир, пеш аз ҳама, ба ҳифзи раванди таълим аз омилҳои парешонкунанда, баланд бардоштани масъулияти хонандагон ва фароҳам овардани муҳити мусоиди донишомӯзӣ равона гардидааст. Албатта, чунин муқаррарот маънои онро надорад, ки кӯдакону наврасон бояд аз технологияҳои муосир ва дастовардҳои ҷаҳони рақамӣ комилан дур нигоҳ дошта шаванд. Баръакс, масъалаи асосӣ омӯзонидани тарзи дуруст, мақсаднок ва самараноки истифодаи телефонҳои ҳушманд, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои рақамӣ мебошад.
Ин масъала дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Сарвари давлат оқибатҳои истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакону наврасон возеҳ шарҳ дода, таъкид намуданд: «Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст. Хонандагон ба ҷойи он ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар фазои маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд».
Ин таъкиди Пешвои миллат моҳияти масъала ва самти асосии ҳалли онро муайян менамояд. Ин ҷо сухан дар бораи манъи истифодаи телефон намеравад, балки ҳадаф ҳифзи солимии ҷисмонию равонӣ, тарбияи ахлоқӣ, рушди зеҳнӣ ва таъмини ояндаи кӯдакону наврасон мебошад. Агар истифодаи воситаҳои рақамӣ беназорат гузошта шавад, он метавонад боиси коҳиши таваҷҷуҳ ба дарс, суст шудани ҳофиза, халалдор гардидани хоб, кам шудани фаъолияти ҷисмонӣ, дуршавӣ аз китобхонӣ ва пайдо шудани вобастагии равонӣ гардад. Аз ин рӯ, дастуру вазифагузориҳои Сарвари давлат муҳим ва саривақтӣ буда, татбиқи онҳо муносибати низоммандро тақозо менамояд. Барои ҳалли масъала пурзӯр намудани назорати истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ ва саводи рақамии хонандагон, ба роҳ мондани дарсҳо ва суҳбатҳои махсус оид ба истифодаи бехатару масъулонаи интернет, омӯзонидани роҳҳои шинохтани хабарҳои бардурӯғ, маводи зараровар ва ғояҳои ифротгароёна, тақвият бахшидани ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа вобаста ба фазои маҷозӣ, вусъат додани фаъолияти маҳфилҳои китобхонӣ, варзишӣ, илмӣ, техникӣ ва эҷодӣ, истифодаи ҳадафманди технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим таҳти назорати омӯзгор, таҳия ва татбиқи меъёрҳои мушаххаси истифодаи интернет ва воситаҳои рақамӣ барои гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ муфид хоҳад буд.
ХУЛОСА
Таҳлили вазъи ҷомеаи муосир нишон медиҳад, ки технологияҳои рақамӣ, телефонҳои ҳушманд ва зеҳни сунъӣ дар баробари имконоти фаровон хатару мушкилоти муайянро низ ба миён меоранд. Манъ кардани истифодаи телефон дар муассисаи таълимӣ наметавонад ҳамаи масъалаҳои вобаста ба технологияро пурра ҳал намояд, зеро хонандагон берун аз мактаб низ бо интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои зеҳни сунъӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин, маҳдудият бояд бо таълиму тарбия, назорати пайваста ва омӯзонидани тарзи истифодаи огоҳонаю масъулонаи воситаҳои рақамӣ ҳамроҳ бошад. Вазифаи муассисаи таълимӣ аз он иборат аст, ки раванди дарсро аз омилҳои парешонкунанда ҳифз намуда, ҳамзамон, хонандаро барои зиндагии бошуурона ва бехатар дар ҷаҳони рақамӣ омода созад. Дар сурати ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳангшудаи мактаб, оила ва ҷомеа, метавон наслеро ба камол расонд, ки ҳам дорои донишу ҷаҳонбинии пешрафта бошад ва ҳам технологияҳои муосирро ба манфиати рушди шахсӣ, ҷомеа ва давлат истифода намояд. Технология бояд ба рушди дониш, тафаккур, эҷодкорӣ ва сармояи инсонӣ мусоидат кунад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»