13.03.2025

 img

12-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан бо мушовирони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур оид ба гузаронидани «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» ва гузаронидани «Таҳқиқоти истифодабарандагони муассисаҳои таълимӣ», ки дар 65 муассисаҳои талимии озмоишӣ ва 65 муассисаҳои талимии муқоисавӣ гузаронида мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки таҳқиқоти мазкур барои муайян ва боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълим, бештар намудани неруи зеҳнии хонандагон, беҳтар намудани шароити модии муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ намудани стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои рушди маориф яке аз омилҳои таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

  • ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон 3 ноябри соли 2025 омӯзиши мавзӯии «Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон» баргузор гардид. Дар омӯзиш омӯзгорон, роҳбарони методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони шӯъбаҳои маориф иштирок намуданд. Ҳадафи асосии омӯзиш — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгорон оид ба татбиқи арзёбии ташаккулдиҳанда ва таҳкими саводнокии функсионалии хонандагон буд. Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва коршиносони маҳаллӣ дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ намуданд. Казжанова Айгул, коршиноси калони байналмилалӣ оид ба таҳсилоти умумӣ (Лоиҳаи ИА), Холис Садурдинов коршиноси миллӣ меъёрҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро дар фанҳои гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ тавзеҳ доданд.

    26

    04.11.2025
  •  img
    Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи Дастгирии Буҷет давраи омӯзишҳои тақвияти иқтидорро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳанд Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи дастгирии буҷет силсилаи омӯзишҳои тақвияти иқтидорро бо мақсади рушди таҳсилоти касбии фарогир ва бар асоси салоҳият дар саросари Тоҷикистон оғоз намудааст. Нахустин даври омӯзиш дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида,  дар он омӯзгорон, методистон ва тренерон аз шаҳр ва минтақаҳои ҳамсоя ширкат варзиданд. Давраи омӯзишҳо ҳамин ҳафта дар шаҳри Бохтар идома ёфта, имкониятҳои навро барои такмили малакаҳои касбӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълимии мутобиқ ба ниёзҳои бозори меҳнат фароҳам меорад.  

    93

    31.10.2025
  •  img
    РОҲАНДОЗӢ НАМУДАНИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯВӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН (ДУХТАРОН) ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲАДАФӢ Аз 24 то 28 октябри соли ҷорӣ гурӯҳи кории лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)» бо мақсади густариши ҳамкорӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани Барномаи стипендиявӣ барои хонандагон (духтарон) ва донишҷӯдухтарони муассисаҳои таълимии ҳадафӣ, аз як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд.   Дар доираи сафар кормандони лоиҳа аз муассисаҳои таълимии №2 шаҳри Хоруғ, №3 ноҳияи Муминобод, №8 шаҳри Кӯлоб, №4 ва №67 ноҳияи Данғара, №5 шаҳри Норак, №19 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва №16 ноҳияи Восеъ боздид намуда, бо омӯзгорон, волидон ва хонандагон вохӯриҳои судманд баргузор карданд.   Зимни ин сафарҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ташкили комиссияҳои интихоби гирандагони стипендия, рафти ба роҳ мондани мониторинги барномаи стипендиявӣ, инчунин дигар фаъолиятҳои ба нақша гирифташуда амалӣ гардиданд.   Ҳадафи асосии пешниҳоди стипендияҳо ба хонандагон (духтарон) дар доираи лоиҳа - пешгирӣ аз тарки таҳсил, боло бурдани ҳавасмандии онҳо ба омӯзиш ва ҷалби бештари онҳо ба фанҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад.    Ин иқдом ба таҳкими донишу малакаҳои хонандагон дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва афзудани иштироки духтарон дар равандҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад.   Амалӣ шудани чунин барномаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна имконият медиҳад, ки муҳити таълимӣ дар кишвар муосиртар гардад, хонандагон ба таҳсилоти босифат бештар дастрасӣ пайдо кунанд ва саҳми духтарон дар рушди илм ва технология зиёдтар шавад.

    66

    28.10.2025