30.07.2026

 img

30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

  • Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН Имрӯз, 30 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм сафирро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки мулоқоти мазкур ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм мусоидат хоҳад кард.   Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар самтҳои маориф, илм, омӯзиши забону адабиёт, табодули устодону донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ ташаккул ёфтаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.   Қайд гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон ба фазои ягонаи тамаддуни форсӣ тааллуқ дошта, решаҳои муштараки таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии халқҳои ду кишвар дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун омили муҳимми таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ хизмат мекунанд. Осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз мероси муштараки таърихию фарҳангии мардумони Тоҷикистону Эрон ба шумор меравад.   Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзу рушди мероси таърихию фарҳангӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги ориёӣ ва такмили таълими алифбои ниёгон дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим доранд.   Дар ин замина, ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар даври аввали озмун беш аз 422 ҳазор нафар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ки ин аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ба омӯзиши осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ шаҳодат медиҳад.   Дар мулоқот ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки омӯзиши забони форсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, дар панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон забон ва адабиёти форсӣ таълим дода мешавад.   Ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони ду кишварро омили муҳимми рушди робитаҳои академӣ арзёбӣ карданд.   Зимни мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати густариши табодули устодону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ, таҳияи китобҳои дарсию илмӣ, рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва баргузории конференсияҳо, симпозиумҳо ва форумҳои байналмилалӣ таъкид гардид.   Дар анҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо талошҳои муштарак муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм минбаъд низ тавсеа ёфта, барои ташаккули фазои ягонаи илмию фарҳангӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    42

    30.07.2026
  •  img
    СУҒД: ОЛИМПИАДАИ ВИЛОЯТИИ «АХТАРОНИ ДОНИШ» БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и вилояти Суғд Олимпиадаи вилоятии «Ахтарони дониш» миёни кӯдакони синни томактабӣ баргузор гардид.   Олимпиада соли дуюм аст, ки бо мақсади дарёфт ва дастгирии кӯдакони боистеъдод, рушди қобилияти зеҳнӣ, донишандӯзӣ ва омодасозии онҳо ба зинаи таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад.   Дар олимпиада 46 нафар кӯдак аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, аз рӯи се номинатсия - «Хештаншиносӣ», «Инкишофи нутқ» ва «Тасаввуроти одитарини математикӣ» байни ҳам рақобат намуданд.   Ҳамаи иштирокчиёни олимпиада бо сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.   Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли олимпиада дар Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд бо дипломи раиси вилояти Суғд ва туҳфаҳои пулии яквақта қадрдонӣ хоҳанд шуд.

    11

    30.07.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон 30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон вориди шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Иссик-кул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

    8

    30.07.2026