18.07.2026
Дар ибтидои асри XXI инсоният бо маҷмуи таҳдидҳои нав, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои киберамниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб кардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, ҳамкории судманд ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Бо ташаббуси Пешвои миллат Тоҷикистон муаллифи як қатор қатъномаҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҷумла, эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва амсоли инҳо нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият бахшиданд.
Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон танҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳдуд набуда, балки ба рушди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва ҳалли мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудааст.
25 июни соли 2026 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро қабул намуд.
Ин қатънома бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби шумораи зиёди давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфт. Ҳуҷҷат аҳаммияти рушди фарҳанги сулҳ, муколамаи байни тамаддунҳо, пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва иштироки фаъоли ҷавононро дар таъмини сулҳи пойдор таъкид менамояд.
Қатънома, инчунин, ҳамаи давлатҳо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро ба ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалӣ даъват менамояд.
Қабули қатъномаи байналмилалӣ дар шароите сурат мегирад, ки шумораи низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон афзоиш ёфта, миллионҳо нафар маҷбур шудаанд, ки макони зисти худро тарк намоянд. Сатҳи нобоварии байни давлатҳо боло рафтааст.
Дар чунин вазъият ташаббуси Тоҷикистон метавонад ба густариши дипломатияи пешгирикунанда, рушди муколама байни тамаддунҳо, таҳкими эътимоди байни халқҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар сулҳофарӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди таҳсилоти сулҳпарварона, пешгирии ифротгароӣ ва хушунат мусоидат намояд.
Ташаккули фарҳанги сулҳ бояд маҳз аз муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори рушди сулҳи пойдор мебошад.
Ин ташаббус бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз давлатҳои фаъол ва эътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.
Бой НОДИРОВ,
сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ,
миёнаи умумӣ ва иловагии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ