СУҒД: ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2025

4 январи соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

 

Дар он Саидзода Ҳикматулло - намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Яъқубӣ - муовини раиси вилоят, Набизода Мадина Раҳмат - сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ва раисони иттифоқи касаба, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, мудирони кабинетҳои методӣ, масъулин оид ба кадрҳо, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, китобдорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  иштирок намуданд. 

 

Ҷаласаро Мадина Набизода - сардори раёсати маорифи вилоят ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 гузориш дод. 

 

Таъкид шуд, ки маорифчиёни вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият ба дастовардҳо ноил шуданд.

 

Мавсуф ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла, ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои таълимии томактабӣ, ҷоннок кардани фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таъминот бо компютер, тахтаҳои электронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, вазъи дастрасии муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, дар умум, мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникӣ, таъминот бо либоси мактабӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, пешгирии ҳолати ҷиноятсодиркунӣ дар байни ҷавонон масъулинро вазифагузорӣ намуд. 

 

Анвар Яъқубӣ - муовини раиси вилоят вобаста ба масъалаҳои ҷалби бештари омӯзгорони соҳибтахассус аз ҳисоби ҷавонон ва бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, рушди таҳсилоти томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ беҳтар гардида истодааст.

 

Дар идомаи ҷаласа - Саидзода Ҳикматулло намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро доир ба натиҷаҳои фаъолияти минбаъда дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи замон, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорӣ, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани толибилмон, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа,  зиёд намудани иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва афзун гардонидани дастовардҳо дар ин самт суханронӣ кард ва ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳаллу фасли соҳаи маорифи вилоят баён намуда, оид ба рисолат ва вазифаҳои саривақтии масъалаҳои ҷорӣ расонид. 

 

Дар охири ҷаласа нақшаи кории раёсати маорифи вилоят барои соли 2025 тасдиқ карда шуд.

 

Дар интиҳои ҷаласа бо нишони арҷгузорӣ ба як қатор омӯзгорон Сипоснома ва нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД:  ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ НАТИҶАГИРӢ  ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Таъиноти кадрӣ 7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва чанде аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.   Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Нуробод аз ҳисоби кадрҳои ҷавону дар хизмати давлатӣ варзида таъин гардиданд.   Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаб интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муовини якум ва Муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои навтаъсиси илмию тадқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба фаъолияти содиқонаю софдилона дар роҳи хизмат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, наздик будан бо аҳолӣ, риояи фарҳанги волои муомилаю муошират, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ривоҷ додани корҳои созандагию ободонии кишвар ҳидоят намуданд.   Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳое, ки акнун ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ менамоянд, дастур дода шуд, ки корҳои созандагиву бунёдкориро ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъат бахшида, бо ҷалби соҳибкорону ашхоси саховатманд бунёди иншооти таъиноти иҷтимоиро дар минтақаҳо суръати тоза бахшанд.   Вобаста ба мубориза бар зидди ҳама гуна қонунвайронкуниҳо, бахусус дар масъалаи замин ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

    51

    07.01.2025
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО ДАР СОЛИ 2025 6 январи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳтамзода Абдуалим, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият, инчунин равоншиносони муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.   Дар ҷаласаи мушовара масъалаҳои “Ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва вазифаҳо дар соли 2025” ва “Тасдиқи Нақшаи кори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои соли 2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Пеш аз оғоз, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттиллоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” якчанд лоиҳаи рақамӣ ва инноватсионии соҳаи маорифи пойтахт, ки сохта ба истифода дода шуданд, аз қабили Барномаи электронии “еDonish”, Лоиҳаи платформаи рақамии Kudak.tj, Платформаи рақамии “Dastovard.tj”, Замимаи мобилии “Забономӯз”, Системаи мониторинги шабакавӣ, Почтаи миллии электронӣ муаррифӣ гардида, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” бошад, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.   Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи якум сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур баромад намуда, зикр намуданд, ки соли 2024 барои аҳли маорифи пойтахт, соли рушд, соли муваффақияту дастовард ва дар маҷмуъ, соли комёбиҳо буд.   Соли 2024 зери таассуроти воқеан ҳам неку фаромӯшнашаванда, умедбахшу ормонсоз аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа гардид, баргузор гашта, таҳлили имрӯза аз Паёми навбатӣ маншаъ гирифта, инъикосгари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.   Таваҷҷуҳи бесобиқаву боварии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳа ва хосатан, ба омӯзгорон мо аҳли маорифро муваззаф мегардонад, ки беш аз пеш фаъолият намуда, рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсият, саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунарро сидқан иҷро намоем, то арзандаву сазовори ин ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бошем.   Бо мақсади рушди бонизоми соҳаи маориф соли 2024 аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо дарназардошти зиёдшавии музди меҳнат 914 миллиону 395 ҳазору 597 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, рушди устувори соҳаро таъмин намуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 267 миллиону 584 ҳазору 331 сомонӣ зиёд мебошад. Пеш аз ҳама музди меҳнати омўзгорон, мураббиён ва кормандони соҳа пурра пардохт гардида, қарздории музди меҳнат мавҷуд нест.   Бояд қайд кард, ки сохтмону азнавсозӣ, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ намудани Барномаҳои гуногун дар низоми таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои зеҳнӣ ва тафаккурро таҳрикдиҳанда ва аз ҳама ҷиҳат дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми устодону омӯзгорон ва мураббиён аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан Раиси Маљлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомоти беназири шаҳрдорӣ буда, дар чунин сатҳи баланд, танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, ки изҳори сипоси беандозаи аҳли маорифро баён менамоем.   Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолии пойтахт ҳамасола якчанд муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо тарҳи бино ва утоқҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир, бо тамоми таҷҳизот ва лавозимоти инноватсонии таълим, кабинету озмоишгоҳҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар зарфи 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳри Душанбе 22 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3929 ҷой ва 53 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48386 нафар хонанда дар як баст пас аз бунёду азнавсозӣ ва таъмири асосӣ мавриди истифода қарор дода шуда, танҳо дар соли сипаришуда 2 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолият оғоз кард.   Бо дарназардошти сохтмони бомароми биноҳои баландошёна ва афзоиши аҳолии пойтахт, мутобиқ ба талаботи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 то ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани норасоии ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ 35 - солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 60 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 12 390 ҷой (буҷети шаҳр 1 адад, бахши хусусӣ 59 адад) ва 21 адад муассисаи таълимӣ барои 20 176 нафар хонанда (буҷети шаҳр 2 адад, буҷети ҷумҳуриявӣ 1 адад, Вазорати маориф ва илм 2 адад, соҳибкорон 16 адад) дар як баст оғоз гардида, бо маром идома дорад.   Айни замон, муассисаҳои таълимии пойтахт дорои 2353 адад кабинетҳои фаннӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2023 177 адад зиёд мебошад.   Имрӯзҳо базаи моддӣ – техникии аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, талаботи “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” тибқи нақша барзиёд иҷро шудааст.   Бояд қайд кард, ки дар соҳаи маорифи пойтахт дар самти рақамикунонӣ корҳои назаррас амалӣ гашта, рӯи кор омадани якчанд иқдомоти дигар дар нақша аст.   Тадбиқи “Барномаи электронии “еDONISH” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, мавриди амал қарор додани Барномаи тахтаи интерактивии «еTALIM», ки ҳадафи асосии он аз пайвастани соҳаи маориф бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва назорати раванди таълим ва ба талаботи замон мувофиқ намудани равандҳои таҳсилот арзёбӣ мегардад.   Таҳия гаштани “Роҳнамои истифодаи тахтаи интерактивӣ”, ки тарзи кор бо тахтаи электронӣ дар он муфассалу мукаммал дарҷ гардидааст, ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки истифодаи тахтаи интерактивиро мустақилона аз худ намоянд.   Таъсиси нахустин Почтаи миллии электронӣ суръати мубодилаи иттилоотро тақвият бахшида, амнияти иттилоотиро таъмин менамояд. Ҳадаф аз роҳандозии почтаи мазкур содда намудани раванди гардиши ҳуҷҷатҳо буда, маълумоти он дар серверҳои дохили кишвар маҳфуз мегардад, ки бехатарии почтаро аз ҳамлаҳои кибернетикии хакерон таъмин намуда, иттилоот тавассути почтаи миллӣ дар доираи домени миллӣ мавриди мубодила қарор мегирад.   Мавриди истифода қарор додании Китобхонаи электронӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дастрасии бемонеаи иштирокдорони раванди таълимро ба зиёда аз 5000 номгӯи адабиёти таълимиву методӣ, илмиву оммавӣ, бадеиву маърифатӣ ва санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таъмин намудааст, ки ҳаҷми умумии он ба 10 гигабайт расида, интерфейси он дар тарҳи муосир таҳия шуда, мураттабии мантиқии бахшҳои он таъмин гардидаст.   Бо таъсиси Системаи мониторинги шабакавӣ (VPN) дастрасии муассисаҳои таълимӣ бо интернет ва суръати он ҳамарӯза бо шабакаи VPN тариқи системаи мониторинги шабакавии Zabbix (бо суроғаи monitoring.babilon-t.tj) назорат гардида, мушкилоти мавҷуда дар фурсати кутоҳ ошкор ва бартараф карда мешавад. Бо мақсади муҳайё сохтани шароити мувофиқ дар самти омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз имкониятҳои муосир замимаи мобилии “Забономӯз” сохта ба истифода дода шуд.   Барномаи “Забономӯз” дорои интерфейси тоҷикӣ буда, яке аз навовариҳои муҳим дар соҳаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба ҳисоб рафта, ба истифодабарандагони тоҷик имконият медиҳад, ки тавассути дастгоҳҳои мобилии худ забони англисиро омӯзанд.   Платформаи рақамии “DASTOVARD.TJ” имконият фароҳам овард, ки маълумоти оморӣ оид ба кӯдакон ва ҷавонони боистеъдоди шаҳри Душанбе ва дастовардҳои олимпии онҳо мутамарказонида шуда, дастовардҳои наврасону ҷавонон дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ таблиғ гардад. Инчунин, платформа имконият медиҳад, ки маълумоти дақиқ оид ба дастовардҳои наврасону ҷавонони пойтахт нигоҳдорӣ гашта, мубодилаи онҳо роҷеъ ба таҷрибаву донишу малака роҳандозӣ карда шавад.   Дар доираи ташаббусҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф лоиҳаи платформаи рақамии Kudak.tj омода гардида, шуруъ аз соли 2025 мавриди амал қарор дода мешавад.   Платформаи рақамии Kudak.tj як ҷузъи муҳими системаи иттилоотии соҳаи маорифи пойтахт дар зинаи таҳсилоти томактабӣ буда, бо мақсади рақамикунонӣ ва автоматикунонии таҳсилоти томактабӣ, инчунин ташкили омори ягона, бо тарзи муосир соддагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар фарогирии муназзами кӯдакон таҳия гашта, дар рушди иртиботии волидон бо муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва шаффофият дар қабул ва нигоҳубинӣ кӯдакон нақши калидӣ мебозад.   Бо мақсади таъмини истифодаи дуруст ва самараноки шабакаи ҷаҳонии Интернет, дастурамали тавсиявӣ оид ба “Интернети бехатар” дар марҳилаи анҷоми таҳия қарор дошта, пас аз таҳрир ва такмил ба омӯзгорон пешниҳод хоҳад шуд.   Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки айни замон ҷиҳати таҳияи Лабараторияи виртуалӣ оид ба фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ корбарӣ идома дошта, лабараторияи виртуалӣ бо барномаи таълимӣ мутобиқ гардонида шуда, бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва барои истифода ба омӯзгорон пешниҳод карда мешаванд.   Ҳамасола ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурўғи маърифат”, озмуни шағрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин, нахустозмунҳои шаҳрӣ дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ “Ахтаракони ҳисобдон”, дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Илм ва амал”, дар байни омӯзгорон зери унвони “Омӯзгори муосир” тадбирҳоест, ки ҷиҳати тадбиқи “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” андешида шудааст.   Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст дар шаҳри Душанбе дар шакли муосир Мусобиқаи роботҳо, Дарси маҳорат - аз рӯи бахшҳои “Барномасозӣ”, “Дизайни графикӣ” ва “Зеҳни сунъӣ”, IT – гап дар мавзуъҳои “Имкониятҳои соҳаи барномасозӣ барои наврасон ва ҷавонон”, омӯзиши HTML ва CSS, чораҳои амниятӣ ҳангоми истифодаи интернет, усулҳои навини ҷомеаи муосир ва таъсири инноватсия дар рушди соҳаҳои мухталиф, саводи рақамӣ, саводнокии мукотиба, сохтани муҳтавои рақамӣ, бехатарии рақамӣ, конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои ҷорӣ намудани он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” бо ҷалби олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва коршиносону мутахассисони Маркази зеҳни сунъии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли маорифи пойтахт баргузор гардид, ки мақсади асосӣ баланд бардоштани тафаккур ва малакаву истеъдоди хонандагону омӯзгорон дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин, дарёфти чеҳраҳои нави боистеъдод дар ин самт мебошад.   Натиҷаи фаъолияти босамар ва робитаи мутақобилаи марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таълимӣ буд 812 нафар ғолиби даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ гашта, шаҳри Душанбе дар миқёси ҷумҳур мақоми аввалро ҳам аз лиҳози шумораи ғолибон ва ҳам сифатнокӣ дар соли 2024 нигоҳ дошт, ки дар ин самт фаъолияти шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва муассисаҳои таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31- и ноҳияи Шоҳмансур назаррас мебошад.   Дар соли 2024 хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт бо теъдоди 3326 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ, зеҳнӣ, лоиҳавӣ) ширкат варзида, сазовори 955 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.   Ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо дарназардошти шоҳҷоиза 43 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” 76 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” 57 нафаро ташкил дода, дар сатҳи ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бо шумораи ғолибон дар ҷойи аввал қарор дорад.   Заминаи ғолибият ва дар мақоми аввал ҷой доштани шаҳри Душанбе дар ҳамаи озмунҳо ва олимпиадаи фаннӣ ин пеш аз ҳама дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузории давраҳои якум, дуюм, сеюм ва дарёфти чеҳраҳои воқеан ҳам арзанда, инчунин дар сатҳи баланд баргузории озмунҳои шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” , “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ”, Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шукуфаҳои пойтахт», “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, Форуми навқаламон ва эҷодкорони наврас таҳти унвони “Килки сабз”, Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат), озмунҳои шаҳрӣ байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ “Доноякон”, “Ахтаракони ҳисобдон” ва “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” буда, ба мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, масъулону мутасаддиён, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ки саҳмгузоранд, барои фаъолияти пурмаҳсул изҳори миннатдории худро мерасонам.   Дар ҷамъбаст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур изҳори боварӣ намуданд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия, минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.   Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Каримзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Д.Одилзода, А.Аҳтамзода дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, Нақшаи кори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои соли 2025 тасдиқ шуд.   Сипас, барои дастгирӣ ва ёрии бевоситаи кормандони соҳаи маориф, азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ иштироки фаъолона дар беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии омӯзгорон Муродов Баҳодур ва Муродов Раҳимҷон бо нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Қаландаров Искандар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин 24 нафар роҳбарону омӯзгорон бо Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.   Инчунин, аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарони Муассисаи хусусии таҳсилоти ибтидоии "Ганҷи дониш", Муассисаи таълимии Литсейи хусусии "Эҳсон", Литсейи "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон", Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи инноватсионии Душанбе", Муассисаи хусусии таҳсилоти ибтидоии "Диёри дониш" ва Гимназияи “Шахсият” барои ҳамкориҳои самарабахш дар амалӣ намуданӣ Барномаи электронии “eDonish” бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

    36

    06.01.2025
  •  img
    ОҒОЗИ СОЛИ ҶАДИД БО НЕРУИ ТОЗА Зери чунин унвон дар раёсати маориф оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи маориф ҷаласаи васеъ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сафарзода Дилшод Ғанӣ ва муовини раиси вилоят, ҳамзамон сарпарасти соҳаи маориф, Асламшоева Нилуфар Давлатназаровна бо иштироки васеи ҳайати кормандон дар самти соҳаи  мазкур фаъолиятдошта доир гардид.   Нахуст, Мирзоқанд Аминҷон Бекназар - сардори раёсати маорифи ВМКБ аз ҳамкории судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа изҳори миннатдорӣ намуда, ҳисоботи соҳаи зикргардидаро зимни фаъолият дар соли 2024 ироа намуда, дастоварду мушкилотро давоми як сол ба таври мушаххас шарҳ дода, таъкид дошт, ки дар соли навбатӣ баҳри тақвият бахшидани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, омодагии комил ҷиҳати роҳандозии олимпиадаҳо ва озмунҳо, омода намудани мутахассисони педагогӣ, ба таври ҷиддӣ корбарӣ намудан дар омӯзиши фанҳои дақиқ, муҳайё намудани шароити мусоид барои омӯзгороне, ки дар деҳаҳои дурдаст фаъолият доранд, ҷиҳати ҳалли камбудиҳо  супоришҳои муҳлатнок дода шуд.    Дар идомаи ҷаласа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод Ғанӣ барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштани соҳаи маорифи ВМКБ изҳори сипос намуда, ҷиҳати корбарии ҳадафманд баҳри беҳбудии фаъолияти соҳа маслиҳатҳои судманд дод.   Ҳамзамон, муовини раиси вилоят , сарпарасти соҳа бо таассурот аз Паёми имсола, ки самти маориф сароғози тамоми пешрафтҳо арзёбӣ гардид, таъкид намуд, ки пешаи омӯзгорӣ масъулияти заҳматпазир буда, дар ҷодаи бунёди ҷомеаи рушдёфта, нақши бориз дорад ва дар соли навбатӣ барои баланд бардоштани нишондод ва омода намудани довталабон ҷиҳати ширкат варзидан дар олимпиадаҳо ва озмунҳо аз ҳозир чораҷӯӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад ва нақшаву барномаҳои нав рӯи кор оранд.   Хулласи калом, ҷаласа дар доираи такмили равнақи беҳбудӣ дар соҳаи маориф бо баррасии пешниҳодоти ҳадафманд анҷом пазируфт.   Котиби матбуот

    29

    06.01.2025