САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ
26.10.2024
25-26 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Самаранокии ҳамбастагии илм бо истеҳслот дар партави саноаткунонии босуръати кишвар" бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, директори ҶСП “Комбинати шири Душанбе” Ҳотамзода Раҳимҷон Давлаталӣ, директори корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Сифат-Саноат”-и ш. Душанбе Идиев Ҳокимшо Давлатшоев, аъзои Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Миров Лоиқҷон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмонони гиромӣ, иштирокчиён ва намояндагони васитаҳои ахбори оммаро ба он хайрамақдам гуфт.
Зоир Файзалӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад ва рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид гузошта, нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Аз ин хотир, дар фаъолияти Ҳукумати кишвар ва паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, директори ҶСП “Комбинати шири Душанбе” Ҳотамзода Раҳимҷон Давлаталӣ дар мавзӯи “Рушди саноати хӯрока дар таҳкими саноатикунонии босуръати кишвар”, директори корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Сифат-Саноат”-и ш. Душанбе Идиев Ҳокимшо Давлатшоев дар мавзӯи “Саҳми корхонаи дӯзандагии “Сифат-Саноат”-и ш.Душанбе дар саноатикунонии босуръати кишвар”, аъзои Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Миров Лоиқҷон дар мавзӯи “Нақши стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар рушди инноватсияи кишвар” бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
Инчунин, дар кори конференсия намояндагони як қатор донишгоҳҳову ташкилотҳои хориҷи кишвар тариқи маҷозӣ баромад намуда, ба ректори Донишгоҳ ва ташкилкунандагони конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.
Баъд аз ба итмом расидани қисмати ифтитоҳӣ, кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт.