14.06.2025

 img

14 июни соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон вохӯрии судманду самимии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

 

Дар ин мулоқот вазири маориф ва илм бо омӯзгорон перомуни як қатор масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф суҳбат анҷом дод. Аз ҷумла, ҷонибдории пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди соҳаи маориф, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар дар самти беҳсозии шароити омӯзишу таълим ва дастгирии доимии омӯзгорон дар меҳвари суҳбат қарор дошт.

 

Вазир таъкид намуд, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа дар сатҳи баланди сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳидоят ва босавод намудани насли наврас бевосита аз фидокорӣ ва садоқати онҳо вобаста аст.

 

Ҳамзамон, вазир ба масъалаи муҳимми омода намудани хонандагон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омӯзгоронро ба истифодаи равишҳои муосири таълим ва тақвияти қобилияти зеҳнии шогирдон даъват кард.

 

Дар навбати худ омӯзгорон миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаи маориф иброз доштанд.

 

Дар ҷамъбасти мулоқот вазир ба зарурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва дӯст доштани муҳассилин таъкид карда, изҳор дошт, ки омӯзгор дар баробари ба шогирдон илму дониш омӯзонидан, бояд роҳбалади маънавии онҳо низ бошад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • СУҲБАТИ САМИМӢ БО ОМӮЗГОРОН img
  • СУҲБАТИ САМИМӢ БО ОМӮЗГОРОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.   Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд.     Натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Дар ин замина, Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро   таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.   Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

    39

    29.07.2025
  •  img
    ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК БО 14 МЕДАЛ АЗ ОЛИМПИАДАИ IKO-2025 БАРГАШТАНД Имрӯз, 29.07.2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқбол аз ғолибони Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 баргузор гардид.   Дар маросими пазироӣ ҳайати Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва омӯзгорон иштирок намуда, ғолибон бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуданд, ки нишонаи эҳтиром ва қадрдонии ҷомеа аз дастовардҳои хонандагон мебошад.   Бояд тазаккур дод, ки аз 21 то 27 июли соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ бо иштироки беш аз 218 хонанда аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Мянмар ва Камбоҷа баргузор карда шуд. Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд.   Иштирок ва пирӯзии хонандагони тоҷик дар чунин олимпиадаҳои байналмилалӣ бозгӯйкунандаи рақобатпазир гардидани донишомӯзони кишвар ва тадбирандешиҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Ин дастовардҳо дар доираи иҷрои бомуваффақияти Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 амалӣ карда мешаванд, ки ҳадафи он дастгирӣ ва тақвияти донишу малакаи хонандагони лаёқатманд аст. Ин ғалабаҳо на танҳо обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, балки барои насли наврас илҳом бахшида, онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ташвиқ менамоянд.

    50

    29.07.2025
  •  img
    ЭҲТИЁҶОТро аз НОРАСОӢ фарқ кунем (д)! Дӯстони азиз!   Ҳамасола яке аз масъалаҳое, ки дар нишасти матбуотӣ ё баъд аз он мавриди баҳсу мунозираҳо қарор мегирад, ин мавзуи норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.   Имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон роҳбарияти вазорат иттилоъ доданд, ки алъон муассисаҳои таълимӣ ба 3848 нафар омӯзгор ЭҲТИЁҶ доранд. Яъне, ҳамасола баъд аз анҷоми соли таҳсил, раёсату шуъбаҳои маориф барои соли таҳсили нав ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод мекунанд, ки ба чанд омӯзгор ЭҲТИЁҶ ҷой дорад. Ҳоло, ки давраи таътил аст ва сарбории омӯзгорон, ки асосан, дар моҳи август тақсим мешавад, аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф ба вазорат барои 3848 нафар омӯзгор дархост пешниҳод шудааст. Ва ин ҳоло маънои НОРАСОИи омӯзгорон дар муассисаҳои таълимиро надорад.   Ҳамасола бо дарназардошти эҳтиёҷоти пешниҳодшуда Вазорати маориф ва илм тибқи роҳхат хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба муассисаҳои таълимӣ ба кор сафарбар менамояд. Инчунин, дар сурати зиёд будани эҳтиёҷот, донишҷӯёни курсҳои 4-5 низ ба кор фиристода мешаванд.   НОРАСОИи воқеӣ ба омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ танҳо баъд аз моҳи сентябр, яъне дар моҳҳои октябр-ноябр муайн карда мешавад. Дар он вақт метавон гуфт, ки дар муассисаҳои таълимӣ чанд нафар омӯзгор намерасад.   Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки омаду рафти омӯзгорон ин раванди табиӣ аст, ки бо дарназардошти тағйири ҷойи зист, тағйири касб, баромадан ба рухсатии таваллуд, баромадан ба рухсатии нигоҳубини кӯдак, фавт, беморӣ дар раванди дарс дар муассисаҳо норасоӣ ба миён меояд.   Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, аз ҳисоби хатмкардагони зинаи таҳсилоти олии касбӣ 2436 нафар аллакай тибқи роҳхат ба ҷойи кор фиристода шуданд.

    47

    28.07.2025