31.01.2025

31-уми январи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Анқара) Фатҳуддин Алӣ Муҳаммад баргузор гардид.

 

Вазири маориф ва илм сафирро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, минбаъд низ вусъат дода мешавад.

 

Фатҳуддин Алӣ Муҳаммад низ дар навбати худ аз қабули гарму самимӣ изҳори ташаккур намуд ва зикр кард, ки Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ барои ҳамкориҳои судманди тарафайн, махсусан, дар самти маориф ва илм омода аст.

 

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои гуногуни саҳаи маорифи ҳарду кишвар, аз ҷумла ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ, дар асоси созишнома сафарбар намудани донишҷӯёни Ҷумҳурии Федератии Сомалӣ ба Тоҷикистон барои таҳсил дар ихтисосҳои тиб, геология, муҳандисӣ ва неруҳои барқароршаванда ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ СОМАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ СОМАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ СОМАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ Санаи 10-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҳти унвони “Нақши ВАО-и минтақаи Кӯлоб дар таҳкими худшиносии миллӣ” баргузор гардид.   Дар конфронс ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, муовинони ректор, собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.   Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани шодбошӣ ҳайати рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва устодону донишҷӯён-рӯзноманигорони ояндаро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори саодатбору пурнишот таманно намуд.    Боиси нишот ва саодати мардуми тоҷик дониста шуд, ки ҳамчун нишони эҳтиром ва эътибори аҳли матбуот, нақши созандаи рӯзноманигорон ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз соли 1994 инҷониб ҳамасола санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва васоити ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа барҳақ таъкид намудаанд: “Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст.    Дар воқеъ, рӯзноманигорӣ касбест бошараф, пурзаҳмат, ки ғайр аз илму дониш, инчунин, маҳорату истеъдодро талаб менамояд. Рӯзноманигорон аз равшанфикрони созандаи ҷомеа буда, бешубҳа, ҷомеаро ба сӯйи музаффарият ва тараққиёт роҳнамоӣ мекунанд ва ин рисолати таърихиро бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда анҷом медиҳад.   Сипас, Шарофат Худойдодова, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “ВАО-и муосир: таҳдидҳо ва дурнамо”, Алишери Абдулмаҷид, дотсент, мудири кафедраи журналистика дар мавзуи “Рӯзнома-шоҳроҳи тафаккури миллӣ” баромад намуданд. Маърӯзакунандагон иброз доштанд, ки матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, дар марҳилаи нав ҷиҳати иҷрои рисолати созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмию гиромидошти суботи сартосарӣ дар кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.    Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон - Ҳақназар Ғоиб, намояндаи шуъбаи таҳлилию иттилоотии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафаров Бахтиёр, роҳбари намояндагии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” дар минтақаи Кӯлоб Сафарзода Ширинҷон ва хабарнигори рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” Фарҳод Мадаминов доир ба нақши матбуот дар ҳаёти ҷамъиятӣ ибрози андеша намуда, таъкид бар он намуданд, ки воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд.   Дар анҷоми ҳамоиш ба 3 нафар устодон Шаҳодатномаи узви нави Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон супорида шуда, ин гурӯҳе аз омӯзгорону кормандони муассиса ва намояндагони ВАО дар минтақаи Кӯлоб бо Сипосномаҳои ректори Донишгоҳ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

    61

    10.03.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕДЕЛЕЕВ АЗ ФАННИ ХИМИЯ Имрӯз, 7-уми марти соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври интихобии Олимпиадаи байналмилалии Менделеев аз фанни химия баргузор гардид.   Дар Олимпиада 33 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, аз ҷумла хонандагони вилояти Суғд ба гунаи онлайнӣ иштирок варзиданд.   Бояд қайд намуд, ки Олимпиадаи мазкур аз 5 то 13 май дар шаҳри Белу Ҳирозонтии Ҷумҳурии Федеративии Бразилия бо мизбонии Донишгоҳи Федералии Минас-Жейрас баргузор хоҳад гардид.

    32

    07.03.2025
  •  img
    МОДАР САРЧАШМАИ ЗИНДАГИСТ. Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ифтихори Рӯзи модар Модарони азиз!   Бонувон ва хоҳарони арҷманд!   Хеле хушоянду фараҳафзост, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Рӯзи модар бо шукӯҳу тантанаи хос дар нахустрӯзҳои зеботарин фасли сол - баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мешавад. Модар худ ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат ва ҳусну тароват эътироф гардидааст ва ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз меёбад. Зиндагии мо аз ҳастии модарон ва аз шафоатҳои онҳо нуру сафо мегирад, равнақу ривоҷ мепазирад.   Модаронанд, ки моро ба корҳои нек, ба иродатмандию покизагӣ ва ба фардои саодатбор ҳидояту раҳнамоӣ мекунанд ва пайваста бар он талош меварзанд, ки рӯзгори мо пурнишоту хушу хуррам бошад. Модарон олиҳаи зиндагии моянд ва мекӯшанд, ки дар дили мо, пеш аз ҳама, меҳру муҳаббат ба Ватан, ба зодбум ва ба халқу миллатро бипарваранд. Барои ҳаёти осоиштаю файзбори мо дасти дуои модарони меҳрубон ҳамеша болост: Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.   Эҳтироми модар, хидмату арҷгузорӣ ба ӯ ва поси хотири ӯро нигоҳ доштан аз умдатарин фазилатҳои ҳар як фарзанди шоистаю асил аст.   Мо ифтихормандем, ки модари тоҷик обрую шарафи баланд дорад ва ҳамеша баҳри ободонию фаровонӣ, хайру баракат, сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат садо баланд мекунад. Модари тоҷик дар дарозои таърих ҳазорҳо абармардонеро ба дунё овардаю парвардааст, ки дар рушду такомули тамаддуни башарият ҳиссаи сазовору мондагор гузоштаанд. Даврони истиқлол барои модари тоҷик ва кулли бонувони шарафманди ин миллати фархунда имконоти фаровонеро фароҳам овард. Ҳамакнун барои фаъолияти густардаи онҳо ва амалисозии тамоми орзую амалҳои некашон ҳеҷ монеае намондааст. Аз ин ҷост, ки бонувони сарбаланду озодаю фархундаи тоҷик арсаи фаъолияти худро пайваста вусъат мебахшанд ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеаи пешравамон ҳар чи бештар устувор месозанд. Имрӯз модарону бонувони мо дар радифи иҷрои рисолати азалию ифтихории худ - тарбияи фарзанд, ҳамчунин, дар вазифаҳои масъулиятбору муҳимми давлатию ҷамъиятӣ сарбаландона ва бо камоли кордонӣ фаъолият доранд ва баҳри рушду такомулу ободонии Ватани маҳбубамон ҳиссагузорӣ мекунанд.   Мавқеъ, фаъолият ва азму иродаи неки бонувони тоҷик дар аҳди истиқлол дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хеле барҷастаю возеҳ ва бо эътиқоду эҳтироми самимӣ таҷассум ёфтааст. Гузашта аз ин, Пешвои миллат як китоби алоҳидаи худро, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ном дорад, ба ситоишу бузургдошти модарону бонувон бахшидаанд. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф хеле барҷастаю пурбаракат аст.   Онҳо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, аз кӯдакистонҳо то мактабҳои олӣ, пайваста заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар ба комёбиҳои рӯзафзун ноил гаштаанд. Бонувон дар соҳаи маориф неруи меҳварианд, 73 дарсади кормандони ин соҳаро ташкил медиҳанд ва мекӯшанд, ки насли наврас-ояндасозони миллат дар руҳияи садоқат ва муҳаббат ба халқу Ватан парвариш ёбанд, хушодобу нексиришт бошанд. Суханони саршор аз эътиқоду боварии Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) садо доданд, бори дигар ифодагари нақши бузурги занону бонувон дар ҷомеаи кунунии мо гардиданд: «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла, сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расондани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд». Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин суханрони эътимодмандона, пеш аз ҳама, ба бонувоне, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, дахл доранд ва онҳоро ба фаъолияти боз ҳам фарогиртару густардатар ҳидоят мекунанд. Албатта, бонувони соҳа ҳамеша сазовор ба ин эътимоди баланд амал хоҳанд кард.   Модарон ва бонувони арҷманд!   Шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни фархунда-Рӯзи модар, ки барои ҳар як фарди ҷумҳурии маҳбубамон ҷашни писандидаву фараҳбор аст, самимона табрику таҳният мегӯям. Таманнои онро дорам, ки ҳамеша хушбахту саодатманд, тансиҳату сарбаланд ва бархурдор аз рӯзгори файзбору тинҷу осуда бошед.   Ҷашн муборак, модарону бонувони азиз!

    40

    07.03.2025