ВОХӮРӢ БО РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
30.12.2024
Имрӯз, 30-юми декабри соли 2024 дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ раванди давлатдории миллӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳоро ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок амиқ таҳлилу пешниҳод мекунанд.
Вазири маориф ва илм қайд кард, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф мавқеи меҳварӣ касб намуда, Сарвари давлат вобаста ба муҳиммияти ин соҳа таъкид доштанд: “...то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин, ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм қайд кард, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём дар баробари дигар самту соҳаҳо вобаста ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ибрози назар намуда, аз сатҳи пасти омодакунии мутахассисони изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҳамин нуқтаи назар, моро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, мутахассисони сатҳи олӣ, ҷавобгӯ ба бозори меҳнат омода намоем.
Дар фарҷоми вохӯрӣ гуфта шуд, ки ҳар нуктаи Паём бояд барои кормандони соҳаи маориф, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дастурамали корӣ ва роҳнамои ҳаррӯза бошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон