20.05.2025
Имрӯз, 20 майи соли 2025 бо ташаббуси кафедраи технологияи рақамӣ ва амнияти киберии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он Ректори Академия н.и.п., дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишоев Карамалишо Назарович, сардори раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Робия Туйчиевна, сардори раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоров Фурқат, олимону мутахассисон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва омӯзгорону кормандони Академия иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсия Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон ба сухан баромада, баргузории чунин конференсияҳои илмӣ-амалиро дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 - «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳимме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни Паёми навбатӣ ироа намуданд, ин гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва рушди инноватсия нақши муассир дорад. Зикр гардид, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ нишонаи ташаккул ва рушди илм буда, истифодаи самараноки онҳо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишвар мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Таклифу пешниҳодҳои олимону муҳаққиқон, ки дар ҷараёни конференсия баён хоҳанд дошт, заминаҳои мусоидро ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот ба фароҳам меоранд, - зикр намуд зимни баромади худ ректори Академия.
Дар идомаи конференсия баромадкунандагон доир ба ҷиҳатҳои мусбии технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсилот, нақши рақамикунонӣ ва инноватсия дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, татбиқи технологияҳои мобилӣ дар омӯзиши забонҳои барномасозӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳони муосир, таҳсилоти рақамӣ ва омодасозии кадрҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиш ва ошноии кормандони соҳаи идоракунии давлатӣ бо асосҳои рақамисозӣ, самаранокии иқтисодии кортҳои нақлиётӣ дар шароити рақамикунонӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди идоракунии давлатӣ маърузаҳо пешниҳод карданд.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар шароити ҷаҳони муосир раванди рақамикунонӣ соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиро фаро гирифта, ба таъмини ҳамкории мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ механизмҳои татбиқи рақамикунонӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ на танҳо омили пешрафти иқтисодӣ, балки заминаи устувори беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум шуда метавонанд.
Конференсия дар бахшҳо кори худро идома дода, судманд анҷом пазируфт.