19.05.2025

19 майи 2025 — Дар идомаи сафари кории гурӯҳи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (МҶТИК) ба вилояти Суғд, ҷаласаи ҳисоботӣ бо иштироки роҳбарони марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия назди шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ҷаласа — таҳлили сатҳи татбиқи “Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” ва муайянсозии имконияту чолишҳо дар ин самт буд.
Дар раванди ҷаласа, масъулини марказҳо бо пешниҳоди ҳисоботҳои муфассал вазъи ҷорӣ ва дурнамои татбиқи барномаро шарҳ доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин бо компютер ва таҷҳизоти алоқаманд, суръати интернет, сатҳи рақамикунонии муҳтавои таълимӣ, фаъолияти синфхонаҳои фаннӣ ва малакаи омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят раванди рақамикунонӣ бо шиддат идома дошта, зерсохтори технологӣ тадриҷан такмил меёбад. Бо ин вуҷуд, дар баъзе минтақаҳо маҳдудиятҳо ба монанди норасоии таҷҳизот, набуди интернети босуръат ва мутахассисони соҳа ҳанӯз ҳам монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд.
Гурӯҳи кории МҶТИК пас аз шунидани ҳисоботҳо, тавсияҳои мушаххасе манзур намуд: баргузории давраҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, густариши ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин ҷалби лоиҳаҳо ва сармоягузориҳои иловагӣ.
Ин ҷаласаи ҳисоботӣ на танҳо барои арзёбии сатҳи татбиқи Барнома, балки барои тавсеаи ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи иқдомҳои муштарак ба хотири рушди рақамии соҳаи маориф дар вилояти Суғд заминаи устувор фароҳам овард.
Бо татбиқи пайгиронаи “Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028”, низоми маориф дар самти рақамикунонии равандҳо ва баланд бардоштани сифати таълим қадамҳои устувор мегузорад ва заминаҳои муосири рушди зеҳнӣ барои насли навинро фароҳам месозад.