Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика
Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика
Созишномаи грантӣ: Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2023 №664 Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд (БОР) оид ба лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» ба имзо расидааст.
Фаъолшавии лоиҳа: дар низоми идоракунии Бонки Осиёии Рушд аз 7 феврали 2024 фаъол карда шудааст
Оғози лоиҳа: 30 майи соли 2024
Анҷоми лоиҳа: 30 июни соли 2030
Директори лоиҳа: Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Менеҷери лоиҳа: Бобохон Абдулмаҷид Ғайрат
1. Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа
Ҳадафи лоиҳа ин беҳтарсозии малакаҳои касбӣ, рушди сармояи инсонӣ барои дастгирии гузариши Тоҷикистон ба шуғли пурмаҳсули меҳнатӣ, рақобатнокии захираҳои меҳнатӣ, фаъолсозии равиши малакаҳои касбӣ дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна (SSSE – 2015), модернизатсияи низоми таълим ва дастрасии хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ дар мактабҳо, ҳамгироии таҳсилот оид ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши иштироки духтарон дар омӯзиши илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад.
- Натиҷаи лоиҳа: Лоиҳа мустақиман ба на камтар аз 11500 хонандагони синфҳои 5-11 дар 20 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳадафӣ, 3500 омӯзгорон ва тренерони фанҳои дақиқ, кормандони шуъбаҳои маорифи маҳаллӣ ва роҳбарияти мактабҳо фоида мебахшад.
Сохтмон ва таҷҳизонидани биноҳои иловагӣ: дар доираи лоиҳа сохтмони бинои иловагӣ бо синфхонаҳо ва лабораторияҳои муосир дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар 20 мактаби ҳадафии таҳсилоти миёнаи умумии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Боиси қайд аст, ки давраи сохтмони бинои иловагӣ бо синфхонаҳо ва лабораторияҳои муосир дар 20 мактаби ҳадафии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз нимаи дуюми соли 2025 оғоз гардида, анҷомёбии онҳо дар охири соли 2027 дар назар аст. Ҳамзамон таъмири бинои хобгоҳи духтаронаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба нақша гирифта шудааст.
2. Қисматҳои лоиҳа:
1. Тақвияти муҳити таълимӣ дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика:
• таҳияи маводи таълимӣ-методӣ дар асоси малакаҳои касбӣ, аз ҷумла маводи электронӣ оид ба фанҳои STEM дар синфҳои 5-11 (дар давоми солҳои 2025-2028);
• омӯзиш дар асоси салоҳият ва муносибати босалоҳият ба таълим барои омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ (дар давоми солҳои 2026-2029);
• таъсиси шабакаи омӯзиши электронӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва китобхонаҳои электронӣ барои хонандагон (дар давоми солҳои 2025-2026);
• арзёбии формативӣ ва истифодаи барномаҳо ва технологияҳои лабораторӣ (дар давоми солҳои 2027-2028);
• такмил додани муҳити омӯзиш бо беҳтар кардани низоми муосири идоракунии мактабҳо ва муаррифии фарогирии гендерию ҳамгироии таҳсилот оид ба тағирёбии иқлим (дар давоми солҳои 2025-2028);
• навсозии баҳогузории мактаб дар фанҳои STEM барои муайян кардани салоҳияти хонандагон (дар давоми солҳои 2026-2028).
Тадқиқот оид ба қобилияти хонандагони синфи 9 вобаста татбиқи дониш дар ҳолатҳои воқеӣ дар мобайн (2026) ва охири Лоиҳа (2029) барои арзёбии натиҷаҳои умумии омӯзиш гузаронида мешавад. Шабакаи таълимии электронӣ бо сарчашмаи кушодаи рамзӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДМТ) ба таври техникӣ ҷойгир карда шуда, ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамчун шабакаи функсионалии тавсеаи хизматрасонии таълими омӯзгорон дода мешавад.
2. Баланд бардоштани сифати таълим дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика:
• сохтмони бинои иловагии STEM: лабораторияҳо ва синфхонаҳо (дар давоми солҳои 2025-2027);
• биноҳои ба офатҳои табиӣ тобовар ва бо истифода аз сарчашмаи нерӯи сабз /каммасраф (дар давоми солҳои 2025-2027);
• иншооти аз ҷиҳати гендерӣ ҷудошуда ва дастрасӣ ба оби нушокӣ, санитарӣ ва гигиена (дар давоми солҳои 2025-2027);
• таҷҳизоти муосири лабораторӣ барои фанҳои дақиқ ва барномаҳои муосири ТИК (дар давоми солҳои 2026-2028);
3. Тақвияти низоми идоракунӣ дар мактабҳои ҳадафии таҳсилоти миёнаи умумӣ:
• тақвияти низоми иттилоотии идоракунии маориф (НИИМ) (дар давоми солҳои 2026-2028);
• тарҳрезии низоми иттилоотӣ дар сатҳи мактаб (НИСМ) (дар давоми солҳои 2025-2027);
• таҳияи платформаи таълимии фосилавӣ (ПТФ) (дар давоми солҳои 2025–2026);
• ҷанбаҳои сиёсати “бехатарии ҳамаҷонибаи мактаб” (дар давоми солҳои 2025-2028);
• гузаронидани тадқиқоти индикативӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (дар давоми соли 2029);
4. Тақвият бахшидан ба иқтидори таълимӣ оид ба тағирёбии иқлим ва тобоварӣ ба офатҳои табиӣ
• ворид намудани тағирот дар низоми таҳсилот ва барномаҳои таълимии STEM оид ба масъалаҳои тағирёбии иқлим (дар давоми солҳои 2025-2029);
• барномаҳои омодасозии муаллимони STEM ба тағирёбии иқлим ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ (дар давоми солҳои 2025-2027);
• тақвияти низоми моделсозии «мактаби сабз» (дар давоми солҳои 2025-2029);
• таҳияи консепсияҳо, мавзуъҳо, мавод ва модулҳои таълимӣ оид ба тағирёбии иқлим (дар давоми солҳои 2025-2027);
• устуворӣ ба офатҳои табиӣ мутобиқи сиёсати «низоми бехатарии мактаб» (дар давоми солҳои 2027-2029);
• дастгирии муаллимон ва хонандагони мактабҳо дар фаъолиятҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим (дар давоми солҳои 2025-2029);
Байни Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФМГ) барои мубодилаи саривақтии маълумоти навшуда оид ба офатҳои табиӣ дар ноҳияҳо ва ворид намудани чунин маълумот ба НАСМ ҳамкорӣ барқарор карда мешавад. Навсозии барномаи таълимӣ бо дастгирии дигар шарикони рушд тавассути гурӯҳи машваратӣ таҳти роҳбарии ВМИ ҳамоҳанг карда мешавад. Тадқиқотҳо оид ба фаҳмиши хонандагон ва омӯзгорон дар бораи тағирёбии иқлим гузаронида мешаванд. Баланд бардоштани иқтидор барои роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ, роҳбарияти мактабҳо ва кормандони маъмурӣ оид ба талаботи устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва таҷрибаи пешқадам ҳангоми сохтмон, истифода ва хизматрасонӣ таъмин карда мешавад.
5. Таъмин ва дастрасии духтарон ба омӯзиши илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика:
- таҳия ва татбиқи стратегияи роҳнамои касбии духтарон дар барномаҳои фаннии STEM (дар давоми солҳои 2025-2026);
- таҳияи нақшаи институтсионалӣ барои омода кардани омӯзгорони зан дар ихтисосҳои STEM (дар давоми солҳои 2025-2027);
- навсозии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории Душанбе (дар давоми солҳои 2026-2027);
- таҳия ва гузаронидани курсҳои иловагӣ оид ба ҳуқуқҳои таълимӣ барои хонандагони мактабҳои миёна, бо афзалияти иштироки духтарон (дар давоми солҳои 2026-2028);
- пешниҳоди стипендияҳо ба духтароне, ки аз рӯи STEM таҳсил мекунанд (дар давоми солҳои 2027-2029);
- ташкил ва гузаронидани курсҳои омӯзишии роҳбарӣ барои духтарон аз рӯи ихтисосҳои STEM (дар давоми солҳои 2025-2029);
Барои ҳавасманд кардани духтарони мактабхон аз оилаҳои камбизоат барои идомаи таҳсил дар синфҳои 10 ва 11 ва такмили дониши STEM, стипендияҳо дода мешаванд. Дар доираи ин қисмат, хобгоҳҳои донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории Душанбе таъмир карда мешаванд. Ҳамзамон, пешниҳод намудани стипендия ба донишҷӯдухтарони ба ихтисосҳои STEM дохилшуда (бо афзалияти Кластери 1. Барои таҳкими таҳияи барномаҳо ва омодасозии тренерон бо донишгоҳҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад).