30.05.2025

30 майи соли 2025 вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, ки барои иштирок дар нахустин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, сурат гирифт.
Нахуст вазири маориф ва илм директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ)-ро шахсан аз номи худ ва аҳли маорифи кишвар хайрамақдам намуда, ҷиҳати иштирок дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба ӯ муваффақияту комёбӣ таммано намуданд.
Сипас, якҷо вуруди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанабе шуда, бо меҳмони олиқадр аз шарту шароит ва имкониятҳои мавҷудаи муассиса дидан намуданд.
Вазири маориф ва илм аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, ин ниҳодро яке аз шарикони неку боъэтимоди соҳа унвон кард. Дар идома вазир оид ба барнома ва дигар фаъолиятҳое, ки муштаракан бо намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, маълумот дода, дастгириҳои пайваста ва мусоидати гуногунҷанбаи ин ниҳодро дар татбиқу ҳадафҳои кишвар дар соҳаи маориф самарабахш арзёбӣ намуданд.
Дар идома Кетрин Мери Рассел бо хонандагоне, ки дар марказ ва озмоишгоҳҳои аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) бунёд шудаанд, суҳбати озоду ошкоро доир намуда, бо онҳо оид ба малакаю маҳорат, таҷриба ва азхуднамоии донишҳои замонавӣ суҳбат орост.
Хонандагон зимни суҳбат бо хонум Кетрин Мери Рассел аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, аз худ малакаи баланди забондонию ҳисси ҳавасмандӣ нисбат ба донишу таҷрибаро нишон доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба сатҳи забондонӣ ва ҳисси кунҷкобии мактаббачагон баҳои баланд дода, аз фаъолияти марказ ва озмоишгоҳҳои зери ниҳодаш таъсисдодашуда изҳори розигӣ ва миннатдорӣ баён намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон