05.03.2026
Имрӯз, 5-уми марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм занону бонувони собиқадори соҳа ва кормандони дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом, хушбахтии ҷовидонӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард. Ҳамзамон қайд намуд, ки модар рамзи меҳру муҳаббати бекарон, вафодорию садоқати беназир ва ҳусну таровати ҷовидонӣ буда, ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз ёфта, ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад. Ҳастии мо, кору фаъолияти пурсамари мо бидуни модар ва меҳрубонию ғамхорию роҳнамоиҳои ӯ имконнопазир аст. Дар кулли корҳои мо нақши барҷастаю мондагори дастони модар равшан эҳсос мешавад, ки ин худ нишона аз бузургии эшон аст.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба мақоми баланди зан-модар таъкид намуда, онҳоро чароғи хонадон ва тарбиятгари наслҳои оянда номидаанд: «Занон ва модарон неруи бузурги ҷомеа мебошанд, ки дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва пешрафти давлат нақши калидӣ доранд», – иброз доштаанд Пешвои миллат. Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба мақоми зан-модар аҳаммияти махсус медиҳад ва барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф барҷастаю назаррас буда, барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.
Дар идома маърузаи сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Э.Сафарзода дар мавзуи “Нақши зан - модар дар таҳкими давлатдории миллӣ” шунида шуд.
Қисмати фарҳангии чорабиниро барномаҳои рангини ҳунарӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони варзида ва ҳаваскорони санъат иҷро шуд, шукӯҳу таровати хосса зам намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш, вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни чорабинӣ, бахусус занону бонувони собиқадор ва кормандони фаъоли вазорат, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон