14.08.2026
Субҳи 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Аснои суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи модари ҷавон Ятимзода Жасмина ҳамдардӣ баён намуда, барои расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ятимзода Жасмина 13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳолати рухдода сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз намудаанд.
Хабарҳои дигар
-
ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ «TIMES HIGHER EDUCATION» 13 августи соли 2026 бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомиддин Иброҳимзода, намояндаи ширкати байналмилалии «Times Higher Education» Лачин Италмазова ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм аз идомаи ҳамкориҳои судманд миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Times Higher Education» изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ, рушди иқтидори илмӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб мераванд. Гуфта шуд, ки рейтинги байналмилалӣ набояд танҳо ҳамчун ҷойгоҳи донишгоҳ дар ҷадвали рейтингӣ арзёбӣ гардад, балки он воситаи муҳим барои ташхиси институтсионалӣ, муқоисаи натиҷаҳо, муайян намудани камбудиҳо ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ мебошад. Аз ин рӯ, омодагӣ ба иштирок дар рейтингҳои байналмилалӣ бояд бо баланд бардоштани воқеии сифати таҳсилот, самаранокии таҳқиқоти илмӣ, шаффофияти маълумот ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа ва бахши иқтисод ҳамоҳанг бошад. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати рушди таҳқиқоти илмӣ, зиёд намудани нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои байналмилалии тақризшаванда, ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни хориҷӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, рушди ҳаракати академӣ ва рақамикунонии низоми идоракунии донишгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи вохӯрӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба методологияи Рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои «Times Higher Education», талаботи пешниҳоди маълумот, роҳҳои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои институтсионалӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, байналмилаликунонӣ ва имкониятҳои иштирок дар рейтинги нави донишгоҳҳои Авруосиё маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъда барои кормандони масъули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ силсилаи чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба ҷамъоварӣ, санҷиш ва пешниҳоди маълумоти институтсионалӣ ташкил гардида, тавсияҳои амалӣ ва харитаи роҳ ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, илмӣ ва байналмилалии донишгоҳҳои кишвар таҳия карда шавад. Ҳамзамон, масъалаи мусоидат ба пайвастани донишгоҳҳои Тоҷикистон ба шабакаҳо ва ташаббусҳои байналмилалии «Times Higher Education» пешниҳод гардид. Дар фарҷоми вохӯрӣ омодагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкориҳои судманд бо ширкати «Times Higher Education» дар асоси барномаи мушаххаси амал ва бо ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат изҳор карда шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
8
14.08.2026 -
Сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва ба истифода додани корхонаи Ноқили Турсунзода 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад. Зимнан иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи навтаъсиси ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 30 ва дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад. Ин ноқилҳо дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо истифода мешаванд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар ин ҷо кор дар се баст сурат мегирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва коҳиши воридот баҳои баланд доданд. Дар оғози боздид иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни умумумиллӣ 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 530 иншооти нав сохта ба истифода дода шуд. Ин шумора аз нақшаи тасдиқгардида хело зиёд аст, зеро онро бунёди 460 иншоотро дар назар дошт. Дар ҳамаи иншоот дар маҷмуъ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш карда шуд.
23
14.08.2026 -
Рабочая поездка в город Турсунзаде и ввод в эксплуатацию предприятия «Нокили Турсунзода» 14 августа Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в целях ознакомления с условиями жизни населения и открытия ряда объектов различного назначения прибыл в город Турсунзаде. Рабочая поездка Главы государства уважаемого Эмомали Рахмона началась с открытия предприятия по производству электрических кабелей Закрытого акционерного общества «Нокили Турсунзода» и ознакомления с деятельностью нового промышленного предприятия. В процессе ознакомления с деятельностью нового промышленного предприятия, построенного отечественными предпринимателями, Главе государства уважаемому Эмомали Рахмону было сообщено, что объект расположен на площади 14 000 квадратных метров, а его производственная мощность составляет 3 600 тонн продукции в год. Было также сообщено, что на новом предприятии Закрытого акционерного общества «Нокили Турсунзода» производится 30, а в общей сложности 100 видов высококачественных электрических кабелей различных размеров. На предприятии функционируют пять производственных линий. Данные кабели используются во внутренних электрических сетях зданий. С вводом в эксплуатацию Закрытого акционерного общества «Нокили Турсунзода» 100 местных жителей были обеспечены рабочими местами и достойной заработной платой. Работа на предприятии организована в три смены. В ходе ознакомления с производственными возможностями предприятия Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон высоко оценил качество строительных работ, а также роль предприятия в создании новых рабочих мест, увеличении производственных мощностей и сокращении объёмов импорта. В начале поездки было сообщено, что в рамках подготовки к празднованию 35-летия Государственной независимости Республики Таджикистан в городе было построено и введено в эксплуатацию 530 новых объектов. Это значительно превышает утверждённый план, которым предусматривалось строительство 460 объектов. В совокупности на всех этих объектах создано более 10 тысяч новых рабочих мест. Также в рамках подготовки к празднованию 35-летия Государственной независимости Республики Таджикистан в городе Турсунзаде заасфальтировано 232 км дорог и 59 км дорог покрыто бетоном.
3
14.08.2026