06.03.2025
6-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм аз ҳамкории судманди тарафҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам дар сатҳи беҳтар идома додани ҳамкорӣ, тавсеа бахшидани фаъолият дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда пешниҳодҳо ироа намуд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки рушди захираҳои инсонӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Дар ин замина, имрӯз ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” дар назди Вазорати маориф ва илм татбиқ гашта истодааст.
Дар навбати худ, Ко Сакамото омодагии роҳбарияти бонки мазкурро баҳри густариши равобит бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни соҳа иброз намуда, қайд кард, ки дар раванди баррасии портфели БОР барои солҳои 2026-2030 ба масъалаи такмили омӯзиши фанҳои дақиқ бештар диққат зоҳир мегардад.
Гуфта шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ҳамкории судмандро ба роҳ монда, то кунун дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидааст. Ҳамзамон, рушди сармояи инсонӣ, беҳтар намудани шароити таҳсилот, муҷаҳҳазнамоии синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо лавозимоти зарурӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар дар меҳвари ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо қарор дорад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои сохтмони биноҳои иловагӣ, озмоишгоҳҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва математика ва рушди сармояи инсонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
63
07.03.2025 -
52
06.03.2025 -
31
06.03.2025