29.10.2025

 img

Таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳияи меъёрҳои арзёбии сифати таҳсилот баргузор гардид.

 

Дар оғози ҷаласа муовини вазир таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф пайваста афзун гардида, ҳадафи асосӣ аз ин ҳама иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи таълим, таҳияи низоми муосири арзёбии дониш ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

 

Муовини вазир қайд кард, ки бо мақсади иҷрои талаботи банди 58 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №240 тасдиқ шудааст. Дар асоси он “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” ва нақшаи амали солҳои 2025-2027 низ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №141 қабул гардидааст.

 

Ҳадафи асосии таҳия ва татбиқи ин ҳуҷҷатҳо баланд бардоштани сифати таҳсилот, ба танзим даровардани низоми миллии арзёбӣ ва мутобиқсозии низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуъбаҳои сифати таҳсилот фаъолият доранд, ки мунтазам мониторинг гузаронида, натиҷаҳои онро ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамоянд.

 

Ҳамзамон, тибқи нақшаи амали солҳои 2025-2027 Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044, дар оянда таъсиси маҳзани ягона (платформаи рақамӣ) барои таҳлил ва арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон дар назар дошта шудааст.

 

Дар анҷоми ҷаласа муовини вазир таъкид намуд, ки татбиқи пурраи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот имкон медиҳад, ки низоми таҳсилоти рақобатпазир ва инноватсионии кишвар ташаккул ёбад, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАҲИЯИ МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ img
  • ТАҲИЯИ МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ img
  • ТАҲИЯИ МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодааст.   Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода доир ба «Вазъи таълиму тарбия дар литсею гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба «Натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҷ. Бобоҷон оид ба «Тасдиқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Расмкашӣ байни кӯдакон» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон-Ватани маҳбуби ман»» шунида шуд.   Гуфта шуд, ки масъалаҳои марбут ба вазъи таълиму тарбия дар литсею гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, натиҷаҳои қабули донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагону донишҷӯён ва таҳкими заминаи рушди соҳаи маориф аҳамияти муҳим доранд. Таъкид гардид, ки иҷрои пайгиронаи ин самтҳо ба таҳкими робитаи зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули насли босаводу эҷодкор мусоидат хоҳад кард.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои мазкур таъкид намуд, ки рушди фаъолияти литсею гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, такмили раванди қабули донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии кӯдакон, аз ҷумла баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва рассомӣ, аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба шумор мераванд. Мавсуф зикр кард, ки татбиқи самараноки ин равандҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо зинаҳои таҳсилоти олӣ ва тарбияи насли ватандӯсту эҷодкор мусоидат менамояд.   Дар идома гузоришҳои директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода ва сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода оид ба таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ ва тағйиру иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои иловагӣ шунида шуд.   Дар фарҷом, муовини якуми вазир бо таъкид ба боло бурдани сифати таҳсилот, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии кӯдакону наврасон ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    11

    30.10.2025
  •  img
    МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ 29 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба бознигарии Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ бо назардошти диди ягонаи муносибати босалоҳият дар таҳсил баргузор гардид.   Дар мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Исломии Рушд, Шурои маорифи ҷаҳонӣ (GPE), ЮНИСЕФ, намояндагони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар масъулон иштирок намуданд.   Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илм оғоз ёфт. Зимни суханронӣ мавсуф ба аҳаммияти бознигарии стандартҳои давлатӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи замон таъкид намуд.   Сипас, ҳисобот оид ба фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти бознигарии Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ бо назардошти диди ягонаи муносибати босалоҳият пешниҳод гардид.   Дар идома, иштирокдорон доир ба таҷрибаҳо, мушкилот ва роҳҳои минбаъдаи такмили стандартҳои таълимӣ мубодилаи афкор намуданд. Пешниҳодҳои судманд ҷиҳати такмили сохтори нави Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд.   Дар анҷоми чорабинӣ зарурати идомаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот таъкид шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    36

    29.10.2025
  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ ДАР МЕҲВАРИ ҶАЛАСА 29 октябри соли равон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи навбатӣ оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти ғайридавлатӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазир зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бахши хусусӣ дар соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, шумора ва сатҳи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ афзуда, саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф назаррас мебошад.   Таъкид гардид, ки муассисаҳои хусусӣ ҳамчун бахши ҷудонашавандаи низоми ягонаи маориф бояд фаъолияти худро пурра мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва стандартҳои давлатии таҳсил ба роҳ монда, сифати таълим, сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди касбии омӯзгорон дар меҳвари фаъолияти ҳар як муассисаи таълимии хусусӣ қарор дошта бошад.   Дар ҷаласа ҳисоботи нуҳмоҳаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Амид” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Муассисаи таълимии хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шунида шуд.   Дар ҳисоботҳо натиҷаҳои умумии фаъолияти таълимӣ, сатҳи иштироки хонандагон дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин натиҷаҳои дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ таҳлил гардид. Таъкид шуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, аз қабили беҳтар гардидани шароити таълим, истифодаи усулҳои муосири педагогӣ ва ҷалби муаллимони соҳибтаҷриба, ҳамоно дар фаъолияти баъзе муассисаҳо камбудиҳо мушоҳида мешаванд.   Зимни муҳокимаҳо изҳор гардид, ки зарур аст таваҷҷуҳи бештар ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби фаъоли хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ равона карда шавад. Гуфта шуд, ки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо на танҳо нишондиҳандаи сатҳи дониш, балки нишондиҳандаи сифати фаъолияти педагогӣ ва иқтидори таълимии муассиса мебошад. Бо дарназардошти ин, роҳбарони муассисаҳои таълимии хусусӣ вазифадоранд, ки нақшаи мушаххаси корӣ барои ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо таҳия намуда, раванди омодасозии онҳо ба чунин чорабиниҳоро таҳким бахшанд.   Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи татбиқи низоми баҳогузории даҳҳола баррасӣ гардид. Муовини вазир зикр намуд, ки баҳодиҳии воқеӣ ва объективӣ ба дониш ва малакаи хонандагон заминаи асосии таъмини сифати таҳсилот буда, муассисаҳои ғайридавлатӣ бояд ба татбиқи пурраи ин низом диққати ҷиддӣ диҳанд.   Дар анҷоми ҷаласа аз роҳбарону масъулони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ даъват гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, барои таҳкими сифати таълим, рушди муҳити созандаи омӯзиш ва боло бурдани сатҳи рақобатпазирии хонандагон дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ кӯшиш намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    30

    29.10.2025