09.06.2025

 img

 

9 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон вохӯрӣ доир намуд.

 

Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ташрифи меҳмононро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои густурдаи вазорат бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар самтҳои дастрасӣ ба таҳсилот, муҳити бехатар ва мусоиди омӯзиш, сифати таҳсилот ва рушди малакаҳо ҷараён дошта, дар заминаи се гранти муҳимми байналмилалӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

 

Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тавонмандсозии омӯзгорон мебошад. Зимни суханронӣ инчунин вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, таҳким бахшидани сифати таҳсилот, таҳсилоти фарогир ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ишора шуд.

 

Дар навбати худ, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон бо изҳори миннатдорӣ барои пазироии самимона, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти маориф намунаи ибрат буда, таҷриба ва пешрафтҳо дар ин бахш шоистаи омӯзиш ва таблиғ мебошанд. Ӯ афзуд, ки GPE омодааст, минбаъд низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувори соҳа ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.

 

Дар охир вазир барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин вохӯрӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ img
  • ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд.   Зимни боздид муовини вазир аз утоқҳои кории кормандон, утоқи мудири шуъбаи маориф, толори маҷлисгоҳ ва дигар бахшҳои асосии бино дидан намуда, бо кормандони шуъба суҳбат анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи масъулин ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб карда шуд.   Сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда шудааст.   Бинои мазкур сеошёна буда, тибқи лоиҳа бо тамоми шароити муосир ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    15.06.2025
  •  img
    ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН 14 июни соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.   Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳо, идомаи таҳсил, аз нав барқарор намудани аттестати хатм ва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилот ва пешбурди соҳаи маорифи кишвар манзур намуданд.   Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    67

    14.06.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ ГУРӮҲИ МАОРИФИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОҲАИ МАОРИФ 14 июни соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи кории Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки соҳаи маориф баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаи маориф, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи шарикони рушд, сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед, муовини якум, муовинони вазир, намояндагони шарикони рушд, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояти Суғд иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳадафу аҳаммияти баргузории онро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод. Вазири маориф ва илм дар суханронии худ иброз дошт, ки тибқи таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф яке аз рукнҳои асосии рушди устувори кишвар буда, тақвияти соҳа тавассути ҳамоҳангии фаъоли дохилӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ имконпазир аст.   Таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва дигар шарикон тавонистааст як қатор иқдомҳои муҳим, аз ҷумла, таҳияи ҳуҷҷати миёнамуҳлати Созишномаи шарикии “КОМПАКТ”-ро ба иҷро расонад.   Дар ҷаласа намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла, Муҳаммад Тариқхон, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ, Изабел Уриз, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, Артур Ван Дизен, роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Адҳам Мусаллам, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, баромад ва пешниҳодҳои мушаххас карданд. Онҳо ҳамкории худро бо Вазорати маориф ва илм барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор иброз дошта, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ин ҳамкориҳо таъкид намуданд.   Дар навбати худ муовини раиси вилояти Суғд зимни баромади худ иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи рушди маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа дода, ҳамкориро бо Вазорати маориф ва илм, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар самти такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва таъмини муҳити сифатноки таълим пайваста тақвият медиҳад. Гуфта шуд, ки бо талошҳои муштарак, дар вилоят имкониятҳои таълимӣ рӯз ба рӯз беҳтар гардида, замина барои таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст фароҳам гашта истодааст.   Илова бар ин, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ, шуъбаи сифати таҳсилот, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва дигар сохторҳо аз фаъолияти худ дар заминаи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои нав гузориш доданд.   Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: - рушди соҳаи маориф дар вилояти Суғд; - татбиқи марҳилавии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои солҳои 2025–2027; - ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва таълим (Tech4Ed); - таҳияи платформаҳои таълимӣ дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф”; - гузариши аттестатсияи омӯзгорон ба шакли рақамӣ; - таъсиси Гурӯҳи маорифи маҳаллии минтақавии вилояти Суғд ва таҳкими низоми ҳамоҳангии шарикони рушд (LEG/DCC).   Дар идомаи ҷаласа ба роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҳамкориҳои босамар ва саҳмашон дар рушди маорифи кишвар "Сипоснома"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.   Дар охири ҷаласа натиҷаҳои муҳокимаронӣ ҷамъбаст гардида, барои идомаи раванди ислоҳот дар низоми таҳсилот ва ҷалби сармояи байналмилалӣ тавсияҳои мушаххас таҳия шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    57

    14.06.2025