14.06.2025

 img

Имрӯз, 14 июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо устодон, кормандон ва ҳайати роҳбарияти донишгоҳ баргузор гардид.

 

Дар оғози вохӯрӣ, вазири маориф ва илм ҳозиринро бо фарорасии ҷашни пуршукуҳи Ваҳдати миллӣ, яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ваҳдати саросарии мо бо талошу фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Таъкид шуд, ки маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи рушди устувори соҳаҳои муҳимми ҳаёти кишвар, аз ҷумла, маориф ва илмро фароҳам овардааст.

 

Зимни суханронӣ вазир ба масъалаҳои муҳимми соҳа дахл намуда, ба таъмини шаффофияти имтиҳонҳои хатм, ҷилавгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ, тақсимоти сарбории омӯзгорон, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил ва тақвияти омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

 

Вазири маориф ва илм ҳамзамон иброз дошт, ки дар партави таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити муосир таҳкими равандҳои рақамикунонӣ дар иқтисод, илм ва маориф талаботи замон аст. Дар ин замина, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар соҳаи иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ гардид.

 

Дар идомаи мулоқот, вазир ба роҳбарияти донишгоҳ дастур дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хатмкунандагон ва тақвияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, шумораи гурӯҳҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро афзун намоянд. Ҳамчунин гузариши пурраи ҳуҷҷатгузории дохилидонишгоҳӣ ба низоми электрониро як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти таълимӣ номид.

 

Дар анҷом, вазир таъкид кард, ки масъулияти рушди соҳаи маориф имрӯз бар дӯши ҳар як корманди соҳа аст. Мо бояд, бо дарки ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, бо дили соф ва эҳсоси баланди масъулият, барои тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, махсусан дар соҳаи омӯзгорӣ, тамоми кӯшишу имкониятҳои худро равона намоем.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД img
  • ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД img
  • ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МИССИЯИ FCDO БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо намояндагони миссияи FCDO-и Британияи Кабир баргузор гардид. Мулоқот дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии «Суръат бахшидан ба сатҳи маориф дар Осиёи Марказӣ барои устуворӣ» доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, роҳбарони сохторҳои вазорат, инчунин намояндагони миссияи байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, такмили низоми арзёбии сифати таҳсил ва истифодаи таҷрибаҳои муосири байналмилалӣ дар рушди низоми маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар солҳои охир дар низоми маорифи кишвар як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ шуда истодаанд ва дар ин раванд ҳамкорӣ бо шарикони рушд нақши муҳим мебозад. Татбиқи барномаҳо ва ташаббусҳои муштарак барои таҳкими иқтидори миллӣ дар самти арзёбии натиҷаҳои таҳсил, таҳияи воситаҳои муосири арзёбӣ ва баланд бардоштани сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар доираи миссияи мазкур баргузории як қатор вохӯриҳо бо ниҳодҳои марбута ва шарикони байналмилалӣ, инчунин боздид аз муассисаҳои таълимӣ барои шиносоӣ бо раванди озмоиш ва татбиқи воситаҳои арзёбӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди низоми маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсил иброз намуданд.   Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    10

    11.03.2026
  •  img
    МОДАРОН САФОБАХШИ ЗИНДАГИЯНД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи модар  Модарони азиз! Муҳтарам бонувони соҳаи маориф! Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар, ки яке аз ҷашнҳои фархунда ва пурифтихори кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, сарбаландӣ ва хушбахтии ҳамешагӣ орзу менамоям. Дар диёри маҳбуби мо Рӯзи модар ҳамасола ҳамзамон бо оғози зеботарин фасли сол — баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мегардад. Ин ҳамбастагӣ рамзи амиқи маънавӣ дорад, зеро модар низ, мисли баҳор, рамзи ҳаёт, ҳусну тароват, зебоӣ ва эҳёи зиндагист. Модар сарчашмаи офариниш, манбаи меҳру муҳаббат ва намунаи садоқату вафодорист. Ӯ посбону нигоҳдорандаи ҳаёти инсон буда, ба зиндагӣ нуру сафо мебахшад. Шодиву хуррамии рӯзгори ҳар яки мо самари меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва заҳмати шабонарӯзии модарон аст. Модарон тамоми умр бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд: аз ба дунё овардану тарбияи фарзандон то танзиму пешбурди рӯзгор. Онҳо моро ба роҳи неку покизагӣ, ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтирому қадрдонии модар ва гиромидошти мақоми ӯ аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бовафо ба шумор меравад. Бузургони хирад низ ба ин нуқтаи муҳим таъкид намудаанд: Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф Гарде аз роҳи модарон бошад. Боиси ифтихор аст, ки бонувони тоҷик дар баробари покдоманиву хирадмандӣ, инчунин, бо ҷасорат, матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фарқ мекунанд. Онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ дар паҳлуи мардон қарор гирифта, барои ҳифзи Ватан, адолат ва ҳувияти миллӣ талош менамоянд. Ин хислатҳои олии занони тоҷик дар осори безаволи адабӣ, махсусан дар шоҳасари ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ба таври равшан ва пурҷило тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ин асари гаронмоя ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардид. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои занону модарони тоҷик имкониятҳои нав ва марҳалаи тозаи фаъолият фароҳам гардид. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ва «Занон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд». Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, занону бонувон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи фаъол ва арзанда доранд. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид иброз доштанд:«Мо нақши занону бонувони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем». Боиси қаноатмандист, ки занону бонувони тоҷик дар соҳаи маориф ва илм низ фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар тарбияи насли наврас, ташаккули маърифат ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз дар соҳаи маориф беш аз ҳафтод фоизи кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи эътимоди баланд ба неруи зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо мебошад. Занону бонувони соҳаи маориф дар татбиқи сиёсати давлатии соҳа, иҷрои барномаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак», ҳамчунин барномаҳои рушди илм ва маориф, саҳми арзишманд мегузоранд. Онҳо дар ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ, тарғиби анъанаҳои нек ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим доранд. Соли ҷорӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ эълон шудааст, занону бонувони тоҷик фаъолияти худро боз ҳам густариш дода, барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Модарону бонувони гиромӣ!  Ҳузури шумо дар зиндагӣ рамзи ҳусну тароват, меҳру муҳаббат ва саодати инсон аст. Хиради равшан, иродаи устувор ва меҳрубонии бепоёни шумо пояҳои мустаҳками оила ва ҷомеаро таъмин мекунад. Бо талошу заҳмати шумо фардои Ватани азизамон боз ҳам дурахшонтару ободтар хоҳад гардид. Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо — модарону бонувони гиромии кишварро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори пурсаодат ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям. Ҷашн муборак, модарони азиз!  

    42

    07.03.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ТАКМИЛИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методии соҳаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, такмил ва рушди санадҳои меъёрӣ дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст муовини якуми вазир зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти такмили низоми таҳияи китобҳои дарсӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири таълим ва талаботи байналмилалӣ ибрози назар намуд. Сипас ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тавзеҳоти ҳуқуқию педагогӣ оид ба такмили консепсия ироа намуда, ҷанбаҳои назариявӣ, меъёрӣ ва амалии ҳуҷҷати мазкурро шарҳ дода, таъкид дошт, ки консепсияи такмилёфта бояд ба принсипҳои шаффофият, сифати илмӣ, мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фарогирии равандҳои инноватсионӣ такя намояд. Дар идома муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ шакли такмилёфтаи “Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод намуда, тағйиру иловаҳои воридгардида, ҳадафу вазифаҳо ва механизмҳои амалисозии онро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар қисмати муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили минбаъдаи санади манзур намуданд. Намояндагони ЮНИСЕФ омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва расонидани дастгирии техникӣ дар самти рушди муҳтавои таълимӣ ва таҳияи маводи таълимии босифат изҳор доштанд. Дар фарҷоми мизи мудаввар қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар самти такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳияи китобҳои дарсӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ тақвият дода мешаванд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    47

    05.03.2026