06.03.2025
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ: об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, бахшида ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гаштани соли 2025, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил ва баргузор гардид. Дар кори конференсия коршиносон, олимону муҳаққиқон, мутахассисони соҳа, кормандони муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаи умумии конференсияро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, иброз намуд, ки дарвоқеъ, тағйирёбии иқлим мушкилоти асосии тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва дар бобати паст кардани шиддати он дар кишвари азизамон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин, консепсияву барномаҳои эътибори ҷаҳонидошта, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” ва санадҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, бобати пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим якчанд марказҳо ба фаъолият шурўъ намуданд, ки дар он муҳаққиқону олимон барои паст намудани офатҳои табиӣ чораҳои заруриро андешида, корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.
Доир ба ин, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки конференсияи илмию назариявии байналмилалиро таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ: об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим» бо иштироки олимону коршиносон ва мутахассисони соҳа баргузор намояд.
Ҳадаф аз баргузории конференсия мубодилаи афкори олимону коршиносон доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли марбут ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо ва танзими тағйирёбии иқлим буда, андешаҳои мутахассисон оид ба панҷумин ибтикороти Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар ҳалли масоили глобалии об ва ҳифзи пирях дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасии илмӣ қарор мегиранд, зеро паёмадҳои дигаргунии иқлим дар сайёраи Замин иқлимшиносон ва ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки роҳҳои пешгирӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани обшавии пиряхҳоро бо истифода аз роҳу воситаҳои нав ҷорӣ намоянд.
Дар ҷаласаи пленарӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Сўҳроб, мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълими МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Турдиев Турди Мулложонович, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон, муовини раиси Шурои омўзиши қувваҳои истеҳсолии Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, роҳбари шуъбаи муаммоҳои истифодаи табиат ва экология, академики Академияи экологии Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Шевчук Анатолий Василевич, мудири кафедраи истифодабарии табиат ва ҳифзи муҳити зисти Институти хизмати давлатӣ ва идоракунии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Краснощеков Валентин Николаевич, академик, доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи илмӣ- тадқиқотии Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хочагии кишлоқи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон Каримов Бахтиёр Курамбоевич тариқи маҷозӣ маърӯзаҳо намуда, андешаҳои хешро иброз доштанд.
Қайд гардид, ки солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башар ба он афзун мегардад. Сабаби тағйирёбии иқлим, баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо, сел, зилзила, тармафароӣ, обшавии пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин хотир, диққати ҷомеаи ҷаҳон, барои пешгирии он зиёд гардида, аз ҷониби онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Дар кори конференсия иштирокчиён роҷеъ ба мавзуъҳои меҳварӣ: ҳадафҳои устуворона дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пиряхҳо, муаммоҳои истифодаи захираҳои об ва роҳҳои ҳалли онҳо, масъалаҳои беҳтар намудани муҳити зисти ҳавзаҳои дарёҳо, ҳифзи некӯаҳволии экологии экосистемаҳои обӣ, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ибтикороти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пиряхҳо, таъсири омилҳои экологӣ ба захираҳои обӣ, рушди сиёсати кишварҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пирях, об ва танзими тағйирёбии иқлим, масъалаи танзими об ҳамчун ҷузъи амнияти экологӣ, оқибатҳои иқтисодии тағйирёбии иқлим, заминаи коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, комёбиҳои илм дар соҳаи об барои таъмини амнияти озуқаворӣ, усулҳои безараркунонии оби нўшокӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми маърўзаҳои илмӣ байни иштирокчиён ва меҳмонон, роҷеъ ба муаммоҳои глобалии экологӣ музокироти судманди илмӣ ҷараён гирифт.
Дар ҷамъбаст иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ барои маърӯзаҳои пурмӯҳтаво бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои рамзии донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Бояд зикр кард, ки кори конференсия тибқи барнома дар бахшҳо идома ёфта, дар он олимону мутахассисони соҳа ва омўзгорон маърўзаҳои илмӣ намуданд.
Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ: об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим»дар донишгоҳ дар рўҳияи баланди ташкилию омодагӣ, хубу хотирмон, бо истифодаи самараноки имкониятҳои техникии донишгоҳ ва донишгоҳҳои ширкаткунанда дар тамоси мустақим ҷараён гирифт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа