06.03.2025
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик мулоқот бо рўзноманигорон доир гардид, ки дар он рӯзноманигорон аз расонаҳои ҷумҳуриявиву маҳаллӣ, кормандони шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ ва донишҷўён иштирок намуданд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд. Ў иброз дошт, воқеан, матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди ҷомеасозӣ хеле муассир ва дар муносибатҳои байналмилалӣ муҳим мебошад. Матбуоти даврӣ ва иттилоот марҳала ба марҳала аҳамияти хосса касб карда, ҳоло яке аз самтҳои ниҳоят афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Дар ин рӯз, ки махсусан ба таърихи матбуоти тоҷик ва саҳми он дар рушди кишвар эҳтиром гузошта мешавад, мо бояд ба саҳми ҳар як журналист, муҳаррир ва корманди матбуот, ки дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва таъмини ҳуқуқи инсон барои гирифтани иттилооти дуруст кӯшиш мекунад, арзи сипос намоем.
Сипас, мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, дотсент Аслам Каримов ба сухан карда, қайд намуд, ки ин рӯз барои ҳар як рӯзноманигор, муҳаррир, хабарнигор ва тамоми аъзои ҷомеаи журналистӣ як рӯзи муҳим аст, ки на танҳо ҷашн гирифтани заҳматҳояшон, балки эҳтиром гузоштан ба нақши муҳими матбуот дар рушди ҷомеа мебошад. Матбуоти тоҷик аз таърих то имрӯз нақши арзанда ва ҳалкунандае дар тарбия ва ҳидоят кардани мардум, инъикоси воқеиятҳо ва рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишвар доштааст. Вақте ки сухан дар бораи матбуоти тоҷик меравад, ёдоварӣ кардан лозим аст, ки мо дар ҷаҳони пуриқтидори иттилоотӣ қарор дорем.
Баъдан роҳбари маркази медиажурналистика, мураббии семинар-тренинги мухталати онлайнӣ ва офлайнӣ оид ба саводи расонаӣ, филолог-журналист, н. и. ф. Илҳоми Ҷамолиён дар баромадаш оид ба таърихи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф», ки 11 марти соли 1912 дар матбааи шаҳраки Когони наздики Бухоро ба табъ расидааст ва ин рўз ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад, сухан кард ва қайд намуд, ки саҳми Мирзо Сироҷ ва устод Садриддин Айнӣ дар нашр ва ба роҳ мондани рӯзномаи мазкур хеле назаррас аст. Касби рўзноманигорӣ кори пурмасъул аст, зеро рўзноманигори касбӣ бояд масъалаҳоро дақиқ, амиқ санҷида, баъд ба расонаҳои ахбори омма маълумоти саҳеҳ диҳад.
Мавсуф қайд намуд, имрўз хушбахтона чанд нафар омўзгорон ва муҳассилини донишгоҳ ба узвияти созмони журналистони вилоят қабул гардиданд ва пешниҳод оид ба таъсис додани иттифоқи аввалияи журналистони вилоят дар донишгоҳ ҳаллу фасл хоҳад гардид.
Дар идома, хабарнигори рўзномаи «Ҷумҳурият” Ҷовиди Аштӣ дар суханрониаш, аз ҷумла қайд намуд: “ Рамзист, ки мардуми мо дар рўзҳои баҳорӣ, ин рўзро ҷашн мегиранд ва ин ҷашн на танҳо барои рўзноманигорон, балки барои тамоми халқи шарафманди тоҷик аст. Журналистикаи тоҷик имрўз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа, дар бедор намудани маърифати мардум саҳми назаррас гузоштааст”.
Мудири бахши илми маҷаллаи адабию илмии «Паёми Суғд» Аъзами Хуҷаста зикр намуд, ки пайдоиши рӯзнома ҳамчун намуди қадимии васоити ахбори омма таърихи тӯлонӣ дошта, дар кишвари Чин дар асри 8 ба вуҷуд омадааст. Имрўз дар ҷаҳон, ки муборизаҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд, ба матбуот таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шудааст, зеро мардум ҳамеша бо иттилоот, бо расонаҳои ахбори омма сарукор дорад. Аз ҷониби ў шеъри тозаэҷод дар васфи Ваҳдат қироат карда шуд.
Сипас, собиқ сармуҳаррири рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ, котиби масъули Созмони журналистони вилоят, мушовири Раиси вилояти Суғд Карим Шариф дар баромади худ зикр кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони имрўза бояд забони давлатӣ ва 2 ё 3 забони хориҷиро аз худ намоянд.
Сармуҳаррири рўзномаи “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода иброз намуд, ки дар саргаҳ ва таъсиси рўзномаи мазкур саҳми нависандагон ва рўзноманигорони тоҷик, ба монанди Р.Ҷалил, Ҳ.Содиқ, А.Шукўҳӣ, Ҳ.Карим, Ғ.Рустам хеле назаррас буда, имрўз рўзноманигорони мо ин рисолати бузургро иҷро намуда истодааст. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ буда, ҳоло ба нишонаҳои баланд ва муваффақиятҳои беназир ноил гардидааст.
Дар анҷоми маҳфил байни донишҷўён ва рўзноманигорон саволу ҷавоб ва музокироти судманд ҷараён гирифт.
Дар ҷамъбаст иштирокчиёни чорабинӣ бо тӯҳфаҳои рамзии донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
Хабарҳои дигар
-
80
07.03.2025 -
61
06.03.2025 -
165
06.03.2025