04.04.2026

 img

Дар толори маҷлисии муассисаи таълимии №53-и ноҳияи Ҷайҳун ҷаласаи ҷамъбастии се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода (ба таври маҷозӣ), сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода, масъулони мақомоти маҳаллӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, роҳбарони марказҳои зертобеъи соҳаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

 

Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа таҳлил гардида, таъкид шуд, ки соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди неруи инсонӣ пайваста амалӣ мешаванд. Қайд гардид, ки дар вилоят 1403 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, зиёда аз 942 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар самти беҳтар намудани шароити таълим сохтмони 242 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 30 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.

 

Ҷаласаи семоҳа бо вазифагузории навбатӣ ва даъвати роҳбарият ба фаъолияти самаранок, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ҷамъбаст гардид.

  • ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СЕМОҲАИ СОҲАИ МАОРИФ БО ТАҲЛИЛИ НАТИҶАҲО ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲОИ НАВБАТӢ img
  • ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СЕМОҲАИ СОҲАИ МАОРИФ БО ТАҲЛИЛИ НАТИҶАҲО ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲОИ НАВБАТӢ img
  • ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СЕМОҲАИ СОҲАИ МАОРИФ БО ТАҲЛИЛИ НАТИҶАҲО ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲОИ НАВБАТӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРРАСӢ ГАРДИД Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва Нақшаи миёнамуҳлати амалисозии он барои солҳои 2025-2027 таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласа баргузор гардид.   Зимни баррасии масъала, Д Раҳматзода, сармутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот, вобаста ба рафти иҷрои бандҳои стратегияи мазкур маълумот пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, такмили низоми арзёбии дохилӣ ва беруна, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири санҷиши дониш, баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа ва тақвияти заминаи меъёриву ҳуқуқӣ дар самти арзёбии сифати таҳсилот аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар самти ҳамоҳангсозии механизмҳои арзёбӣ ва фарогирии якхелаи муассисаҳои таълимӣ ба низоми ягонаи арзёбӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд.   Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати иҷрои бандҳои стратегия, таҳкими назорати дохилӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ноил шудан ба он моро зарур аст ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур сарҷамъона кӯшиш намоем. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифати вазифаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    6

    10.04.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР МИЗИ МУДАВВАР Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Арзиши адабиёти таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.   Дар кори мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои соҳавӣ, олимону коршиносон ва омӯзгорон иштирок намуданд.   Чорабиниро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир вобаста ба пешрафти босуръати техника ва технология низоми маориф ва роҳҳои таълим пайваста такмил меёбанд. Дар ин раванд мукаммалгардонии тамоми самтҳои фаъолияти соҳа, аз ҷумла, такмили равандҳои таҳия, озмоиш, таҳрир ва нашри адабиёти таълимӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.   Зимни баргузории мизи мудаввар ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Каримова доир ба масъалаҳои марбут ба таҳия ва такмили адабиёти таълимӣ-методӣ суханронӣ намуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи илмӣ ва методии китобҳои дарсӣ, мутобиқсозии онҳо ба талаботи стандартҳои муосир ва густариши ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмиро муҳим арзёбӣ намуд.   Дар қисмати баррасии масъалаҳо иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, таҳияи маводи методии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва такмили механизми экспертиза ва тасдиқи адабиёти таълимӣ фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    13

    10.04.2026
  •  img
    ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори миссия ҷаноби Виктор Лутенко баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шароити муосир таъкид намуда, зикр карданд, ки муҳоҷират ба як унсури муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, таҳкими пайванди маориф ва муҳоҷират аҳамияти муҳим касб намудааст.   Зимни мулоқот қайд гардид, ки низоми маорифи кишвар имрӯз ҳамчун манбаи дониш василаи муҳимми таҳкими устувории иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақил баромад мекунад. Дар ин замина, як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба масъалаи дастгирии кӯдакони аз муҳоҷират осебдида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки барои чунин кӯдакон муассисаҳои таълимӣ бояд ҳамчун муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва равонӣ хизмат намоянд. Ҳамзамон, зарурати таҳияи механизмҳои муассири реинтегратсияи кӯдаконе, ки аз хориҷи кишвар, махсусан аз Федератсияи Россия бармегарданд, муҳим арзёбӣ гардид.   Инчунин, рушди малакаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон яке аз самтҳои калидӣ номида шуд. Қайд гардид, ки густариши таҳсилоти касбӣ ва роҳнамоии дурусти касбӣ метавонад ба коҳиш додани хавфҳои муҳоҷирати ғайримунтазам мусоидат намояд.   Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо рушди таълими фосилавиро ҳамчун абзори муҳимми нигоҳ доштани робитаи кӯдакони дар хориҷбуда бо барномаи таълимии миллӣ ва забони модарӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, ворид намудани дониш ва малакаҳои муҳоҷирати бехатар ба барномаҳои таълимӣ муҳим дониста шуд.   Дар рафти мулоқот фаъолияти амалии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси лабораторияҳои IT, дастгирии марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва татбиқи барномаҳои рушди малакаҳои рақамӣ, ҳамчун намунаи ҳамкории самаранок арзёбӣ гардид.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ, тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба манфиати кӯдакон ва ҷавонон равона шудаанд, изҳор намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    9

    10.04.2026