12.05.2025

 img

12 майи соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин нишасти вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ин чорабинии сатҳи баланд бо ширкати роҳбарони вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида, имкони муҳимми муаррифии роҳҳои наву инноватсионии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф мебошад.

 

Мизбони чорабинӣ - муовини вазири маорифи Чин У Ян нишастро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар идома ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда бо суханрониҳои хеш масъалаҳои мубрами рушди маориф ва зарурати густариши ҳамгироии таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии муносибатҳои геополитикӣ, омӯзишу таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ ҳамчун рукни асосии рушди ҳар як ҷомеа аҳамияти хосса пайдо намудаанд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳандозии формати “Чин - Осиёи Марказӣ” заминаҳои густурдаеро барои муколама ва табодули таҷрибаи муассир миёни кишварҳои минтақа фароҳам меорад: “Ташкили ин нишаст ба мо имкон медиҳад, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мушкилоту имкониятҳоро якҷоя баррасӣ намуда, қадамҳои устувор дар самти ҳамкории академӣ ва илмӣ гузорем,” - зикр кард вазир.

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ инчунин ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми таҳсилотӣ, густариши лоиҳаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои ҳамтаълимӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таълими пайвастаи калонсолон ва ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ дар самти технологияҳои нав ишора намуд.

 

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён “Оинномаи кории Механизми нишасти вазирони маорифи Чин - Осиёи Марказӣ” ва “Эъломияи Урумчӣ” ба тасвиб расиданд. Ин санадҳо самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаро муайян намуда, аҳамияти омӯзиши забон, таҳқиқоти илмӣ, тарбияи муҳандисони соҳибтахассус ва мутахассисони рақобатпазирро дар бозори меҳнат таъкид мекунанд.

 

Ҳамзамон, дар ҳошияи ин нишаст маросими ифтитоҳи як қатор лоиҳаҳои муҳимми муштарак, аз ҷумла, таъсиси Паймони ҳамгироии истеҳсолот ва таҳсилоти “Чин – Осиёи Марказӣ”, ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии такмили ихтисоси омӯзгорон, оғози фаъолияти як маркази байналмилалии тиббӣ дар Остона, лабораторияҳои муштараки илмӣ ва имзои чандин ёддошту созишномаҳо миёни муассисаҳои таълимии кишварҳо баргузор шуд.

 

Бояд гуфт, чорабинии мазкур ба ҳайси як платформаи муосир барои таҳкими робитаҳо, ташаккули муҳити академии муосир ва таъмини рушди устувори низоми маориф дар кишварҳои минтақа арзёбӣ гардид.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ АВВАЛИНИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ “ЧИН – ОСИЁИ МАРКАЗӢ” img
  • ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ АВВАЛИНИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ “ЧИН – ОСИЁИ МАРКАЗӢ” img
  • ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ АВВАЛИНИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ “ЧИН – ОСИЁИ МАРКАЗӢ” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОҒОЗИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ 16 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ифтитоҳии даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид.   Дар чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода – муовини вазири маориф ва илм, кормандони вазорат, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарону устодони муассисаи мизбон, донишҷӯёни фаъол ва меҳмонони дигар иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи расмии олимпиада муовини вазири маориф ва илм иштирокчиёнро бо баргузории марҳилаи ниҳоӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки баргузории олимпиадаи мазкур ба хотири густариши донишҳои назариявӣ, муайянсозии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти тафаккур ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён мусоидат менамояд: «Сол ба сол шумораи донишҷӯёни хоҳишманд ва сатҳи омодагии онҳо ба олимпиада меафзояд, ки ин гувоҳи пешрафти ҳаракати олимпӣ ва афзоиши завқи илмдӯстӣ дар байни ҷавонони кишвар мебошад», – зикр намуд муовини вазири маориф ва илм.   Дар идома гуфта шуд, имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии илму технология, баланд бардоштани сатҳи дониш ва қобилиятҳои забондонӣ дар миёни ҷавонон ба яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкони васеи рушд ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнатро фароҳам меорад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад.   Ин гуна олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ муҳити солими рақобатро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба вуҷуд оварда, онҳоро барои рушди шахсӣ, такмили маҳорати таҳлилӣ ва таҳким бахшидани малакаҳои касбӣ ҳавасманд мегардонанд. Чунин озмунҳо на танҳо сатҳи донишро меозмоянд, балки ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои умедбахши илм ва афроди навовар барои ояндаи мамлакат замина фароҳам меоранд.   Дар идома Ҳикматулло Саидзода – сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм иштирокчиёнро бо тартиби баргузории олимпиада шинос намуда, ҷараёни иҷрои тестҳоро аз рӯйи муқаррароти махсус шарҳ дод.   Дар озмуни имсола 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз рӯйи ду бахш – илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияи иттилоотӣ сабқат менамоянд.   Санҷиши дониш тавассути имтиҳони тестӣ сурат гирифта, доварон сифати дониши хаттӣ ва тафаккури таҳлилӣ ва интиқодӣ-мантиқии донишҷӯёнро баҳогузорӣ мекунанд.   Ёдовар мешавем, ки олимпиада ду рӯз идома хоҳад ёфт ва натиҷаҳои он рӯзи 17 майи соли 2025 эълон карда мешавад.   Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    69

    16.05.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ИХТИСОСҲОИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ 15 майи соли 2025 бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саъдуллозода Шамсиддин, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Садафмоҳ, намояндагони шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷаласаи тақсимоти хатмкунандагон курсҳои 4-ум ва 5-уми шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” баргузор гардид.   Ректори донишгоҳ, профессор Хайрзода Ш. Қ. зимни баромади хеш изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, имтиёзҳои қонунии омӯзгорони ҷавонон сол то сол афзун гардида истодааст.   Дар соли таҳсили 2024-2025 шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгории донишгоҳро 87 нафар донишҷӯ хатм менамоянд, ки пас аз хатм бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул гардидан тӯли 3 сол ба фаъолияти омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардида, аз моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.   Саъдуллозода Ш. - сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагони курсҳои 4-ум ва 5-уми шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгориро ба талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа шинос намуданд.   Дар интиҳои ҷаласа миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, мутахассисони ҷавон ба саволҳои худ ҷавобҳои қанеъкунанда гирифтанд.   Донишгоҳи давлатии Данғара

    43

    15.05.2025
  •  img
    ВОХУРӢ БО НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО Имрӯз, 15 майи соли 2025 вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Сенад Коменика баргузор гардид.   Дар ибтидо муовини якуми вазир изҳор намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси рушди ҳамкориҳои судманд ва амиқ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар оянда хоҳад шуд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд дода, тадбирҳои зиёде барои баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, рушди инфрасохтори маориф ва иқтидори илмии кишвар амалӣ мешаванд.   Дар идома ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маорифро, ки дар доираи ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва САҲА дар соли 2020 ба роҳ монда шудааст, баррасӣ намуданд.   Ҳамчунин дар вохӯрӣ лоиҳаҳои муштараки САҲА ва Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла лоиҳаи “Зарфиятсозии ВАО ва баланд бардоштани меъёрҳои рӯзноманигорӣ”, ки бо мақсади мутобиқ кардани барномаҳои таълимии журналистика ба стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Дар охир ҷонибҳо аз ҳамкориҳо дар оянда дар соҳаҳои марбут ба таҳсилоти рӯзноманигорӣ ва ВАО изҳори умед намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    45

    15.05.2025