04.11.2025

 img

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.

 

Таъкид гардид, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.

 

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.

 

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

 

Изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, оид ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

 

Гуфта шуд, ки кишвари мо бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд. 

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии  кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”.

 

Сарвари давлати мо доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон низ андешаронӣ намуданд.

 

Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.

 

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо зарур донистанд, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад. Таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.

  • Иштирок дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар img
  • Иштирок дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар img
  • Иштирок дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ СОҲИБИ ДУ МЕДАЛ ШУДАНД Аз 2 то 8 августи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ - International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI-2026) баргузор гардид.   Дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ беш аз 500 нафар хонандагони болаёқат аз 106 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор санҷиданд.   Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ яке аз мусобиқаҳои сатҳи баланди илмӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба ҳисоб рафта, таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг - ЮНЕСКО баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳи олимпиада Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев иштирок ва суханронӣ намуда, мусобиқаро расман ифтитоҳ кард. Сарвари давлати Қазоқистон зимни суханронӣ ба нақши рӯзафзуни зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисод, маориф, илм, идоракунии давлатӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа таъкид намуд.   Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ чаҳор нафар хонандаи болаёқат намояндагӣ карданд:   - Синан Кандиков, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов;   - Диловар Икромов, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов;   - Фарангис Ҳаётова, хонандаи синфи 10-уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон;   - Муродҷон Хайраков, хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон.   Хонандагони тоҷик дар рақобат бо беҳтарин наврасони ҷаҳон донишу маҳорати баланд нишон дода, дар маҷмӯъ соҳиби ду медал гардиданд. Ин дастовард барои дастаи Тоҷикистон, ки бори аввал дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ иштирок намуд, натиҷаи назаррас ва ифтихорофарин ба ҳисоб меравад.   Омодасозии аъзои дастаи Тоҷикистон ба ин мусобиқа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати zypl.ai ба роҳ монда шуд. Дар доираи ин ҳамкорӣ хонандагон аз машғулиятҳои махсуси назариявию амалӣ гузашта, барои иҷрои масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ омода гардиданд. Ҳамчунин, сафари ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Остона ва иштироки онҳо дар олимпиада таъмин карда шуд.   Натиҷаи бадастомада аз имкониятҳои баланди зеҳнии наврасони тоҷик шаҳодат дода, самараи тадбирҳои андешидашуда дар самти рушди таҳсилоти рақамӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва дастгирии хонандагони болаёқат мебошад.   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дарёфт, дастгирӣ ва омода намудани наврасони соҳибистеъдод ба олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ, бахусус дар самтҳои зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.   Дастоварди дастаи Тоҷикистон дар IOAI-2026 қадами муҳим дар роҳи муаррифии неруи зеҳнӣ ва имкониятҳои илмии насли ҷавони кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

    35

    10.08.2026
  •  img
    СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАРТИБИ КОР БО ПОРТАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» Бо мақсади иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-950 ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои котибони масъули комиссияҳои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.   Семинарҳои мазкур аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - А. Раҳмонзода, сардори раёсати илм ва инноватсия ва Қ. Фатҳуллозода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ гузаронида шуданд.   Ҳадафи асосии баргузории семинарҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи омодагии масъулон, такмили малакаи кор бо Портали электронии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва таъмини дурусту шаффофи раванди бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун мебошад.   Дар ҷараёни семинарҳо ба иштирокчиён тартиби бақайдгирии довталабон, ворид намудани маълумот, қабулу санҷиши ҳуҷҷатҳои зарурӣ, истифодаи дурусти имкониятҳои Портали электронӣ ва талаботи марбут ба ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.   Ҳамчунин, ба директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба дуруст ва сари вақт ворид намудани маълумот, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, пешгирии хатогиҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва масъулияти шахсони масъул ҳангоми кор бо Портали электронӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.   Дар доираи семинарҳо масъалаҳои вобаста ба роҳандозии дурусти раванди қабули ҳуҷҷатҳо, санҷиши маълумоти воридшаванда ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои қабул мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Бояд таъкид намуд, ки ба ҳар як шаҳру ноҳия се нусхагӣ Дастури раҳнамо оид ба омодагии довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тариқи ройгон дастрас карда шуд.   Баргузории чунин семинарҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии масъулон, таъмини шаффофият ва сифатнокии раванди бақайдгирӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки васеи хонандагони болаёқат дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба ҳисоб меравад.   Дар фарҷоми семинарҳо таъкид гардид, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагӣ баргузор намудани даври сеюми озмун, дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои рушди қобилиятҳои зеҳнии онҳо, ҳамоҳангии фаъолияти масъулони соҳаи маориф ва Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо аҳаммияти муҳим дорад. Ҳар як шахси масъул вазифадор аст, ки ба раванди омодагӣ, бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории довталабон бо масъулияти баланд муносибат намояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    43

    08.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангии «Устод Рӯдакӣ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.   Чорабинӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ ва фароҳам овардани фазои солими фарҳангиву фароғатӣ барои устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор шуд.   Дар чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ, устодону кормандон, донишҷӯён ва дастаи ҳаваскорон иштирок намуда, барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд.   Дар доираи барнома суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар намоишҳои фарҳангӣ иҷро гардида, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ васф карда шуданд.   Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва муаррифии фарҳангу ҳунари тоҷик нақши муҳим дошта, барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

    23

    08.08.2026