07.03.2025

Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон!

 

Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад.

 

Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад.

 

Зан – модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро худ ба дунё овардааст.

 

Тамоми модарону бонувони арҷманд, хоҳарону духтарони азизи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар самимона ва сидқан табрик мегӯям.

 

Ба хонадони ҳар яки шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

 

Ҳамчунин, иброз медорам, ки бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашн нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону бонувони азиз мебошад.

 

Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор ганҷина аст.

 

Ба ин маънӣ, модарону бонувон хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат, хушахлоқу боадаб, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо ва сариштаи рӯзгор сарф месозанд.

 

Орзуи ҳар зан дар зиндагӣ ҳамин аст, ки фарзанд ба дунё овардану модар шудан насибаш гардад.

 

Яъне модар мавҷудест, ки офаранда аст, фарзанд меофарад, барои тифли навзоди худ, ки ҳанӯз як мавҷуди нотавон аст, 18 – 19 сол заҳмат кашида, ӯро ба як инсони неруманду тавоно табдил медиҳад ва то зинда аст, ҳозир аст, ки ҳастии хешро фидои фарзандаш созад.

 

Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки модарро «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» меноманд.

 

Яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн гуфтааст, ки танҳо муҳаббати модар ба фарзандаш муҳаббати ҳақиқӣ ва беғараз мебошад.

 

Ҳамин аст, ки бузургони гузашта ҷойгоҳи маънавии биҳиштро дар зери қадамҳои модарон донистаанд, яъне эҳтироми модар ва хизмат ба ӯ роҳ ба сӯи хушбахтӣ ва биҳишт аст.

 

Аз Расули акрам ҳадис аст, ки ҷавоне назди ӯ меояд ва иброз медорад, ки гуноҳе кардааст ва чӣ бояд кунад, ки гуноҳаш бахшида шавад.

 

Паёмбар ба ӯ мегӯяд: Модар дорӣ? Мегӯяд, на! Хоҳар дорӣ? Мегӯяд, надорам.

 

Мегӯяд: Пас, бирав назди зани ҳамсоя, агар ӯ туро бубахшад, пас Худованд низ хоҳад бахшид.

 

Тавре аз ин ҳадиси Расули Худо мебинем, қадру манзалати зан – модар дар дини мубини исломҷойгоҳи басо баланду муътабар дорад.

 

Чунки тамоми нобиғаҳову бузургони илму ирфон, сиёсатмадорону арбобони давлатӣ ва шахсиятҳои барҷастаи таърихи башар, аз ҷумла Пайғамбари ислом – Ҳазрати Муҳаммад ва пайравони ӯро модар ба дунё овардаву ба камол расонидааст.

 

Нақши зан – модари тоҷик дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд мебошад.

 

Ман нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ менамоям.

 

Зеро онҳо аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳоидавлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд.

 

Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд.

 

Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад.

 

Зан – модар ин саҳмро бевосита худаш дар замони зиндагӣ ва кору фаъолияташ ва баъдан ба воситаи фарзандонаш, ки онҳоро ҳамчун насли босаводу донишманд ва соҳиби касбу ҳунар ба камол расонидааст, мегузорад.

 

Бо дарназардошти нақши офарандаву созандаи занону модарон ва бонувону духтарони гиромӣ давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳоро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намуд.

 

Ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳо дар мулоқоту вохӯриҳо, паёмҳо ва дигар суханрониҳои Роҳбари давлат ҳамеша таъкид карда мешаванд.

 

Фаъолияти пурсамари занону бонувон ба ҳайси аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумати мамлакат, хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ равшан гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии занон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо самараҳои нек ба бор оварда истодааст.

 

Чанд рӯз пеш дар кишвар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, яъне мақоми олии қонунгузори мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардид.

 

Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ модарону занон ва бонувону духтарони азиз фаъолона иштирок карданд, ки ба ҳамаи онҳосипосу миннатдорӣ баён менамоям.

 

Қобили зикр аст, ки 18 нафар занону бонувон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад.

 

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти саҳми муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлату ҷомеа, масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.

 

Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷибашон шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё менамоем.

 

Аз ҷумла тибқи вазифаҳои дар паёмҳои Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар чор соли охир чор санади муҳим қабул карда шуд, ки ҳоло амалӣ гардида истодааст.

 

Ҳадафи асосии санадҳои зикршуда фароҳам овардани шароиту имкониятҳои зарурӣ барои истифодаи пурраи қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, мусоидат ба пойдории оила ва ба ин васила таъмин намудани рушди устувори ҷомеа мебошад.

 

Ҳукумати мамлакат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, яъне аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

 

Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занони тоҷик дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису энергетик ва варзишгар буданашон, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва хизматчии ҳарбиву корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шинохта шудаанд.

 

Танҳо дар солҳои 2020 – 2024 дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат 121 нафар бонувону занони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд.

 

Бо вуҷуди ин, ба Агентии хизмати давлатии назди Президент, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориш дода мешавад, ки ҷиҳатибоз ҳам бештар бавазифаҳои роҳбарикунанда омода ва пешбарӣкардани бонувону духтарони боистеъдоду соҳибкасб чораҷӯйӣ намоянд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Дар паёми навбатии худ изҳор намудам, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик, яъне ин неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Занону духтарон нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва дар ҳақиқат қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта дар мамлакат мебошанд.

 

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.

 

Солҳое, ки ман дар мактаби миёна мехондам, ҳамагӣ 3 – 4 бонуи омӯзгор дар мактаби мо кор мекард.

 

Ё баъдтар дар хоҷагӣ кор кардам, вазъият аз ин ҳам бадтар буд.

 

Дар ҳамон давра занони маълумоти олидор дар баъзе минтақаҳо умуман набуданд ё ангуштшумор, яъне бениҳоят кам буданд.

 

Ҳоло дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беш аз 80 фоизи омӯзгорон бонувон мебошанд.

 

Хатмкунандагони мактабҳое, ки аксари омӯзгорон дар онҳо бонувон мебошанд, қариб 100 фоиз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он дохил мешаванд.

 

Имрӯз ҳазорон нафар занону бонувони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

 

Шумораи умумии кормандони низоми бонкии кишвар ҳоло 21 ҳазор нафар мебошад, ки 8,5 ҳазор нафар ё 41 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

 

Аз 362 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ 110 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 18 ҳазор нафар зиёд мебошад.

 

Аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

 

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз василаҳои баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.

 

Тайи даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

 

Илова бар ин, дар ин давра барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудаанд.

 

Ҷиҳати ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву ҳунармандии занону бонувон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ супориш медиҳам, ки аз соли 2025, ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда, ба 15 миллион сомонӣ расонида шавад.

 

Таҳлили лоиҳаҳои аз ҷониби занону бонувони тоҷик амалигардида нишон медиҳад, ки онҳо дар самти таъсиси коргоҳҳои хурд, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ малакаи баланд ва таҷрибаи зиёд доранд.

 

Ҳамчунин, ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст.

 

Яъне имрӯз соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолият надошта бошанд.

 

Онҳо вазнинтарин корҳоро ба дӯш мегиранд ва ҳатто дар бунёди иншооти тақдирсози аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

 

Дар робита ба ин, суханҳои яке аз сиёсатмадорони таъсиргузори дунё Маҳатма Ганди ба хотир мерасанд, ки гуфтааст: «Ҷойгоҳи зан танҳо дар хона нест.

 

Вай метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад».

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ва ҷалби ҳарчи бештари бонувону духтарон ба ин самтҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

 

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар даҳҳо ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 

Такроран иброз медорам, ки имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди мо таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

 

Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

 

Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989, яъне дар 70 соли низоми гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.

 

Яъне шумораи духтарону бонувони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст.

 

Ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.

 

Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ба афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.

 

Аз оғози таъсиси квотаи президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имконият хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтарону бонувон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.

 

Тавре шумо медонед, мо ҳар сол дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ барои соҳиб шудан ба стипендияи Президенти мамлакат озмун доир мекунем, ки духтарон барандаи қисми зиёди он мешаванд.

 

Масалан, натиҷаи озмун барои соли таҳсили 2024 – 2025 нишон дод, ки аз 3000 нафаре, ки барандаи стипендияи президентӣ шуданд, 1860 нафар ё 62 фоизро духтароне, ки танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил мекунанд, ташкил додаанд.

 

Илова бар ин, барои дастгирӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯдухтарон стипендияи президентӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, дигар мақомоти марказӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.

 

Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад.

 

Дар Академияи миллии илмҳо 743 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобаста, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 104 нафар доктор аз рӯйи ихтисос ва 294 нафар магистр мебошанд.

 

Дар панҷ соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, аз ҷумла 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.

 

Имрӯз занону бонувон – кормандони Академияи миллии илмҳо дар соҳаҳои физикаи ядро, математикаи назариявӣ ва амалӣ, химия, аз ҷумла химияи ядро, биология ва зоология, инчунин, илмҳои гуманитариву ҷомеашиносӣ фаъолияти пурсамар доранд.

 

Иштироки фаъолонаи бонувону духтарон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» қобили таҳсин мебошад.

 

Як нуктаи бисёр муҳимро дар ин самт мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар байни наврасону ҷавонони мо, хусусан, духтарон, ки муносибати ҷиддии модарону бонувони моро дар масъалаи китобхонии фарзандон нишон медиҳад, истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд ба онҳо ғамхорӣ кунем, кумак расонем ва ҳамаҷониба ҳавасманд гардонем.

 

Хотирнишон менамоям, ки бо супориши Роҳбари давлат аз соли ҷорӣ сар карда, маблағи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд карда шуд.

 

Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки солҳои гузашта 12 миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил мекард, дар соли 2025-ум 23 миллиону 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

 

Маблағи ҳавасмандгардонӣ барои соҳибони шоҳҷоизаи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки 50 ҳазор сомониро ташкил медод, ба 100 ҳазор сомонӣ, шоҳҷоизаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз 50 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ ва шоҳҷоизаҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҳар як нафар аз 70 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд.

 

Умедворам, ки дар озмунҳои навбатӣ саҳм ва иштироки бонувону духтарони азизи мо боз ҳам назаррас мегардад ва модарон истеъдодҳои наврасу ҷавон, яъне фарзандони худро дар руҳияи омӯзиши илму дониш ва хештаншиносӣ тарбия карда, барои пешрафти ояндаи илму фарҳанги тоҷик нақши арзишманд мегузоранд.

 

Ёдовар бояд шуд, ки калонсолон, бахусус, падару модарон низ бояд пайваста китоб хонанд, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонанд, донишу ҷаҳонбинии хешро барои тарбияи дурусти фарзандон истифода баранд ва бо ҳамин роҳ дар соҳибмаърифат гардидани фарзандон саҳм гузоранд.

 

Зеро шумо хуб медонед, ки намунаи шахсии падару модар дар ташаккули шахсияти кӯдакону наврасон нақши назаррас дорад.

 

Имрӯз аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар рӯзи ҷашни модарону бонувон ба шумо тақдим гардид.

 

Тақдим кардани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест.

 

Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳову шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё овардаву ба камол расонидааст.

 

Дар адабиёти ғановатманди мо байти машҳуре ҳаст, ки мегӯяд:

 

Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

 

Ҳозирини арҷманд!

 

Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки дохилшавии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сол ба сол афзуда истодааст.

 

Агар соли 2018 ин нишондиҳанда 36 фоизро ташкил дода бошад, соли 2023 ба 47 фоиз расидааст.

 

Ин нишондиҳандаҳо хубанд, вале зарур аст, ки барои боз ҳам бештар ба таҳсилу касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

 

Аз ҷумла Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки лар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба зинаи магистратура ба таври ройгон қабул намудани духтарон чораҷӯйӣ намояд.

 

Илова бар ин, ба духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ ва дипломи «аъло» хатм мекунанд, имконият дода шавад, ки таҳсили худро дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос идома диҳанд.

 

Мо вазифадорем, ки барои соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардидани фарзандонамон ва махсусан духтарон тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии мустақилонаи худ азият накашанд ва муҳтоҷи дигарон нашаванд.

 

Фаромӯш набояд кард, ки дар замони пешрафти инқилобии илму техника ва технологияҳо, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ» танҳо давлатҳое метавонанд рушд кунанд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому нуфузи баланд гарданд, ки миллати босаводу таҳсилкарда, донишманду ҳунарманд дошта, аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ пешрафта бошанд.

 

Яъне мо барои ҳамқадами замонаи пешрафт шуданбояд наслҳои босаводу донишманд, соҳибмаърифату забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъро тарбия карда, ба камол расонем.

 

Дар асри нав, ки замони саводу дониш, илму техника ва технологияҳо мебошад, дигар бо ривоятсозиву афсонабофӣ мардумро фиреб додану пешрафти давлат ва ҷомеаро таъмин кардан имкон надорад.

 

Мо ҳар сол дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин, дар муассисаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоби миёна 130 ҳазор нафар сокинони кишвар, аз ҷумла беш аз 60 ҳазор нафар бонувону духтаронро соҳибкасб менамоем, кидар шароити имрӯза қонеъкунанда нест.

 

Зарур аст, ки дар самти ҷалби боз ҳам бештари сокинон ва махсусан, бонувону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

 

Вобаста ба ин, бори дигар иброз медорам, ки мо барои илму донишомӯзии духтарону бонувон дар оянда низ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем ва фаромӯш намекунем, ки тибқи ҳадиси Пайғамбари ислом «талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст».

 

Танҳо омӯхтани илму дониш ба инсон имконият медиҳад, ки гирифтори хурофоту ҷаҳолат нагардад.

 

Шахсе, ки соҳибмаърифат аст, илму дониш, касбу ҳунар дорад ва забонҳои хориҷиро медонад, ҳаргиз хор намешавад ва ба кадом гӯшаи дунё наравад, ризқу рӯзии худро меёбад.

 

Зеро дониш ва ҳунар сарҳад надорад.

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Масъалаи солимии занону модарон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

 

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала то имрӯз даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла стратегияву барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва нақшаҳои миллӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи солимии занон ва модарону кӯдакон мебошад.

 

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарки аҳаммияти ниҳоди оила дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафти давлат, инчунин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ принсипи ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ташаккули ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила эътибори конститутсионӣ касб намуд ва ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гардид.

 

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон фанни «Маърифати оиладорӣ» ҳамчун дарси асосии таълимӣ ва фанни «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» ба сифати дарси иловагии тарбиявӣ ба барномаҳои таълим ворид карда шуд.

 

Дар раванди амалисозии тадбирҳои зикргардида зарур аст, ки ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи арзишҳои анъанавии оилаи тоҷик ва устувории он, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо, инчунин, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бояд эътибори ҷиддӣ ва доимӣ дода шавад.

 

Масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои занон дар замони муосир як самти муҳимми фаъолияти давлати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.

 

Илова ба тадбирҳои зиёди дар ин самт амалигардида, тавассути қонунгузории оила муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ҷорӣ карда шуд, ки ба ташаккули оилаи солим, пойдориву хушбахтии оилаҳо ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сирояткунанда мусоидат менамояд.

 

Ҳамчунин, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешовандони наздик бастани ақди никоҳ байни хешовандон ва шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуд.

 

Бовар дорам, ки модарону занони арҷманди мо дар самти риояи муқаррароти зикргардидаи қонун пешсаф ва ташаббускор хоҳанд буд.

 

Зеро ба хушбахтии фарзандон ва пойдории оилаҳои ҷавон модарон аз ҳама бештар манфиатдору масъул мебошанд.

 

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар масъалаи пойдории оила, пеш аз ҳама, падару модарон масъулият доранд.

 

Шумо – бонувону хоҳарони гиромӣ, хуб медонед, ки ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандон – ҳам писарону ҳам духтаронро доим хотирнишон менамоям.

 

Фарзанд ба зиндагии мустақилона бояд аз ҳар лиҳоз омода бошад ва қадри заҳмати падару модари худро донад.

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд.

 

Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз занону бонувонро неруи бузурги амалисозандаи ҳадафу нақшаҳои худ дар ҷодаи пешрафту ободии Ватан мешуморад.

 

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки модарону бонувони муҳтарами мо минбаъд низ дар таълиму тарбияи фарзандони хушахлоқу соҳибмаърифат, татбиқи талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» саҳми арзишманди худро мегузоранд.

 

Дар ин раванд, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла дар масъалаи сару либос ва расму ойинҳои барои мардуми мо бегона, саъю талоши боз ҳам бештар ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми бонувону занони гиромии мо мебошанд.

 

Мо бояд аз истиқлолу озодие, ки дорем, ношукрӣ накунем.

 

Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба истиқлолу озодӣ, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои мардумони кишварҳои дунё таҳдиди воқеӣ эҷод карда истодаанд.

 

Давлатҳо аз байн рафта, сокинони баъзе минтақаҳои оламро аз ватани таърихии онҳо берун карда истодаанд.

 

Ин масъала бисёр ҷиддӣ аст ва онро набояд нодида гирифт.

 

Шумо – модарону бонувони азиз ва духтарону хоҳарони меҳрубон, хуб мушоҳида мекунед, ки дар натиҷаи ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани баъзе ҷавонони ноогоҳ чӣ қадар оилаҳо парешон, занону фарзандон овораву саргардон ва падару модарони онҳо дар назди ҷомеа сархам гардидаанд.

 

Онҳо бо амалҳои нангини худ, ҳамчунин, ба шаъну эътибори миллати тоҷик ва давлати тоҷикон иснод оварданд.

 

Шумо метавонед дар амри пешгирӣ кардани чунин раванди номатлуб ва нанговар саҳми арзишманди модаронаи худро гузоред.

 

Либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфтанд, тарк накунед.

 

Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст.

 

Мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем.

 

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин мехонем ва бовар дорем, ки онҳо дар оянда дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

 

Шумо минбаъд низ ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифз кардану ба духтарони худ омӯзонидани тарзи омода кардани таомҳои миллӣ бояд фаъол бошед ва дар ёд дошта бошед, ки қадбонугӣ низ ҳунар аст.

 

Фарзандони азиз – наврасону ҷавонон

 

ва ҷавонмардон!

 

Шумо бояд ба қадри азамату бузургии падару модар, ки офаридгори мо дар ин дунё ва сабаби ҳастии мо мебошанд, бештар расед, онҳоро дӯст дореду эҳтиром кунед, хизматашонро ба ҷо овареду дуои некашонро гиред ва ҳамеша дар орзуи он бошед, ки падару модарон соябони сари мову шумо бошанд.

 

Мардуми мо беҳуда намегӯянд, ки падару модар дорӣ, давлату савлат дорӣ.

 

Дар ин бобат боз як ҳадиси Расули Худоро хотиррасон месозам: «Мард вақте ба зан ва модари худ бо меҳрубонӣ нигоҳ мекунад, Худованд барои ӯ савоби ҳаҷро менависад».

 

Шумо – модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону духтарони азиз, кӯшиш намоед, ки неъмати бебаҳои зиндагии мардуми Тоҷикистон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз карда, наслҳои наврасро дар ҳамин руҳия ба камол расонед.

 

Дар зеҳну шуури фарзандон ҳисси баланди миллӣ ва инсондӯстиро ҷой намоед, дар қалби онҳо шуълаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқату муҳаббатро нисбат ба Ватан – Модар фурӯзон созед, то наврасону ҷавонони имрӯза номбардорони ояндаи ин Ватани маҳбуб ва хоки муқаддаси ниёгони хеш бошанд.

 

Дар фарҳанги чандинҳазорсолаи мо мафҳумҳои «ватан» ва «модар» бо ҳамдигар тавъаманд, ҳамсангу ҳаммаънои якдигаранд ва арзиши баробару баланд доранд.

 

Аз ин рӯ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон маънои тарбия кардани онҳо дар руҳияи эҳтиром ба модарро дорад.

 

Тозаву озода нигоҳ доштани Ватан ва обод намудану эҳтиёт кардани он баробар ба эҳтирому эҳтиёт кардани модар аст.

 

Зеро бузургиву шаҳомат ва меҳрубониву муҳаббати модар нури тобанда ва ахтари равшанибахши ҳаёти инсоният мебошад.

 

Шумо – модарону бонувони азиз, дар хотир дошта бошед, ки мо – ҷавонмардон, яъне фарзандонатон шуморо сидқан дӯст медорем, гиромӣ медорем ва дар ҳаққи шумо ғамхорӣ карданро қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷонӣ ва рисолати ҷавонмардии худ мешуморем.

 

Бо истифода аз фурсат, тамоми ҳамватанони азиз ва пеш аз ҳама, ҷавонону мардон ва фарзандонро даъват менамоям, ки модарони худро баробари ҷонатон дӯст доред, нисбат ба онҳо дар вақти зиндагиашон меҳрубону ғамхор бошед, иззату ҳурматашонро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба ҷо оваред, ҳаргиз озорашон нарасонед, нигоҳи пур аз меҳру шафқат ва дасти кумаку ғамхориро аз онҳо дареғ надоред.

 

Фаромӯш накунед, ки мо агар тамоми умр бамодари худ хизмат кунем, ранҷи бедорхобии якшабаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.

 

Ҳамчунин, дар ёд дошта бошед, ки модар на фақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша ба меҳрубониву ғамхорӣ эҳтиёҷ ва ҳақ дорад, чунки модар барои инсон ҳар рӯз ва ҳамеша модар аст.

 

Мо ҳурмату эҳтироми шири сафеди модар, ранҷу бедорхобиҳо ва навозишу меҳрубониҳои ӯро ҳамеша пос медорем ва заҳматеро, ки барои ба камол расонидани мо кашидааст, ҳаргиз фаромӯш намекунем.

 

Бори дигар кулли модарону бонувон ва духтарониазизи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромироба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат, яъне Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, дар хонадонатон меҳру муҳаббат, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

 

Рӯзи модар муборак бошад, модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азиз!

  • Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ: об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим» Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ: об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, бахшида ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гаштани соли 2025, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил ва баргузор гардид. Дар кори конференсия коршиносон, олимону муҳаққиқон, мутахассисони соҳа, кормандони муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.   Ҷаласаи умумии конференсияро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, иброз намуд, ки дарвоқеъ, тағйирёбии иқлим мушкилоти асосии тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва дар бобати паст кардани шиддати он дар кишвари азизамон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин, консепсияву барномаҳои эътибори ҷаҳонидошта, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” ва санадҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтааст.   Ҳамзамон, бобати пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим якчанд марказҳо ба фаъолият шурўъ намуданд, ки дар он муҳаққиқону олимон барои паст намудани офатҳои табиӣ чораҳои заруриро андешида, корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.   Доир ба ин, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки конференсияи илмию назариявии байналмилалиро таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ: об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим» бо иштироки олимону коршиносон ва мутахассисони соҳа баргузор намояд.   Ҳадаф аз баргузории конференсия мубодилаи афкори олимону коршиносон доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли марбут ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо ва танзими тағйирёбии иқлим буда, андешаҳои мутахассисон оид ба панҷумин  ибтикороти Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар ҳалли масоили глобалии об ва ҳифзи пирях дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасии илмӣ қарор мегиранд, зеро паёмадҳои дигаргунии иқлим дар сайёраи Замин иқлимшиносон ва ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки роҳҳои пешгирӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани обшавии пиряхҳоро бо истифода аз роҳу воситаҳои нав ҷорӣ намоянд.   Дар ҷаласаи пленарӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Сўҳроб, мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълими МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Турдиев Турди Мулложонович, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон, муовини раиси Шурои омўзиши қувваҳои истеҳсолии Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, роҳбари шуъбаи муаммоҳои истифодаи табиат ва экология, академики Академияи экологии Русия,  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Шевчук Анатолий Василевич, мудири кафедраи истифодабарии табиат ва ҳифзи муҳити зисти Институти хизмати давлатӣ ва идоракунии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор  Краснощеков Валентин Николаевич, академик, доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи илмӣ- тадқиқотии  Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хочагии кишлоқи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон Каримов Бахтиёр Курамбоевич тариқи маҷозӣ маърӯзаҳо намуда, андешаҳои хешро иброз доштанд.   Қайд гардид, ки солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башар ба он афзун мегардад. Сабаби тағйирёбии иқлим, баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо, сел, зилзила, тармафароӣ, обшавии пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин хотир, диққати ҷомеаи ҷаҳон, барои пешгирии он зиёд гардида, аз ҷониби онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.   Дар кори конференсия иштирокчиён роҷеъ ба мавзуъҳои меҳварӣ:  ҳадафҳои устуворона дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пиряхҳо, муаммоҳои истифодаи захираҳои об ва роҳҳои ҳалли онҳо, масъалаҳои беҳтар намудани муҳити зисти ҳавзаҳои дарёҳо, ҳифзи некӯаҳволии экологии экосистемаҳои обӣ, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ибтикороти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо  давлатҳои ҷаҳон оид ба  ҳифзи пиряхҳо, таъсири омилҳои экологӣ ба захираҳои обӣ, рушди сиёсати кишварҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пирях, об ва танзими тағйирёбии иқлим, масъалаи танзими об ҳамчун ҷузъи амнияти экологӣ, оқибатҳои иқтисодии тағйирёбии иқлим, заминаи коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, комёбиҳои илм дар соҳаи об барои таъмини амнияти озуқаворӣ, усулҳои безараркунонии оби нўшокӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   Дар анҷоми маърўзаҳои илмӣ байни иштирокчиён ва меҳмонон, роҷеъ ба муаммоҳои глобалии экологӣ музокироти судманди илмӣ ҷараён гирифт.   Дар ҷамъбаст иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ барои  маърӯзаҳои пурмӯҳтаво бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои рамзии донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.   Бояд зикр кард, ки кори конференсия тибқи барнома дар бахшҳо идома ёфта, дар он олимону мутахассисони соҳа ва омўзгорон маърўзаҳои илмӣ намуданд.   Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ: об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим»дар донишгоҳ дар рўҳияи баланди ташкилию омодагӣ, хубу хотирмон, бо истифодаи самараноки имкониятҳои техникии донишгоҳ ва донишгоҳҳои ширкаткунанда дар тамоси мустақим ҷараён гирифт.    Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

    62

    06.03.2025
  •  img
    Таҷлили Рўзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик мулоқот бо рўзноманигорон доир гардид, ки дар он рӯзноманигорон аз расонаҳои ҷумҳуриявиву маҳаллӣ, кормандони шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ ва донишҷўён иштирок намуданд.   Дар оғоз, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд. Ў иброз дошт, воқеан, матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди ҷомеасозӣ хеле муассир ва дар муносибатҳои байналмилалӣ муҳим мебошад. Матбуоти даврӣ ва иттилоот марҳала ба марҳала аҳамияти хосса касб карда, ҳоло яке аз самтҳои ниҳоят афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Дар ин рӯз, ки махсусан ба таърихи матбуоти тоҷик ва саҳми он дар рушди кишвар эҳтиром гузошта мешавад, мо бояд ба саҳми ҳар як журналист, муҳаррир ва корманди матбуот, ки дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва таъмини ҳуқуқи инсон барои гирифтани иттилооти дуруст кӯшиш мекунад, арзи сипос намоем.   Сипас, мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, дотсент Аслам Каримов ба сухан карда, қайд намуд, ки ин рӯз барои ҳар як рӯзноманигор, муҳаррир, хабарнигор ва тамоми аъзои ҷомеаи журналистӣ як рӯзи муҳим аст, ки на танҳо ҷашн гирифтани заҳматҳояшон, балки эҳтиром гузоштан ба нақши муҳими матбуот дар рушди ҷомеа мебошад. Матбуоти тоҷик аз таърих то имрӯз нақши арзанда ва ҳалкунандае дар тарбия ва ҳидоят кардани мардум, инъикоси воқеиятҳо ва рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишвар доштааст. Вақте ки сухан дар бораи матбуоти тоҷик меравад, ёдоварӣ кардан лозим аст, ки мо дар ҷаҳони пуриқтидори иттилоотӣ қарор дорем.   Баъдан роҳбари маркази медиажурналистика, мураббии семинар-тренинги мухталати онлайнӣ ва офлайнӣ оид ба саводи расонаӣ, филолог-журналист, н. и. ф. Илҳоми Ҷамолиён  дар баромадаш оид ба таърихи  нахустин рӯзномаи тоҷикӣ –  “Бухорои шариф», ки 11 марти соли 1912 дар матбааи шаҳраки Когони наздики Бухоро ба табъ расидааст ва ин рўз ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад, сухан кард ва қайд намуд, ки саҳми Мирзо Сироҷ ва устод Садриддин Айнӣ дар нашр ва ба роҳ мондани рӯзномаи мазкур хеле назаррас аст. Касби рўзноманигорӣ кори пурмасъул аст, зеро рўзноманигори касбӣ бояд масъалаҳоро дақиқ, амиқ санҷида, баъд ба расонаҳои ахбори омма маълумоти саҳеҳ диҳад.   Мавсуф қайд намуд, имрўз хушбахтона чанд нафар омўзгорон ва муҳассилини донишгоҳ ба узвияти созмони журналистони вилоят қабул гардиданд ва пешниҳод оид ба таъсис додани иттифоқи аввалияи журналистони вилоят дар донишгоҳ ҳаллу фасл хоҳад гардид.   Дар идома, хабарнигори рўзномаи «Ҷумҳурият” Ҷовиди Аштӣ дар суханрониаш, аз ҷумла қайд намуд: “ Рамзист, ки мардуми мо дар рўзҳои баҳорӣ, ин рўзро ҷашн мегиранд ва ин ҷашн на танҳо барои рўзноманигорон, балки барои тамоми халқи шарафманди тоҷик аст. Журналистикаи тоҷик имрўз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа, дар бедор намудани маърифати мардум саҳми назаррас гузоштааст”.   Мудири бахши илми маҷаллаи  адабию илмии «Паёми Суғд» Аъзами Хуҷаста зикр намуд, ки пайдоиши рӯзнома ҳамчун намуди қадимии васоити ахбори омма таърихи тӯлонӣ дошта, дар кишвари Чин дар асри 8 ба вуҷуд омадааст.  Имрўз дар ҷаҳон, ки муборизаҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд, ба матбуот таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шудааст, зеро  мардум  ҳамеша бо иттилоот, бо расонаҳои ахбори омма сарукор дорад. Аз ҷониби ў шеъри тозаэҷод дар васфи Ваҳдат қироат карда шуд.   Сипас, собиқ сармуҳаррири рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ, котиби масъули Созмони журналистони вилоят, мушовири Раиси вилояти Суғд  Карим Шариф дар баромади худ зикр кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони имрўза бояд забони давлатӣ ва 2 ё 3 забони хориҷиро аз худ намоянд.   Сармуҳаррири рўзномаи “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода иброз намуд, ки дар саргаҳ ва таъсиси рўзномаи мазкур саҳми нависандагон ва рўзноманигорони тоҷик, ба монанди Р.Ҷалил, Ҳ.Содиқ,  А.Шукўҳӣ, Ҳ.Карим, Ғ.Рустам хеле назаррас буда, имрўз рўзноманигорони мо ин рисолати бузургро иҷро намуда истодааст.  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ буда, ҳоло ба нишонаҳои баланд ва муваффақиятҳои беназир ноил гардидааст.   Дар анҷоми маҳфил байни донишҷўён ва рўзноманигорон саволу ҷавоб ва музокироти судманд ҷараён гирифт.   Дар ҷамъбаст иштирокчиёни чорабинӣ бо тӯҳфаҳои рамзии донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.     Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

    47

    06.03.2025
  •  img
    Чорабинии идона таҳти унвони “Модар фаришта аст...” Бахшида ба бузургдошти Рўзи Модар дар ДИС ДДТТ чорабинии идона таҳти унвони “Модар фаришта аст...” баргузор гардид. Дар оғоз директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷалилзода А.А. бонувонро ба ҷашни бузургдошти Рўзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рўзгор, тансиҳатию хотирҷамъӣ, нишоту фараҳмандӣ, файзу баракати умр ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамар комёбиҳои беназирро таманно намуд.    Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалати занону бонувон изҳори назар карда, зикр намуданд, ки нақши занон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ хеле назаррас мебошад.    Воқеан ҳам Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ў аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.    Баъдан аз тарафи донишҷўёну устодон барномаи рангини адабию фарҳангӣ иборат аз суруду рақсҳои дилнишин ва саҳнаҳои адабӣ намоиш дода шуд, ки писанди хотири иштирокчиён гашт. Ба бонувони собиқадори Донишкада дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

    52

    06.03.2025