18.09.2025

 img

Имрӯз, 18 сентбяри соли 2025 вохӯрии маҷозии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов баргузор гардид.

 

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи феълӣ ва рӯ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар самти маориф ба сатҳи нави сифатӣ расида, ҳамкориҳои судманду созанда ҷараён доранд.

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки муносибат миёни Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф намунаи равшани ҳамкориҳои дӯстона, некхоҳона ва ҳасана мебошанд.

 

Дар ҷараёни вохӯрии маҷозӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе, ки дар ҳамкорӣ бо тарафи Россия ба нақша гирифта шудааст, нашр ва дастраснамоии китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки бо забони русӣ таълим медиҳанд, инчунин барои муассисаҳое, ки синфҳои русӣ доранд, Лоиҳаи омӯзгори забони русӣ дар хориҷ, ки дар доираи он мутахассисони соҳавӣ барои омӯзиши босифати забони русӣ ба Тоҷикистон ҷалб мегарданд, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забони русӣ дар асоси захираҳои илмӣ-таълимии Донишгоҳи омӯзгории Олтой ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши робитаҳо дар бахши маориф ва илм таъкид намуданд.

 

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои ин гуфтугӯ дар самти татбиқи амалии лоиҳаҳо ва барномаҳои таълимӣ дар байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ (ОНЛАЙНӢ)-И ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МАОРИФИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
  • ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ (ОНЛАЙНӢ)-И ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МАОРИФИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
  • ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ (ОНЛАЙНӢ)-И ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МАОРИФИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Левакант 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.    Бинои нав дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва як толори маҷлисӣ бо 45 ҷойи нишаст мебошад.   Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.   Дар бинои нозироти андози шаҳр барои фаъолияти 15 нафар корманд шароити муосири корӣ фароҳам оварда шуд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои тозабунёд таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки бо мардум ҳамкории зич ва муомилаи хуб дошта бошанд.    Бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10  дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо ҳадафи фароҳамсозии шароити муносиби таълим ва зиёд намудани имкониятҳои қабули хонандагон бунёд гардидааст.   Бино барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 400 хонанда пешбинӣ шудааст.   Сохтмони бино бо саҳми сокинони саховатпешаи маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд амалӣ гардидааст.   Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст. Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи имрӯза барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла биология, математика ва технологияи иттилоотӣ пешбинӣ гардидаанд.   Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 30 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуданд.

    12

    26.08.2026
  •  img
    Оғози бунёди корхонаи нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Кӯшониён 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд. Корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардида, дар таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ қадами муҳим хоҳад буд. Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт. Ба Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент пешбинӣ шудааст. Бартарии дигари корхонаи истеҳсолӣ дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот бар пояи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Корхона дар наздикии кони оҳаксанги Қурғонтеппаи ноҳияи Кӯшониён ҷойгир буда, ашёи хоми зарурӣ аз ҳамин минтақа дастрас карда мешавад. Ҳамчунин, барои таъмини раванди истеҳсолӣ ангишт аз конҳои дигари ҷумҳурӣ интиқол дода хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, корхона бо техникаву технология, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсолӣ таъмин гардида, дар раванди фаъолияти он талаботи экологӣ ва меъёрҳои бехатарии муҳити зист ба инобат гирифта мешавад. Корхона, лоиҳа ҳамчунин барои рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро дар давраи сохтмони он беш аз 1000 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд. Пас аз ба истифода додани корхона барои зиёда аз 700 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам хоҳад шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар буда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии минтақаҳо мусоидат менамояд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози сохтмони ин корхона бозгӯи идомаи раванди созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки баробари ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ, мавқеи ноҳияи Кӯшониён ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ боз ҳам тақвият ёфта, истеҳсоли сементи ватанӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамин тавр сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент оғози татбиқи як лоиҳаи муҳимми саноатӣ буда, дар маҷмӯъ ба таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави меҳнатӣ барои аҳолӣ равона гардидааст.

    10

    26.08.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 26 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини якуми вазир оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу саодатмандӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти меҳнатиашон комёбиҳои назаррас таманно намуд. Сипас, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори он дар тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.   Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Аз ҷумла, ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М. Абдуллозода оид ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.   Дар рафти баррасии масъала натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маориф дар ноҳия, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм вобаста ба масъалаи мазкур таъкид намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сифати фаъолияти соҳаи маориф дар ноҳия, роҳбарияти шуъбаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, таҳкими назорати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, омодагии хонандагон ба олимпиадаю озмунҳо ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.   Ҳамчунин, вобаста ба натиҷаи тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2026 сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат Ш. Саъдуллозода баромад намуда, раванди таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва масъалаҳои марбут ба тақсимоти мутахассисони ҷавонро мавриди баррасӣ қарор дод.   Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи маориф ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.   Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    26.08.2026