14.08.2026
13 августи соли 2026 бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомиддин Иброҳимзода, намояндаи ширкати байналмилалии «Times Higher Education» Лачин Италмазова ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм аз идомаи ҳамкориҳои судманд миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Times Higher Education» изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ, рушди иқтидори илмӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб мераванд.
Гуфта шуд, ки рейтинги байналмилалӣ набояд танҳо ҳамчун ҷойгоҳи донишгоҳ дар ҷадвали рейтингӣ арзёбӣ гардад, балки он воситаи муҳим барои ташхиси институтсионалӣ, муқоисаи натиҷаҳо, муайян намудани камбудиҳо ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ мебошад. Аз ин рӯ, омодагӣ ба иштирок дар рейтингҳои байналмилалӣ бояд бо баланд бардоштани воқеии сифати таҳсилот, самаранокии таҳқиқоти илмӣ, шаффофияти маълумот ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа ва бахши иқтисод ҳамоҳанг бошад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати рушди таҳқиқоти илмӣ, зиёд намудани нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои байналмилалии тақризшаванда, ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни хориҷӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, рушди ҳаракати академӣ ва рақамикунонии низоми идоракунии донишгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар доираи вохӯрӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба методологияи Рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои «Times Higher Education», талаботи пешниҳоди маълумот, роҳҳои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои институтсионалӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, байналмилаликунонӣ ва имкониятҳои иштирок дар рейтинги нави донишгоҳҳои Авруосиё маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъда барои кормандони масъули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ силсилаи чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба ҷамъоварӣ, санҷиш ва пешниҳоди маълумоти институтсионалӣ ташкил гардида, тавсияҳои амалӣ ва харитаи роҳ ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, илмӣ ва байналмилалии донишгоҳҳои кишвар таҳия карда шавад. Ҳамзамон, масъалаи мусоидат ба пайвастани донишгоҳҳои Тоҷикистон ба шабакаҳо ва ташаббусҳои байналмилалии «Times Higher Education» пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ омодагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкориҳои судманд бо ширкати «Times Higher Education» дар асоси барномаи мушаххаси амал ва бо ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат изҳор карда шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон